07.05.2025

 img

Имрӯз, 7 майи соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо ҳайати миссияи Бонки Осиёии Рушд (БОР) - сармутахассиси бахши иҷтимоӣ Шин Лонг ва таҳлилгари бонк Маделин Дизон вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» (STEM) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Зимни суханронии худ вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илм дар самти ислоҳоти соҳаи маориф ва беҳтарсозии шароити таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна пайваста тадбирҳои муҳимро амалӣ намуда, дар ин ҷода аз дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд, бархӯрдор аст. Мавсуф зикр намуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур аз моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, то моҳи июни соли 2030 идома хоҳад ёфт.

 

Дар доираи лоиҳа, Гурӯҳи идоракунии лоиҳа таъсис ёфта, бо шароити муосир таъмин гардида, ҳамчунин ҷалби кормандони калидӣ ва мушовирони маҳалливу байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. То имрӯз тадқиқоти иҷтимоӣ ва муҳити зист дар 20 муассисаи таълимии ҳадафӣ оғоз ёфта, тарҳрезии биноҳои нав барои 3 мактаб дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.

 

Ҳамзамон, барои 17 мактаби дигар корҳои тарҳрезӣ идома дошта, интизор меравад, ки қарордоди марбут ба он то охири моҳи майи соли ҷорӣ ба имзо расад.

 

Ҷонибҳо ба зарурати бознигарии маблағгузории марбут ба сохтмон ва таҷҳизонидани биноҳои таълимии STEM дар 20 муассиса таъкид намуда, пешниҳод карданд, ки марҳилаи дуюми лоиҳа бо фарогирии 30-40 мактаби дигар тарҳрезӣ гардад.

 

Ҳамчунин, аз ҷониби вазири маориф ва илм пешниҳод гардид, ки бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» тезонида шуда, кушодашавии иншооти ҳадафии лоиҳа ба нақшаи иншооти ҷашнӣ ворид карда шаванд.

 

Ҷонибҳо вобаста ба дурнамои ҳамкорӣ дар самти дастгирии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мувофиқа расида, вобаста ба он табодули афкор намуданд.

 

Дар фарҷом, вазири маориф ва илм ба ҳайати Бонки Осиёии Рушд барои дастгирии пайваста изҳори сипос намуда, омодагии вазоратро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда иброз дошт.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ МИССИЯИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД img
  • ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ МИССИЯИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Тақвияти ҳамкорӣ миёни бахши давлатӣ ва хусусӣ: як қадами устувор ба сӯи рушди малакаҳо дар Тоҷикистон Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва дар доираи лоиҳаи “Дастгирии техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вохӯрии калидӣ оид ба ташаккули шарикии давлатӣ-хусусӣ (ШДХ) ва таҳкими омӯзиши амалии касбӣ (WBL) баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони муассисаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони иҷтимоӣ гирд омаданд. Мавзӯи меҳварии ҳамоиш – афзоиши ҳамкорӣ барои беҳтарсозии таҳсилоти касбӣ ва рушди малакаҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат буд. Ҳадафҳои асосӣ: • Шиносоӣ бо равишҳои муосири ШДХ ва WBL; • Муайян кардани муассисаҳои омода ба татбиқи лоиҳаҳои намунавии ШДХ; • Таҳияи нақшаи роҳ барои амалисозии се лоиҳаи пилотӣ;  

    18

    29.05.2025
  •  img
    Рӯзи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон: Таваҷҷӯҳ ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Душанбе, 27 майи соли 2025 — Дар Боғи Айнӣ таҷлили Рӯзи Иттиҳоди Аврупо баргузор шуда, ба мавзӯи таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида буд. Дар чорабинӣ намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои давлатӣ ва инчунин аҳли ҷомеа ширкат варзиданд. Сафири Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷаноби Раймундас Кароблис бо сухани ифтитоҳӣ баромад кард. Ӯ аҳамияти рушди низоми таҳсилоти касбӣ-техникиро ҳамчун асоси рушди устувори иқтисодӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавонон таъкид намуд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони давлатӣ, аз ҷумла муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон — хонум Дилрабо Сайдулло Мансурӣ иштирок доштанд. Ӯ дар суханрониҳои худ зарурати ҳамкории фаъол байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаи маориф, тайёр кардани кадрҳо ва табодули таҷриба қайд кард. Таҷлил бо барномаи интерактивӣ, аз ҷумла бозиҳои зеҳнӣ ва фаъолиятҳо барои калонсолон ва кӯдакон ҳамроҳӣ шуд. Меҳмонон дар викторинаҳо иштирок карда, дар бораи имкониятҳои таҳсилот ва рушди касбӣ маълумоти бештар гирифтанд.

    23

    28.05.2025
  •  img
    Пешгӯии Оянда: Малакаҳо, Секторҳо ва Ҳалҳои Стратегӣ Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо семинари муштарак барои ташаккули нерӯи кории пурқувват ва дорои малака, боз як қадами муҳим дар роҳи ислоҳоти соҳаҳои маориф ва бозори меҳнат гузоштанд. Дар доираи ин ҳамкорӣ, семинари дурӯза таҳти унвони «Пешгӯии малакаҳо: кор ва интихоби соҳаҳо. Ҷалби бахши хусусӣ» баргузор гардид. Ин семинар рӯзҳои 20–21 майи соли 2025 дар «Greenwood House»-и шаҳри Ҳисор баргузор шуда, мутахассисони миллӣ, машваратчиёни ИА ва намояндагони калидии муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусиро ҷамъ овард. Ин ташаббус як ҷузъи лоиҳаи фарогири Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Дастгирии соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Мавзӯи асосии семинар пешгӯии талаботи оянда ба малакаҳо дар се соҳаи калидии иқтисод буд. Ин раванд бо истифода аз таҳлили сифатӣ ва додаҳои бозори меҳнат сурат гирифт. Дар гурӯҳҳои кори интерактивӣ ва сессияҳои роҳнамоӣ, иштирокчиён моделҳои эҳтимолии рушди соҳаҳоро арзёбӣ намуда, ихтисосҳое, ки ниёз ба такмили ихтисос ё бозомӯзӣ доранд, муайян карданд.  

    57

    21.05.2025