ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ВОХӮРӢ БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ БУНЁДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «МАОРИФ АЗ ҲАМА БОЛО» ДАР ШАҲРИ ДОҲА Дар шаҳри Доҳаи Давлати Қатар дар доираи сафари корӣ имрӯз, 5 ноябри соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директори генералии Бунёди байналмилалии «Маориф аз ҳама боло» ҷаноби Муҳаммад Саъд Ал-Кубайсӣ вохӯрӣ анҷом дод. Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили муҳимми ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маорифро баррасӣ намуда, ба аҳаммияти таҳким ва густариши робитаҳои ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди «Маориф аз ҳама боло» таъкид карданд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Бунёди байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки дастгирии Бунёд дар рушди соҳа ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои фароҳамсозии шароити муносиб ва пешрафти таҳсилоти босифат аҳаммияти муҳим дорад. Дар навбати худ, ҷаноби Муҳаммад Саъд Ал-Кубайсӣ изҳор дошт, ки Бунёди байналмилалии «Маориф аз ҳама боло» ҳамеша омодаи густариши ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки Бунёд ҳавасманд аст, то дар рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии иқдомҳои навоваронаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад. Ҷонибҳо дар рафти мулоқот вобаста ба бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимии нав ва муассисаҳое, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, гуфтушунид намуданд. Гуфта шуд, ки бунёди муассисаҳои нав, фароҳам овардани шароити муосир ва муҳити бехатар дар онҳо, мусоидат ба азхудкунии илму дониш барои хонандагон ва боло бурдани сатҳу сифати таълим нақши муҳим дорад. Таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори соҳаи маориф, аз ҷумла, бунёди муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти наву замонавӣ, заминаи устувор барои таъмини баробарии дастрасӣ ба таҳсил мебошад. Дар интиҳо, ҷонибҳо пешниҳод карданд, ки механизмҳои муштарак барои ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди «Маориф аз ҳама боло» таъсис дода шавад, то ин раванд дар татбиқи лоиҳаҳои таълимӣ ва таъмини шароити муносиб барои хонандагон заминаи устувор фароҳам оварад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон12
05.11.2025
-
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ Муҳтарам Дабири кулл, Хонумҳо ва ҷанобон, Дар оғоз ба Давлати Қатар ва Созмони Милали Муттаҳид барои баргузории чорабинии муҳими имрӯза ва пазироии самимӣ арзи сипос менамоям. Мусаллам аст, ки рифоҳи иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад. Вобаста ба ин, мехоҳам қайд намоям, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад. Ин санад, ҳамчун яке аз омилҳои калидии ҳифзу таъмини суботи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар равона гардидааст. Ҳамзамон бо ин, қобили зикр аст, ки то охири соли равон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030 қабул мегардад. Санади мазкур марҳилаи ниҳоии Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 фаро гирифта, аҳдофи он бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд. Дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои зикргардида, кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ тавассути рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвари мо ҳамкории Ҳукумат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим мебозад. Дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охирдар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз чор (4,1) миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳашт барномаи давлатӣ ва се стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодаанд, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад. Мусаллам аст, ки рушди иҷтимоӣ бо пешрафти соҳаи тандурустӣ низ пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад. Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш, Таъмини рушди иҷтимоӣ ба фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисод ва устувории муҳити зист пайвастагии зич дорад. Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламравашро кӯҳсор ташкил медиҳад, аз пайомадҳои тағйирёбии даври гидрологӣ, обхезиву хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ осебпазир мебошад. Дар ин робита мо, ба мақсади таъмини некуаҳволии мардуми худ, дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамоем. Дар баробари ин, кишварҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ, дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини устувории иҷтимоӣ бо мушкилоти зиёд дучор шудаанд. Мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус дар соҳаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем. Ҳозирини гиромӣ, Гузариш ба иқтисоди “сабз” барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад. Тоҷикистон, бо дарназардошти иқтидори бузурги гидроэнергетикии худ, ба масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди соҳаи энергияи “сабз” аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Имрӯз зиёда аз наваду ҳашт (98) фоизи нерӯи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯйи нишондиҳандаи истеҳсоли энергияи “сабз” кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Илова бар ин, мехоҳам қайд намоям, ки мо дар марҳилаи гузариши босуръат ба технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталиф қарор дорем. Истифодаи дуруст ва ҳадафмандонаи онҳо метавонад ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидати ҳамаҷониба намояд. Тавре ки маълум аст, чанде пеш бо ибтикори Тоҷикистон Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милал зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул гардид. Бовар дорам, ки қатъномаи мазкур ҳамчун василаи муассир барои истифодаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо бо мақсадҳои дастрасӣ ба ҳадафҳои рушди устувор хидмат хоҳад кард. Ҳозирини арҷманд, Рушди фарогири иҷтимоӣ амалҳои муштаракро дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ тақозо менамояд. Моро зарур аст, ки бо муттаҳид намудани талошҳо барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон шароити одилонаи рушди иҷтимоиро фароҳам созем. Дар кори Саммити имрӯза, мо бояд якдилона иродаи муштараки худро барои суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуда, ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои калидии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!57
04.11.2025
-
Вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Қатар дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ як зумра масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Зимнан аз мунтазамии мулоқотҳои сатҳи олию баланд ва натиҷаҳои онҳо, ки бозгӯй аз ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд. Барои таҳким ва густариши ҳамкории судманд таъсиси Шӯрои муколамаи стратегӣ ва бештар фаъол шудани дигар абзорҳои дуҷониба зарур дониста шуд. Бо ишора ба имкону захираҳои васеъ барои афзун намудани нишондодҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид гардид, ки ниҳодҳои дахлдори ду кишвар аз ин зарфиятҳо бояд ҳамаҷониба истифода намоянд. Тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ, аз ҷумла фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, ҳам ба манфиати кор арзёбӣ гардид.66
04.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар -
28.10.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор