ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Ҳамватанони арҷманд! Волидайни муҳтарам! Кӯдакону дӯстрӯякони азиз! Имрӯз дар кишвари маҳбуби мо чун дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо самимона табрик гуфта, ба ҳар як кӯдаки хушбахту толеъбаланди кишвар саломатии комил, иқболи нек ва соҳиби донишу маърифати баланд гардиданро орзу менамоям. Кӯдакон сарвати гаронбаҳо ва ояндаи дурахшони миллат маҳсуб ёфта, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, барои рушду инкишоф, таълим ва камолоти шоистаи онҳо заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро муҳайё намудааст. Таҳти таваҷҷуҳи бевосита ва ғамхории падаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар барномаҳои ҳадафманд дар бахшҳои ҳифзи ҳуқуқ, солимӣ, тавонбахшӣ, таҳсилоти босифат ва рушди зеҳнию маънавии кӯдакон бомувафаққият амалӣ гардида истодаанд. Набояд фаромӯш созем, ки тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва илмомӯзӣ заминаи асосии рушди ҷомеаи солиму пешрафта ба шумор меравад. Бо ифтихор аз насли соҳибмаърифат ва ояндасози кишвар бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфта, ба кулли кӯдакони мо овони ширини кӯдакӣ, рӯзгори пурнишот ва фардои дурахшонро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллии Тоҷикистони азизамон орзу менамоям. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак, ҳамдиёрони азиз!36
01.06.2026
-
ШИНОСОӢ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 30 майи соли 2026 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷараёни баргузории озмуни Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дидан намуда, бо шароити ташкил ва раванди гузаронидани озмун аз наздик шинос гардид. Зимни шиносоӣ вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббусҳои муҳимми иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои фароҳам овардани имкониятҳои баробари таҳсил ба ҷавонони лаёқатманд аз минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистони мамлакат нақши муассир дорад. Қайд гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола шумораи зиёди ҷавонон тавассути ин имтиёз ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар роҳ ёфта, ҳамчун мутахассисони соҳибкасб барои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳм мегузоранд. Вазири маориф ва илм бо иштирокчиёни озмун суҳбат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи дониш, азхуд намудани технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида ҳидоят намуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дастгирии ҷавонони боистеъдод яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва маориф ба ҳисоб меравад. Дар идома вазир бо фаъолияти комиссияҳои имтиҳонӣ ва шароити ташкили озмун шинос шуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати таъмини шаффофият, риояи меъёрҳои муқарраргардида, пешгирии ҳама гуна омилҳои субъективӣ ва баргузор намудани озмуни мазкур дар сатҳи баланд дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид карда шуд, ки шаффофият, адолат ва баробарии имкониятҳо бояд принсипҳои асосии баргузории озмуни Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, то ҳар як довталаби арзанда тавонад аз рӯйи дониш ва қобилияти худ ба таҳсил фаро гирифта шавад. Ҳамзамон, вазири маориф ва илм бо падару модарони довталабон мулоқот намуда, барои саҳмашон дар тарбия ва ба камол расонидани фарзандон изҳори миннатдорӣ кард. