Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд НОРАК, 02.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 зиёда аз 180 хонандаи болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳри Норак дар олимпиадаи байналмилалии «Глобус» аз фанҳои забони русӣ, забони англисӣ ва математика тариқи фосилавӣ иштирок намуда, соҳиби 35 медали тилло, нуқра, биринҷӣ ва зиёда аз 150 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус роҳбари Маркази дарёфт ...
БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ НАВРАСОН. Хонандагони шаҳри Душанбе бо шароити хизмати ҳарбии сарбозон шинос шуданд ДУШАНБЕ, 02.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии насли наврас, омодагӣ ба хизмати ҳарбӣ як гурӯҳ хонандагони шаҳри Душанбе бо роҳбаладии омӯзгорон бо маркази омӯзишии амалӣ — саҳроии Фахрободи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд. Зимни омӯзиш хонандагони Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо хусусияти ...
МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАЛИИ ОЛМОН ДАР ТОҶИКИСТОН Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграф баргузор гардид. Дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Сафорати Олмон дар Душанбе, Интститути Гёте дар ...
Баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ...
БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН АЗ МТМУ РАҚАМИ 21-И НОҲИЯИ ВАНҶ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ҳамроҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот Алишер дар водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 дидан намуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат анҷом доданд. Зимни суҳбат вазири маориф ва илм аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, ...