ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис, нахуст, гузориши вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар бораи Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 шунида шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори мазкур бо мақсади “Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ”, ки яке аз ҳадафҳои калидии Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, таҳия ва пешниҳод гардидааст. Зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ намудани Барнома ба даст овардани натиҷаҳои зерин дар назар аст, аз қабили 2680 МВт иқтидори нави истеҳсолии энергияи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обии нав, 253 МВт иқтидори иловагии истеҳсоли энергияи барқ аз ҳисоби азнавсозии неругоҳҳои амалкунанда ва барқарор гардидани 440 МВт иқтидорҳои аздастрафта бинобар фарсуда будани таҷҳизот, 1500 МВт аз ҳисоби энергияи офтоб, то ба 3 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ, то 9 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ ва ба 5 млрд.киловат соат расонидани содироти энергияи барқ. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки барои амалигардонии Барномаи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои он чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷааш ҳар сол маълумот манзур намоянд. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки мавзуи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва васлу ҳамоҳанг намудани онҳо бо шабакаҳои барқии кишвар омӯхта шавад. Ғайр аз ин, таъкид гардид, ки фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб карда шавад. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба хотири бартараф кардани камбудиҳои дар соҳаи энергетика ҷойдошта таҳия шудааст, дар маҷлиси навбатӣ баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки дар Қонуни мазкур барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, аз ҷумла барои истеҳсоли криптовалюта пурзур намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Баъди муҳокима лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Дар идомаи маҷлис, ҳамчунин, Барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Барнома оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва гепатитҳои парентералии вирусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, муҳокима гардида, хулосаҳои даркорӣ бароварда шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷрои масъалаҳои дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳгардида ба масъулини сохторҳои давлатӣ дастуру супоришҳо доданд. Дастурҳои дигар оид ба масъалаҳои мубрам, аз ҷумла захираи кофии маводи хӯрока, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани зимистон, омода ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ кишт кардани заминҳои кишоварзӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи солгарди 35-уми ҷашни истиқлоли давлатӣ ва ғайра дода шуд.55
25.11.2025
-
СЕМИНАР-МОНИТОРИНГИ ЛОИҲАИ STEM БАРГУЗОР ГАРДИД 25 ноябри соли 2025 дар меҳмонхонаи “Румӣ” семинар-мониторинг оид ба баррасии ҷараёни татбиқ ва дурнамои лоиҳаи “Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълими фанҳои дақиқ, риёзӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ (STEM) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд. Чорабинӣ бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовини вазир, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Иттиҳоди Аврупо, ЮНЕСКО, мутахассисони соҳа ва дигар шарикони рушд доир гардида, ҷараёни иҷрои фаъолиятҳои лоиҳа ва механизми устуворсозии натиҷаҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини якуми вазири маориф ва илм оғоз гардида, таъкид намуд, ки татбиқи лоиҳаи STEM яке аз ташаббусҳои муҳим дар самти баланд бардоштани сифати таълим, ворид намудани технологияҳои муосир ба раванди омӯзиш ва таҳкими салоҳияти омӯзгорон ба шумор меравад. Зикр гардид, ки сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди устувори соҳа ва таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба таҳсилоти босифат равона шуда, дар ин замина рушди ҳамкории муассир бо шарикони рушд аҳаммияти махсус дорад. Дар ҷараёни семинар гуфта шуд, ки тибқи стандартҳои навшуда барои фанҳои химия, биология ва физика барои синфҳои 7-11 таҳия ва бознигарии барномаҳои таълимӣ анҷом ёфта, раванди таҳияи китобҳои дарсии насли нав ва маводи таълимӣ идома дорад. Қисме аз китобҳо, аз ҷумла, химияи синфҳои 9-10, физикаи синфҳои 9-10 ва биологияи синфҳои 8-9 пурра омода шуда, 14 роҳнамо ва 14 воситаи арзёбии омӯзгорон таҳия гардидааст. Дар семинар зарурати ба нашр супурдани якбораи ҳамаи китобҳо барои фароҳам овардани дастрасии баробар ба муассисаҳои таълимӣ таъкид гардид. Дар самти такмили ихтисос 15 модул ва 15 дастури методӣ барои тренерони миллӣ омода ва барои тасдиқ пешниҳод шуда, 18 омӯзгори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба омӯзишҳои махсус ҷалб гардидаанд. Дар давраи омӯзишӣ 284 омӯзгор ва мутахассиси соҳа фаро гирифта шуда, ду барномаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла, низоми “Омӯзгор pro”, таҳия ва тасдиқ шудаанд. Тибқи талаботи лоиҳа, донишкада вазифадор шуд, ки барои фарогирии ҳадди ақали 1520 омӯзгор тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намояд. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи касбӣ-техникӣ ва 6 филиали донишкада бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, тахтаҳои интерактивӣ, планшетҳо, компютерҳо ва таҷҳизоти лабораторӣ таъмин шудаанд. Иштирокчиёни семинар дар музокироти гурӯҳӣ масъалаҳои марбут ба воридсозӣ ва татбиқи умумимиллии китобҳои нави STEM, истифодаи низоми рақамии идоракунии таълим, дастгирии минбаъдаи омӯзгорон ва механизмҳои устувории таҷҳизоти техникиро баррасӣ намуда, барои соли 2026 харитаи роҳ ва нақшаи устувории лоиҳаро мувофиқа карданд. Таъкид гардид, ки зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм бояд барои идомаи татбиқи барномаҳо ва истифодаи пурраи маводи таҳияшуда масъулияти мустақим дошта бошанд ва минбаъд ин раванд аз ҳисоби буҷети давлатӣ идома дода шавад.49
25.11.2025
-
Маркази барномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Гренада ҳамкориро густариш медиҳанд Байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Гренада Созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Созишнома дар Гренада зимни мулоқоти муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Тоҷиддини Баҳриддин ва президенти Донишгоҳи Сент-Ҷорҷи Гренада Мариос Лукас ба имзо расид. Санади имзошуда фарогири якчанд имконияти нав барои донишҷӯёни тоҷик буда, роҳҳои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбиро дар яке аз донишгоҳҳои бонуфуз боз менамояд. Тибқи мувофиқаи тарафайн, донишҷӯёни тоҷик аз тахфифҳои махсуси таҳсил, имкони гузаронидани коромӯзӣ ва резидентура, инчунин қабули бевосита ба зинаи бакалаврият бе расмиёти иловагӣ бархурдор мегарданд. Донишҷӯён метавонанд таҳсилро дар се давлат- Гренада, Англия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико идома диҳанд. Ин имконият барои роҳ кушодани барномаҳои байналмилалӣ ва афзоиши дастрасии донишҷӯён ба таҳсилоти босифат мусоидат мекунад. Дар доираи ин созишнома Донишгоҳи Сент-Ҷорҷ бояд барои ҷавонони тоҷик теъдоди ҷойи қабулро зиёд кунад. Илова бар ин, донишҷӯён имкони дарёфти раводид бо маблағгузории донишгоҳ, ҳамчунин суғуртаи тиббии ройгон хоҳанд дошт. Дар ҷараёни музокирот таъкид шуд, ки васеъ шудани чунин имконият барои ҷавонони тоҷик дар рушди кадрҳои баландихтисоси байналмилалӣ саҳми муҳим мегузорад.43
25.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
24.11.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор