02.05.2026
2 майи соли 2026 дар ноҳияи Кӯшониён вохӯрии судманду муҳимми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Вохӯрии мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 апрели соли 2026 баён гардиданд, доир шуда, ҳадафи он татбиқи босифати сиёсати давлатӣ дар маҳал ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар оғози вохӯрӣ зикр гардид, ки дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар семоҳаи якуми соли 2026 мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, барои ҳамаи сохторҳо вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд. Таъкид шуд, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои берунӣ, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардида, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ ба 108,3 фоиз баробар шудааст. Ин нишондиҳандаҳо аз устувории иқтисоди миллӣ ва самаранокии тадбирҳои андешидашуда шаҳодат медиҳанд.
Ҳамзамон, Роҳбари давлат таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла коҳиш додани бақияпулиҳои андоз, суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҷалб намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки масъалаи рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ монда, дар ин замина зарурати афзоиши фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, татбиқи босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муосир хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар идомаи суханронӣ омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун вазифаи калидӣ арзёбӣ гардида, зикр шуд, ки иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар сатҳи кишвар ба 106,7 фоиз расонида шудааст. Бо вуҷуди ин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақша ҳанӯз қонеъкунанда набуда, тақозо мегардад, ки корҳои созандагӣ боз ҳам тақвият дода шаванд.
Ба масъулини ноҳияи Кӯшониён супориш дода шуд, ки то 15 май барномаи мукаммали омодагӣ ба ҷашни мазкурро таҳия ва тасдиқ намуда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани он тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ, ки барои ноҳияи Кӯшониён аҳамияти калидӣ дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки ноҳия ҳамчун яке аз калонтарин минтақаҳои кишоварзӣ бояд бо истифодаи самараноки замин, афзоиши майдони кишти зироатҳо ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми назаррас гузорад.
Дар баробари ин, масъалаи рақамикунонӣ ва густариши пардохтҳои ғайринақдӣ низ матраҳ гардида, зикр шуд, ки нишондиҳандаҳои мавҷуда қонеъкунанда бошанд ҳам, талаботи замон тақозо мекунад, ки гузариш ба низоми пурраи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таъмин карда шавад.
Дар қисмати марбут ба соҳаи маориф иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Кӯшониён 60 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 64,9 ҳазор хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда масъулияти кормандони соҳа ва мақомоти маҳаллиро дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия боз ҳам бештар мегардонад.
Дар анҷоми вохӯрӣ вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва омодагии шоиста ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар ва сокини кишвар ба шумор меравад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон