ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарвар дар ноҳияи Шоҳмансур 3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Нисор Муҳаммадии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ватанпарварро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Зимни шиносоӣ ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба муосирсозии низоми таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шаҳбоз Қодирзода барои 300 кӯдак сохта шудааст. Дар кӯдакистони хусусии Ватанпарвар барои 12 гуруҳ, 50 парастор ба кор бо маоши хуб ҷалб шудааст ва раванди таҳсил дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳаташ зиёда аз 1000 метри мураббаъ мебошад. Тибқи лоиҳа дар ин ҷо барои ҳар як гурӯҳ синфхонаи алоҳидаи таълимӣ бо хобгоҳ, ҳаммом ва ҳуҷраҳои ёрирасон бо шакл ва тарҳи ҷолиб сохта шудааст, ки барои инкишофи зеҳни кӯдакон ва машғул шудани онҳо ба ҳар гуна бозиҳои шавқовар макони дилнишину мувофиқ шудааст. Дар кӯдакистон барои гузаронидани маҳфилу чорабиниҳои гуногун, инчунин ҷалби кӯдакон ба тарзи ҳаёти солим толорҳои варзишӣ ва бозӣ, толори мусиқӣ, рақс ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон амал мекунад, ки ҳамаи он дорои таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ мебошад. Муассиса, ҳамчунин, дорои нуқтаи хизматрасонии тиббӣ ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст мебошад. Дар боғчаи навтаъсис аз рӯи китоби тозанашри “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ машғулиятҳои инкишофи нутқ ба роҳ монда шудааст, ки ин иқдом ба бедор сохтани ҳисси худшиносӣ дар замири кӯдакон таъсир мегузорад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои дастгирӣ ва бунёди кӯдакистонҳои наву замонавӣ намунавӣ ва дар рушди ояндаи соҳа муҳим арзёбӣ намуданд. Масъулон барои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи дурусти кӯдакон дар руҳияи худшиносии миллӣ вазифадор шуданд. Ҳамаи синфхона ва ҳуҷраҳои кории бино дар баробари таъмин шудан бо гармӣ, ҳамзамон бо таҷҳизоту лампаҳои каммасрафи барқӣ таъмин аст ва ин тадбир имкон медиҳад, ки неруи барқ дар фасли зимистон сарфа гардад. Дар доираи корҳои ободонӣ дар атрофи бино ҳамзамон айвону нишастгоҳҳо, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ бо тарҳи муосиру ҷавобгӯи талабот бунёд шудааст. Бо сохта ба истифода додани ин боғчаи нав, шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба 31 адад ва фарогирии кӯдакон ба онҳо ба 6049 нафар расид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кӯдакон, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, аз худ кардани дониш ва ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон ҳидоят намуданд. Дар соли 2025 бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тадбирҳои ободонӣ барои бунёду ба истифода додани муассисаҳои нави таҳсилоти томактабӣ вусъати тоза пайдо намуд. Дар ин давра бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар пойтахт 16 муассисаи нави томактабӣ бо фарогирии 3680 кӯдак сохта ба истифода дода шуд.30
03.12.2025
-
ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РАИСИ ШУРОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ТУРКИЯ 1 декабри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо раиси Шурои таҳсилоти олии Туркия Эрол Озвар баргузор гардид. Зимни мулоқот тарафҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳсилоти олӣ, рушди инфрасохтори таълимӣ, табодули таҷрибаи илмӣ, инчунин густариши равобити академӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири маориф ва илм аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки ҳамкориҳои дуҷониба барои рушди устувори низоми таҳсилоти олӣ аҳаммияти хос доранд. Зикр шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои амалкунанда як қатор лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла ташкили барномаҳои таҳсилоти муштарак (Turkish Scholarship), табодули донишҷӯён дар ҳоли рушд қарор дорад, ки ин иқдомҳо ба таҳкими робитаҳои илмӣ, рушди салоҳиятҳои касбӣ ва боло бурдани сатҳи таҳсил мусоидат менамоянд. Дар навбати худ Эрол Озвар ба зарурати густариши ҳамкорӣ дар самти рушди ихтисосҳои тиббӣ, фаъолсозии лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои технологияи инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ ва рақамисозии таълим таъкид намуд. Ӯ изҳор дошт, ки ҷониби Туркия омода аст, барои афзоиши иқтидори кадрӣ ва рушди ихтисосҳои афзалиятнок барномаҳои навро роҳандозӣ намояд. Ҳамчунин, Эрол Озвар омодагии Шурои таҳсилоти олии Туркияро ҷиҳати дастгирии азнавсозии заминаи техникии донишгоҳҳои техникӣ, ҷудо намудани бурсияҳо барои таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои ҷалби омӯзгорони тоҷик ба курсҳои такмили ихтисос ва барномаҳои омӯзиши касбӣ иброз дошт. Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои минбаъда ва густариши иқдомҳои муштарак дар самти рушди устувори таҳсилоти олӣ таъкид намуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон95
01.12.2025
-
ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ОКСФОРДИ БРИТАНИЯИ КАБИР Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии маҷозии муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода бо намояндагони Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ректор ва муовинони ректорони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок доштанд. Аз ҷониби Британияи Кабир дар вохӯрӣ раиси бахши омӯзиши форсӣ дар Донишгоҳи Оксфорд профессор Эдмунд Ҳерзиг, омӯзгорони забони форсӣ доктор Фарнияз Закер ва хонум Ани Бейт Мовссес, инчунин омӯзгори адабиёти форсӣ Камила Ахмеджанова ҳузур доштанд. Муовини вазири маориф ва илм аз таърихи равобити судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Британияи Кабир дар самти маориф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки рушди робитаҳои дуҷониба бо муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии ҷаҳон, аз ҷумла бо Донишгоҳи Оксфорд, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва табодули дониш аҳамияти хосса дорад. Профессор Эдмунд Ҳерзиг аз омодагии Донишгоҳи Оксфорд ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо сухан ронда, имкониятҳои густариши равобитро дар самти таҳсилоти олии касбӣ, табодули донишҷӯёну устодон ва ҷалби мутахассисон барои барномаҳои омӯзишӣ муҳим арзёбӣ кард. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ташкили ҳамкориҳои дуҷониба миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи Оксфорд, сафарбар намудани мутахассисони Британияи Кабир барои гузаронидани тренингҳо ва семинарҳои омӯзишӣ, омода намудани тренерони касбӣ барои омӯзиши забони англисӣ дар курсҳои такмили ихтисос, таҳияи барномаҳои муштарак оид ба таълими забони англисӣ, баланд бардоштани маҳоратҳои касбии омӯзгорон, табодули таҷриба ва дониш миёни донишҷӯёну устодони ду кишвар ва мусоидат ба иштирок дар симпозиуму конференсияҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон65
27.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
24.11.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор