01.06.2026

 img

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

 

Ҳамватанони арҷманд!

 

Муҳтарам аҳли маориф!

 

Кӯдакон бузургтарин неъмати зиндагӣ, идомабахши наслҳо ва рамзи ҷовидонии миллатанд. Табассуми кӯдакон муждаи фардои нек, қадамҳои онҳо оғози роҳи ободии Ватан ва ҳар муваффақияти онҳо дастоварди ҷомеа ба шумор меравад. Аз ҳамин ҷост, ки дар тамоми ҷаҳон ғамхорӣ ба кӯдакон ҳамчун яке аз муҳимтарин вазифаҳои давлат ва ҷомеа эътироф гардида, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ба меҳвари сиёсати иҷтимоии кишварҳои пешрафта табдил ёфтааст.

 

Боиси сарфарозист, ки ҳамасола дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон 1 июн дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад ва ин далелу бозгӯи дастгирию ҳимояи кӯдакон ва эҳтирому арҷгузории ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мебошад. Ҳамчунин, таҷлили ин сана як навъ даъват аз аҳли ҷомеа, омӯзгорон, волидайн ва тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ мебошад, ки барои ҳаёти хушбахтона, таълиму тарбия ва таъмини фардои дурахшони насли наврас пайваста ғамхорӣ зоҳир намоянд, зеро кӯдакон ояндаи ободу осудаи ҳар як давлату миллат, сарвати нодиру беназири ҳар як оила ба шумор мераванд ва ифодагари бахту саодати ҷомеа мебошанд. Аз ин ҷост, ки дар саросари олам ба таъмини зиндагии шоистаи кӯдакон, дастгирии ҳаматарафаи онҳо ва ба таҳсили наврасон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Бо ҳадафи ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон Созмони Милали Муттаҳид санади муҳимми байналмилалӣ – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро таҳия ва қабул намудааст. Иҷрои кулли талаботу дастурҳои ин санад аз ҷониби тамоми кишварҳои дунё ҳатмист ва зимни он тақозо мешавад, ки дар ҳамаи олам кӯдакон ба ғамхорию муҳофизат фаро гирифта шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гаштан Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонд уҳдадор шуд, ки ҳамеша баҳри риояву иҷрои талаботи ин санади байналмилалӣ ҷидду ҷаҳд хоҳад кард. Тибқи Конвенсияи мазкур, ҳар фарди аз 18-сола хурд кӯдак ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати хирадмандонаи худ ба ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон ҳамчун ояндасозони миллат эътибори пайваста ва махсус зоҳир менамоянд, вобаст ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чунин зикр намудаанд: «Ин сана ба мо-калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо кӯдаконро бояд самимона дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки онҳо ҷой диҳем. Кӯдакон ояндаи моянд ва ба мо фараҳу шодмонӣ, бахту саодат эҳдо мекунанд».

 

Бояд гуфт, ки бештар аз 41 дарсади аҳолии кишвари моро кӯдакон ташкил медиҳанд ва барои рушду такомули ҳаматарафаи онҳо дар мамлакат тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар ҷумҳуриамон дар заминаи қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст, ки далели эҳтиром ба кӯдакон ва риояи қатъии тамоми ҳуқуқҳои онҳо мебошад.

 

Хушбахтона, соҳаи маорифи мамлакат дар самти кор бо кӯдакон, фароҳамоварии шароити зарурию созгор барои таҳсил ва тарбияи онҳо хеле фаъол аст ва ин масъала дар меҳвари тадбирҳои ҳамешагии Вазорати маориф ва илм қарор дорад. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар садҳо кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, маркази рушди кӯдак ва иншооти варзишию фарҳангӣ бунёд гардидаанд ва бунёдкорию созандагиҳо дар ин самт бомаром идома доранд. Тамоми кӯдакони мо бо таҳсил дар шароити беҳтарин фаро гирифта шудаанд ва ба таълиму тарбияи онҳо мураббиёну омӯзгорони фаъолу соҳибтаҷриба ва ғамхору фидокор машғуланд.

 

Дар диёри арҷманди мо дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» барои дастгирию раҳнамоӣ ва тарбияву омӯзиши кӯдакон ҳар як узви ҷомеа масъулу вазифадор аст, яъне, таъмини ҳаёти шоиставу файзбори насли наврас вазифаи ҳамагонист.

 

Муҳимтар аз ҳама, боиси ифтихори мост, ки имрӯз таҳти сиёсати маорифпарварона ва инсонмеҳваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакону наврасон дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат қарор дошта, барои таълиму тарбия, рушди истеъдод ва ташаккули шахсияти онҳо беҳтарин имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

 

Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тамоми кӯдакон, волидону устодон ва аҳли кишварро самимона табрик мегӯям ва таманнои онро дорам, ки фазои кӯдакони Тоҷикистони азиз ҳамеша софу беғубор бошад, табассум аз лабони кӯдакон ҳаргиз канда нашавад ва онҳо доимо дар заминаи сулҳу ваҳдати кишвар ҳаёти осоиштаву хушбахтона дошта бошанд.

 

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон фархунда бод!

  • ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ТАБАССУМИ КӮДАКОН ОҒОЗ МЕШАВАД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ МУОСИРИ ТЕСТӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ Бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонии соҳаи маориф, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маркази муосири тестӣ мавриди истифода қарор дода шуд.   Дар маросими ифтитоҳи он директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, директори Маркази ТИК-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.   Қайд карда шуд, ки маркази муосири тестӣ дорои 80 адад компютери муосир ва дигар таҷҳизотҳои техникӣ буда, бо интернети баландсуръат таъмин мебошад. Ин марказ барои омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, баргузории санҷишҳо, тестгузаронӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ ва рушди малакаҳои рақамии хонандагон пешбинӣ шудааст. Таъсиси чунин марказ ба баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон, рушди тафаккури техникӣ ва мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи замони муосир мусоидат менамояд. Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои марказ масъулин иброз доштанд, ки истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ пайваста амалӣ карда мешаванд.   Инчунин, таъкид гардид, ки таъсиси чунин марказҳои муосир барои омодагии бештари хонандагон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, рушди малакаҳои рақамӣ ва мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи ҷомеаи иттилоотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

    49

    30.05.2026
  •  img
    БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МТМУ №34-И НОҲИЯИ БАЛҶУВОН Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Балҷувон боздид намуд.   Зимни боздид вазири маориф ва илм аз раванди таълиму тарбия, ҳолати синфхонаҳо, таъминоти моддию техникӣ ва ҷараёни баргузории дарсҳо шиносоӣ пайдо намуда, бо роҳбарият, омӯзгорон ва хонандагон суҳбат анҷом дод.   Дар ҷараёни шиносоӣ мутаассифона маълум гардид, ки ягон қисме аз хонандаҳо дар дарсҳо ҳузур надошта, баъзе аз синфхонаҳо ва муҳити таълимӣ ба талаботи санитарию гигиенӣ пурра ҷавобгӯ нестанд.   Вазири маориф ва илм ба чунин вазъият ишора намуда, таъкид кард, ки таъмин намудани иштироки мунтазами хонандагон дар дарсҳо, риояи қатъии ҷадвали дарсӣ ва фароҳам овардани шароити мувофиқи таълимӣ аз уҳдадориҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти муассиса ва ҳайати омӯзгорон ба ҳисоб меравад.   Қайд гардид, ки беэътиноӣ нисбат ба раванди таълим, бахусус дар синфҳои хатмкунанда, метавонад ба сатҳи донишандӯзии хонандагон таъсири манфӣ расонида, омодагии онҳоро ба имтиҳонҳои давлатӣ ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зери хатар гузорад.   Ҳамзамон, зимни суҳбат бо роҳбарияти муассиса ва омӯзгорон вазир ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани ҳолати санитарию гигиении синфхонаҳо, тақвияти назорат аз болои иштироки хонандагон, баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии хатмкунандагон ба имтиҳонҳои давлатӣ ва дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Дар фарҷоми боздид таъкид гардид, ки роҳбарияти муассиса бояд бо масъулияти баланд барои ислоҳи камбудиҳо, ташкили муҳити солими таълимӣ ва ҷалби фаъоли хонандагон ба дарсҳо тадбирҳои фаврӣ ва муассир андешад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    44

    30.05.2026
  •  img
    ШИНОСОӢ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ аз раванди таълиму тарбия, сатҳи донишандӯзии хонандагон, омодагии онҳо ба имтиҳонҳои давлатии хатм ва дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и ноҳияи Данғара дидан намуд.   Зимни боздид вазири маориф ва илм аз синфхонаҳо, раванди дарсгузаронӣ, ҳуҷраҳои фаннӣ ва шароити таълиму тарбия дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбати судманд анҷом дод.   Дар ҷараёни шиносоӣ вазир аз рафти дарсҳои хонандагони синфҳои 9 ва 11 ошно гардида, ба сатҳи омодагии онҳо ба имтиҳонҳои давлатии хатм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Вазир бо хонандагон суҳбати озод доир намуда, онҳоро ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба имтиҳонҳои давлатӣ, истифодаи самараноки вақт, такмили дониш ва баланд бардоштани малакаҳои амалӣ ҳидоят намуда, ҳамзамон аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф ёдовар шуд.   Қайд гардид, ки маҳз бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар кишвар барои фароҳам овардани шароити муосири таҳсил, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, таъмин бо таҷҳизоти таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии хонандагон имкониятҳои васеъ муҳайё гардидаанд. Вазир таъкид намуд, ки хонандагон бояд аз чунин шароити мусоид самаранок истифода намуда, бо азми қавӣ ва масъулияти баланд ба донишандӯзӣ машғул шаванд, то дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибкасб дар рушди давлат саҳми арзанда гузоранд.   Ҳамзамон, зимни мулоқот масъалаи иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба онҳо ҷиҳати боз ҳам фаъол гардидани иштирок дар чунин чорабиниҳо тавсияҳои мушаххас дода шуд.   Таъкид гардид, ки имрӯз соҳаи маориф таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳа, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд.   Вазир зимни суҳбат бо хонандагон таъкид намуд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида, мутолиаи мунтазами китоб, иштирок дар озмунҳо ва худтакмилдиҳии пайваста метавонад заминаи муваффақияти онҳо дар оянда гардад. Ҳамчунин, ба хонандагон тавсия дода шуд, ки барои интихоби дурусти касб ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омодагии ҷиддӣ бинанд.   Дар идомаи боздид вазири маориф ва илм ба роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони муассисаҳо дастур дод, ки ба баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими назорат аз болои иштироки хонандагон дар дарсҳо, омодасозии хонандагон ба имтиҳонҳои давлатӣ ва озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва татбиқи усулҳои муосири таълим диққати аввалиндараҷа диҳанд.   Таъкид гардид, ки роҳбарону омӯзгорон бояд бо масъулияти баланд ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои таълимӣ, ташкили муҳити солими таълимӣ ва баланд бардоштани завқи донишомӯзиву китобхонӣ дар байни хонандагон тадбирҳои муассир андешанд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    54

    30.05.2026