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки тарбияи ҷавонони худогоҳ, ватандӯст ва донишманд пеш аз ҳама аз оила ва масъулияти падару модар вобаста мебошад. Вазир ба волидон тавсия дод, ки ба донишандӯзӣ, рушди қобилият ва интихоби дурусти касби фарзандонашон диққати бештар диҳанд. Таъкид шуд, ки танҳо ҷавонони соҳибилм ва соҳиби тахассус метавонанд дар пешрафти ҷомеа саҳм гузошта, барои ободиву шукуфоии Ватан хизмат намоянд. Бояд зикр намуд, ки озмуни Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо мақсади дастгирии ҷавонони лаёқатманд аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат баргузор гардида, барои таҳкими дастрасӣ ба таҳсилоти олӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибтахассус заминаи мусоид фароҳам меорад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон39
30.05.2026
-
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ВА ЭҲЁИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ: АҲАММИЯТИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТӢ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО Дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки аз ҳудуди замону макон фаротар рафта, ба рамзи ҳувият, худшиносӣ ва ифтихори миллии он миллат табдил меёбанд. Агар барои юнониён Арасту, барои олмониён Гёте, барои англисҳо Шекспир ва барои русҳо Ломоносов аз ҷумлаи чунин чеҳраҳо бошанд, барои тоҷикон яке аз барҷастатарин чунин шахсиятҳо бидуни шак Абуалӣ ибни Сино мебошад. Ӯ на танҳо як донишманди бузурги асри миёна, балки яке аз сутунҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, намояндаи дурахшони фарҳанги тоҷик ва рамзи ҷовидонаи неруи зеҳнии миллати тоҷик аст. Дар шароите ки ҷаҳон ба сӯйи иқтисодиёти донишбунёд ва рақобати зеҳнӣ ҳаракат мекунад, бозгашт ба мероси шахсиятҳое чун Ибни Сино на танҳо як иқдоми фарҳангӣ, балки то як андоза, як зарурати стратегии миллӣ маҳсуб меёбад. Маҳз аз ҳамин дидгоҳ, метавон ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб арзёбӣ кард ва ин иқдом як паёми сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ ба ҷомеа мебошад, ки давлат мехоҳад рушди ояндаи худро бар пояи илм, маърифат, навоварӣ ва эҳёи анъанаҳои бузурги фикрии миллат бунёд намояд. Барои дарки аҳаммияти ин ташаббус, пеш аз ҳама, бояд ба шахсияти худи Ибни Сино ва ҷойгоҳи ӯ дар таърихи фарҳанги тоҷик назар афканд. Абуалӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи назди Бухоро, ки он замон қисми қаламрави давлати Сомониён буд, ба дунё омадааст. Давлати Сомониён нахустин давлати бузурги тоҷикон баъд аз истилои араб ба шумор меравад ва маҳз дар ҳамин муҳити сиёсиву фарҳангӣ эҳёи забон, адабиёт ва тафаккури миллӣ сурат гирифт. Дар ҳамин фазо чеҳраҳое чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Закариёи Розӣ ва Ибни Сино парвариш ёфтанд. Дар бисёр сарчашмаҳои илмии ҷаҳонӣ ва ҳатто дар «Энсиклопедияи Бузурги Советӣ» (“Большая Советская Энциклопедия”), ки зери сармуҳарририи Б.А. Введенский аз ҷониби 25 нафар олимону пажуҳишгарони шуравӣ таҳия шуда, солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар 51 ҷилд маротибаи дуюм ба табъ расидааст, Ибни Сино ҳамчун донишманди барҷастаи Шарқ ва намояндаи муҳити фарҳангии Осиёи Марказӣ муаррифӣ мешавад. Қисмати «Ибн-Сина» дар ҷилди 17-уми ин энсиклопедия ӯро яке аз бузургтарин мутафаккирони асрҳои миёна арзёбӣ намуда, тоҷик будани ӯву падару модараш махсус таъкид мешавад ва саҳми ӯро дар рушди фалсафа, тиб, мантиқ, математика ва илмҳои табиатшиносӣ нишон медиҳад. Таваҷҷуҳ мекунем ба ду иқтибос аз китоби «Энсиклопедияи Бузурги Советӣ» (“Большая Советская Энциклопедия”), ки айнан меорем: 1. “АВИЦЕННА – выдающийся таджиксий философ, учёный и писатель 11 в. См. Ибн-Мина.” 2. “ИБН-СИНА, Абу-Али (латинизированное – Авиценна) (ок.980-1037) – выдающийся таджикский философ, естествоиспытатель, врач, математик, поэт, самостоятельный и оригинальный мыслитель. ... Отец И.С. – Абдаллах, таджик из Балха... Мать И.С. – таджичка Сетард или Ситарбону из с. Афшана...” Иқтибоси якум аз саҳифа 114-уми ҷилди 1-ум, ки соли 1949 нашр шудааст, гирифта шудааст. Иқтибоси дуюм аз ҷилди 17-уми китоб аст, ки соли 1952 ба табъ расидааст, дар саҳифаҳои 257-258 дарҷ шудааст. Худи ҳамин арзёбӣ нишон медиҳад, ки ҳатто илми шуравӣ низ наметавонист ҷойгоҳи фавқулодаи ӯро дар таърихи тамаддуни башар нодида бигирад. Бо вуҷуди ин, дар тӯли солҳои зиёд баъзе доираҳо кӯшиш намудаанд, ки ҳувияти миллии Ибни Синоро таҳриф кунанд ва ӯро ба миллатҳои дигар мансуб донанд. Ҳатто дар мақолаи Садриддин Айнӣ – «Шайхурраис Абуалӣ Сино», ки соли 1939 таълиф гаштааст, вобаста ба ин масъала, изҳори ақида шудааст. Сабаби асосии чунин муносибат дар он аст, ки бузургии шахсияти ӯ аз марзҳои миллӣ гузаштааст ва ҳар миллат мехоҳад худро ба чунин нобиға нисбат диҳад. Аммо воқеиятҳои таърихӣ дар ин масъала хеле равшананд. Аввалан, Ибни Сино дар муҳити фарҳангии тоҷикӣ ба воя расидааст. Ӯ фарзанди сарзамини Сомониён буд. Дуюм, яке аз муҳимтарин осори ӯ – «Донишнома» ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Ин асар нахустин донишномаи бузурги илмӣ ба забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Агар Ибни Сино худро ба ин муҳити забонӣ ва фарҳангӣ мансуб намедонист, ҳаргиз чунин асари муҳимро ба ҳамин забон намеофарид. Сеюм, худи равандҳои фарҳангии замони ӯ низ шаҳодат медиҳанд, ки ӯ маҳсули мактаби фикрии Хуросону Мовароуннаҳр буд. Ин мактаб, ки аз замони Сомониён ташаккул ёфта буд, маҳз бо забон ва фарҳанги тоҷикӣ алоқамандии амиқ дошт. Дар мақолаи худ устод Айнӣ яке аз сабабҳои пешравии илму адабиётро дар он давра бо шарофати ташкили давлати миллӣ, чун сулолаи Сомониён дониста, қайд мекунад, ки «Дар замони Сомониён Мовароуннаҳр ва Хуросон… аз зулми миллии онҳо (арабҳо - Э. С.) ҳам раҳоӣ ёфт… Дар замони Сомониён баробар мустақил шудани ҳокимияти миллии феодалӣ забон ва адабиёти миллӣ-форсӣ, ки дар охирҳо дар Осиёи Миёна номи тоҷикиро гирифт, ташкил ёфт…забони форсии маҳаллӣ ба вуҷуд омад, ки ин забон ҷойи забонҳои суғдӣ ва хоразмии Осиёи Миёнаро…гирифт». Устод Айнӣ хуб медонист, ки барои муаррифии миллат беҳтарин роҳ истифода аз шахсиятҳои маъруф аст. Ӯ бо муаррифии Рӯдакӣ ҳамчун падари адабиёти тоҷик, Фирдавсӣ ҳамчун офарандаи «Шоҳнома» ва Ибни Сино ҳамчун нобиғаи ҷаҳонӣ, миллати тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. С. Айнӣ менависад: «... яке аз он олимони маҳаллӣ, ки дар давраи Сомониён дар Бухоро бо саъй ва кӯшиши худ ба воситаи он китобҳои нодир расида, аҳаммияти ҷаҳонӣ пайдо кардааст, соҳиби тарҷумаи ҳол – Абуалӣ ибни Сино аст». Устод Айнӣ бо далелҳо собит мекунад, ки Абуалӣ ибни Сино дар муҳити тоҷикӣ зода шуда, ба камол расидааст ва тоҷик будани Синоро устод яке аз аввалинҳо шуда дар байни донишмандони шуравӣ зикр мекунад: «Абуалӣ ибни Сино… бо хоҳиши Улоуддавла китоби «Донишнома»-ро ба забони модарии худ – форсӣ-тоҷикӣ таълиф намуд». Исботи ин гуфтаҳоро дар очерки С. Улуғзода «Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ» дидан мумкин аст. Дар ин асар, ба он маъно ишора шудааст, ки муҳимтарини ин «санад»-ҳо ақидаи худи халқ аст: авлод-авлоди аҳолии Лағлақа, Бухоро ва атрофи он деҳаи мазкурро ватани Абуалӣ ибни Сино медонанд, ки бесабаб нест. Бисёр деҳаҳои вилояти Бухоро монанди худи Бухоро дар муддати бештар аз ҳазор сол дар ҷойи худашон истодаанд, бинобар ин, дар ин муддат ватани Ибни Сино, ки дар байни халқ аз ҳар бузургвори дигар бештар шуҳрат дорад, мумкин набуд аз хотири мардум фаромӯш шавад… Дар асарҳои худ, С. Айнӣ кӯшиш кард, ки Синоро ҳамчун фарзанди миллати тоҷик бо забони илмӣ ва бо истифода аз ривоятҳои мардумӣ муаррифӣ кунад. Ӯ на танҳо зодгоҳ ва забони модарии Синоро равшан сохт, балки саҳми ӯро дар илмҳои тиб, фалсафа, риёзиёт ва адабиёт нишон дод. Ҳамин тавр, устод Айнӣ бо далелҳои муътамад исбот намуд, ки Сино аз оилаи тоҷик бархоста, дар муҳити фарҳанги тоҷикию форсӣ тарбия ёфтааст. Дар ҷойи дигари мақола устод Айнӣ менависад: «Аз асарҳои ба шакли китоб ҷилд шудааш танҳо «Донишнома» ва «Рисолаи набз» ба забони модариаш – забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст». Тавре аз мисолҳо дидем, яке аз бурҳонҳои асосии С. Айнӣ ин таъкид буд, ки забони модарии Ибни Сино тоҷикӣ будааст. Ӯ дар рисолаи худ ба такрор зикр мекунад, ки Сино дар муҳите ба воя расидааст, ки дар он забони гуфтугӯӣ ва адабӣ тоҷикӣ буд. Аз ин рӯ, вақте мо имрӯз дар бораи тоҷик будани Ибни Сино сухан мегӯем, ин на эҳсоси миллӣ, балки як воқеияти таърихӣ мебошад. Ҳамон гуна ки ҷаҳон Рӯдакиро падари адабиёти тоҷик мешиносад ва Фирдавсиро яке аз бузургтарин шоирони форсизабон медонад, Ибни Сино низ ба ҳамин муҳити таърихию фарҳангӣ тааллуқ дорад. Аммо аҳаммияти Ибни Сино танҳо дар мансубияти миллии ӯ нест. Бузургии воқеии ӯ дар он аст, ки тавонист фарҳанги тоҷикро ба сатҳи ҷаҳонӣ барорад. Ӯ яке аз аввалин намояндагони миллати тоҷик аст, ки номи худро дар таърихи илмҳои ҷаҳон ҷовидона сабт намудааст. Асари машҳури ӯ «Ал-Қонун фи-т-тиб» қариб шашсад сол дар донишгоҳҳои Аврупо ҳамчун китоби асосии тиб омӯзонда мешуд. Дар бисёр донишгоҳҳои Аврупо то асри XVII донишҷӯён тибро маҳз аз рӯйи осори Ибни Сино меомӯхтанд. Ин воқеият нишон медиҳад, ки вақте дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон илм ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дошт, як донишманди тоҷик аллакай ба сатҳи роҳнамои илмии инсоният расида буд. Аз ҳамин ҷиҳат, номи Ибни Сино имрӯз ба як рамзи тамаддун табдил ёфтааст. Номи ӯ рамзи дониш, ақл, хирад, таҳқиқ, навоварӣ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат мебошад ва маҳз ҳамин арзишҳо имрӯз барои мо аҳаммияти ҳаётӣ доранд. Дар шароити кунунӣ, дар ҷаҳони муосир сарвати асосии давлатҳо на танҳо захираҳои табиӣ, балки сармояи инсонӣ мебошад. Давлатҳое пешрафтаанд, ки шаҳрвандони донишманд, олимони соҳибистеъдод, муҳаққиқони навовар ва ҷавонони эҷодкор доранд. Аз ин рӯ, ҳар иқдоме, ки барои рушди илм ва қадршиносии олимон равона шудааст, дар асл, сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб маҳз аз ҳамин нуқтаи назар аҳаммияти бузург дорад. Ин ҷоиза метавонад ба яке аз муҳимтарин воситаҳои ҳавасмандгардонии олимон табдил ёбад. Солҳои охир Тоҷикистон дар самти рушди илм, омодасозии кадрҳои илмӣ ва густариши фаъолияти таҳқиқотӣ корҳои назаррас анҷом медиҳад. Бо вуҷуди ин, ҷомеаи илмӣ ҳамеша ба намунаҳои нави ҳавасмандсозӣ ниёз дорад. Ҷоизаҳое, ки номи шахсиятҳои бузурги миллӣ доранд, дар ташаккули муҳити солими рақобати илмӣ нақши муассир мебозанд. Ҳамзамон, таъсиси чунин ҷоиза аҳаммияти бузурги тарбиявӣ низ дорад. Ҷавонон вақте мебинанд, ки давлат олимонро қадр мекунад ва ба номи бузургтарин донишманди тоҷик ҷоизаи махсус таъсис медиҳад, муносибати онҳо нисбат ба илм тағйир меёбад. Дар шуури онҳо тадриҷан фаҳмиш шакл мегирад, ки роҳи муваффақият танҳо аз тариқи