МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРӢ БА ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ КИШВАР ТАҲТИ УНВОНИ “ХИРАД МОРО БА ДОНИШ РАҲНАМУН АСТ..” Имрӯз, 18 майи соли 2024 дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар оғоз гардид, ки дар он муовини аввали вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва ...
ДАВРИ СЕЮМИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ХИРАД МОРО БА ДОНИШ РАҲНАМУН АСТ...» ОҒОЗ ГАРДИД 17 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино даври сеюми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Хирад моро ба дониш раҳнамун аст...» бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 миёни донишҷӯёни болаёқату соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз гардид. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз 47 муассисаи ...
НАЗОРАТИ ЧОПИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ АЗ ҶОНИБИ ШИРКАТҲОИ НОШИРИИ ВАТАНӢ Имрӯз, 15 майи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбарони ширкатҳои ноширӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ асосан масъалаҳои роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дар чопи китобҳои дарсӣ, беҳтар намудани сифати адабиёти таълимӣ, сари вақт дастраси хонандагон гардонидани маводди таълим ва назорати ...
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Шукуфаҳои пойтахт» доир гардид ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» байни хонандагони соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд. Озмун бо мақсади дарёфт ва ҳавасманд гардонидани кӯдакону наврасони ...
ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ҲАРБӢ – ВАРЗИШИИ “ВАТАНПАРВАР” МУАЙЯН ГАРДИДАНД 14 майи соли 2024 бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии №15018 - баталиёни ҳифзи радиатсионӣ, химиявӣ ва биологии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии муосибқаи ҷумҳуриявии ҳарбӣ -варзишии “Ватанпарвар” миёни хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид. Дар чорабинии ...