08.04.2025

 img

8 апрели соли 2025 дар деҳаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027” маросими супоридани маводи ғизои мактабӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин, мушовир – фиристодаи Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Вера Валеревна Хуторская, намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам, инчунин намояндагони муассисаҳои дахлдор иштирок намуданд.

 

Муовини вазири маориф ва илм изҳор дошт, ки ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид самти муҳим ва устувори сиёсати иҷтимоии давлатро ташкил медиҳанд. Ӯ ҳамзамон таъкид намуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводи хушсифати ғизоӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои расидан ба он пайваста тадбирҳои муассир роҳандозӣ мегарданд.

 

Сипас, Вера Валеревна иброз намуд, ки ҳамкориҳои самарабахш миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди маориф таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва байналмилалӣ мебошанд. Мавсуф афзуд, ки рушди ғизои мактабӣ ва дастрасии оқилона ва дуруст ба ғизои солим як изҳори масъулиятнокии давлати Россия ва ҷонибдории устувори лоиҳаҳои муҳим ва стратегии озуқаворӣ мебошад.

 

Ҳамчунин, Адҳам Мусаллам таъкид кард, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба дастгирии кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар кардани шароити ғизоии мактаббачагон идома медиҳад. Амалӣ кардани чунин барномаҳо барои рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии ҷомеаҳо, махсусан кӯдакон, аҳамияти калон дорад ва дар таҳкими иртибототи мустаҳкам бо шарикон нақши муҳим мебозад.

 

Бо зикри нақши муҳимми ғизои солим дар рушди миллӣ ва беҳдошти саломатии аҳолӣ, қайд гардид, ки аз соли 2022 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои ташкили ғизои гарм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳандозӣ шудааст.

 

Дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ, ки бо мақсади таъмин кардани мактаббачагон бо ғизои солим ва хушсифат амалӣ мешавад, дар навбати аввал аз ҷониби Федератсияи Россия 270 тонна орди ғанигардонидашуда ба муассисаҳои таълимии кишвар фиристода мешавад.

 

Маводҳои хӯрокворӣ дар рӯзҳои наздик ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.

 

Дар интиҳо муовини вазири маориф ва илм изҳор намуд, ки соҳаи ғизои мактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои рушди устувори он тадбирҳои зарурӣ меандешад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • СУПОРИДАНИ МАВОДИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ ДАР ДОИРАИ БАРНОМАИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ img
  • СУПОРИДАНИ МАВОДИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ ДАР ДОИРАИ БАРНОМАИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Пешгӯии Оянда: Малакаҳо, Секторҳо ва Ҳалҳои Стратегӣ Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо семинари муштарак барои ташаккули нерӯи кории пурқувват ва дорои малака, боз як қадами муҳим дар роҳи ислоҳоти соҳаҳои маориф ва бозори меҳнат гузоштанд. Дар доираи ин ҳамкорӣ, семинари дурӯза таҳти унвони «Пешгӯии малакаҳо: кор ва интихоби соҳаҳо. Ҷалби бахши хусусӣ» баргузор гардид. Ин семинар рӯзҳои 20–21 майи соли 2025 дар «Greenwood House»-и шаҳри Ҳисор баргузор шуда, мутахассисони миллӣ, машваратчиёни ИА ва намояндагони калидии муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусиро ҷамъ овард. Ин ташаббус як ҷузъи лоиҳаи фарогири Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Дастгирии соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Мавзӯи асосии семинар пешгӯии талаботи оянда ба малакаҳо дар се соҳаи калидии иқтисод буд. Ин раванд бо истифода аз таҳлили сифатӣ ва додаҳои бозори меҳнат сурат гирифт. Дар гурӯҳҳои кори интерактивӣ ва сессияҳои роҳнамоӣ, иштирокчиён моделҳои эҳтимолии рушди соҳаҳоро арзёбӣ намуда, ихтисосҳое, ки ниёз ба такмили ихтисос ё бозомӯзӣ доранд, муайян карданд.  

    3

    21.05.2025
  •  img
    Қадами ҷиддии Тоҷикистон ба сӯи маорифи рақамӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари дурӯзаи "Таҳкими зарфият оид ба роҳбарӣ дар ҳамгироии зеҳни сунъӣ" баргузор намуд. Дар семинар роҳбарони соҳаи маориф, аз ҷумла, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, менеҷери барнома – Диана Димова, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва мутахассисони рақамӣ ширкат варзиданд. Ҳадафи он, татбиқи амалии зеҳни сунъӣ барои рушди соҳаҳои маориф ва бозори меҳнати Тоҷикистон буд.  Иштирокчиён бо усулҳои муосири ЗС чун ChatGPT, Gemini ва DeepSeek таҷрибаи амалӣ андӯхтанд. Баромадҳо масъалаҳои омодагии рақамӣ, истифодаи этикии ЗС ва таҷрибаи байналмилалиро фаро гирифтанд. Семинар бо эҷоди лоиҳаҳои пилотии ЗС, барои татбиқ дар сохтори Вазорат, ба поён расид. “Ин як қадами муҳими Тоҷикистон ба сӯи ояндаи рақамӣ аст,” — гуфт намояндаи ИА Диана Димова.

    13

    19.05.2025
  •  img
    БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТИ ИҶТИМОӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ STEM 12 майи соли 2025 дар толори Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои STEM” семинари илмӣ таҳти унвони “Натиҷагирӣ аз таҳқиқоти иҷтимоӣ вобаста ба талабот ва тавоноии волидону хонандагон ба таҳсилоти касбӣ” баргузор гардид.   Семинар бо сухани ифтитоҳии Музаффарзода Бадриддин – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Муовини вазир иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, аз дастгириҳои пайвастаи Бонки Осиёии Рушд дар амалисозии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаи илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM)” изҳори сипос намуд. Ӯ зикр кард, ки лоиҳаи мазкур яке аз ташаббусҳои муҳимми Вазорати маориф ва илм дар самти ислоҳоти таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шумор меравад, ки татбиқи он аз моҳи майи соли 2024 оғоз гардида, то соли 2030 идома меёбад.   Муовини вазир таъкид дошт, ки Вазорати маориф ва илм бо мақсади таҳкими пояҳои таҳсилоти босифат ва мутобиқсозии он ба талаботи бозори меҳнат, татбиқи саривақтӣ ва самаранокӣ лоиҳаи мазкурро яке аз самтҳои афзалиятнок мешуморад. Ҳамкорӣ бо шарикони рушд, бахусус Бонки Осиёии Рушд, дар ин раванд нақши калидӣ дорад. Таҳқиқоти иҷтимоие, ки дар 20 муассисаи ҳадафӣ анҷом ёфтааст, ба мо имкон медиҳад, то таҳаввулоти воқеии ниёзҳо ва тавонмандиҳои хонандагону волидонро дар робита ба таҳсилоти касбӣ дарк намуда, нақшаи ояндаро асоснок таҳия намоем. Бовар дорем, ки натиҷаи ин ҳамоиш саҳми арзандае дар рушди соҳаи маориф ва илми кишвар хоҳад дошт”.   Дар кори семинар намояндагони вазорат, ташкилотҳои байналмилалӣ ва омӯзгорони донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки чунин тадқиқот барои муайянсозии воқеии вазъ ва дарёфти роҳҳои татбиқи ислоҳоти муассир дар соҳаи маориф нақши муассир доранд.   Дар интиҳои ҳамоиш, пешниҳодҳо ва тавсияҳои иштирокчиён шунида шуда, барои истифода дар марҳилаҳои минбаъдаи татбиқи лоиҳа сабт гардиданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    137

    12.05.2025