дониш ва заҳмати илмӣ мегузарад. Дар асл, яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи имрӯз маҳз тағйири низоми арзишҳост. Агар ҷомеа мехоҳад пешрафт кунад, бояд шахсияти марказии он на сарватманд, балки донишманд бошад. Қаҳрамони ҷомеаи муосир бояд олим, омӯзгор, муҳаққиқ ва ихтироъкор бошад. Таъсиси ҷоизаи ба номи Ибни Сино маҳз ба ҳамин тағйири низоми арзишҳо мусоидат мекунад. Аз ҷониби дигар, ин ташаббус ҷанбаи муҳимми сиёсати ҳувиятсозӣ низ дорад. Дар замони ҷаҳонишавӣ бисёр миллатҳо барои ҳифзи ҳувияти худ мубориза мебаранд. Яке аз роҳҳои муассири ҳифзи ҳувияти миллӣ эҳёи мероси шахсиятҳои бузург мебошад. Тоҷикистон дар даврони истиқлол дар ин самт корҳои назаррас анҷом додааст. Таҷлили ҷашнҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар бузургони миллат ба таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат намуд. Акнун таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб низ идомаи мантиқии ҳамин сиёсат мебошад. Ин иқдом ба ҷомеа хотиррасон мекунад, ки миллати тоҷик танҳо соҳиби таърихи сиёсӣ нест, балки дорои таърихи бузурги илмӣ низ ҳаст. Мо миллате ҳастем, ки дар домани худ нобиғаҳое чун Ибни Сино парвариш кардааст. Аз ин рӯ, рушди илм барои мо идомаи рисолати таърихии миллат мебошад. Дар воқеъ, агар ба мероси Ибни Сино бо чашми амиқтар назар кунем, мебинем, ки ӯ намунаи комили зиёии миллӣ буд. Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон маҳз ба ҳамин гуна шахсиятҳо эҳтиёҷ дорад. Мо ба насли ҷавоне ниёз дорем, ки мисли Ибни Сино донишро ҳадафи зиндагӣ қарор диҳад, андешаи илмиро аз ҳама гуна хурофот болотар гузорад ва рушди кишварро рисолати шаҳрвандии худ шуморад. Аз ҳамин рӯ, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро метавон на танҳо як иқдоми илмӣ, балки як рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ, сиёсӣ ва маънавӣ арзёбӣ кард. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки Тоҷикистон роҳи худро дар оянда бар пояи илм, дониш ва маърифат мебинад. Имрӯз, вақте ки ҷаҳон ба марҳалаи нави инқилоби технологӣ ворид мешавад, миллатҳое муваффақ хоҳанд шуд, ки тавонанд мероси бузурги илмии худро бо талаботи замони нав пайваст намоянд. Барои тоҷикон чунин пули пайванд маҳз Ибни Сино мебошад. Ӯ аз гузаштаи пурифтихори мо сухан мегӯяд, аммо ҳамзамон, моро ба сӯйи ояндаи донишбунёд раҳнамун месозад. Аз ин нигоҳ, ташаббуси Пешвои миллат дар бораи таъсиси ҷоизаи махсус ба номи Абуалӣ ибни Сино на танҳо гиромидошти як шахсияти таърихӣ, балки даъват ба эҳёи фарҳанги илм, арҷгузорӣ ба дониш ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Ва шояд муҳимтарин паёми ин ташаббус ҳамин бошад: миллате, ки Ибни Синоро ба ҷаҳон додааст, ҳақ дорад, ки бояд бори дигар ба яке аз миллатҳои пешсафи илм ва маърифат табдил ёбад. P.S.: Барои дарёфти маълумоти бештар таваҷҷуҳ шавад ба: Большая Советская Энциклопедия. Изд. 2-е. Т. 1. – Москва: Государственное научное издательство «Большая Советская Энциклопедия», 1949. – С. 114, Большая Советская Энциклопедия. Изд. 2-е. Т. 17. – Москва: Государственное научное издательство «Большая Советская Энциклопедия», 1952. – С. 257-258 ва С. Айнӣ. Куллиёт. Ҷилди 11. Китоби 1-ум. – Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963. – 507 с. Эҳсон САФАРЗОДА, номзади илми филология28
30.05.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
20.05.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар -
20.05.2026
Приглашение к участию в торгах
Приглашение к участию в торгах Бештар -
15.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор