22.10.2025

 img

22 октябри соли 2025 дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” мизи мудаввар оид ба муаррифии натиҷаҳои “Таҳқиқоти истифодабарандагони муассисаҳои таълимӣ (SUS)” ва “Мушоҳидаи дарс тавассути воситаи TEACH” бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумии фарогири лоиҳаи “Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат”, намояндагони лоиҳа ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

 

Муовини вазир зимни суханронии ифтитоҳӣ таъкид намуд, ки дар ҷаҳони муосир таҳсилоти босифат бе муҳити солиму замонавии таълимӣ имконнопазир аст. Мавсуф иброз дошт, ки бо ташабусси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” барои солҳои 2023–2029 татбиқ шуда истодааст.

 

Гуфта шуд, ки мақсади асосии лоиҳа беҳтар намудани муҳити таълим ва омӯзиш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар мебошад. Лоиҳа ба се самти калидӣ - таҳияи чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот, беҳтарсозии инфрасохтори муассисаҳо ва тақвияти арзёбию идоракунии лоиҳа нигаронда шудааст. Дар доираи амалисозии лоиҳа марҳилаи заминавии ду таҳқиқот -“SUS” ва “TEACH” дар 130 муассисаҳои ҳамаи минтақаҳои кишвар, аз ҷумла, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ШНТҶ ва ВМКБ, дар моҳҳои март–апрели соли 2025 ба анҷом расонида шуд.

 

Дар ҷараёни мизи мудаввар натиҷаҳои таҳқиқот муаррифӣ гардида, иштирокчиён дар гурӯҳҳо натиҷаҳо ва тавсияҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Чорабинӣ ҳамчун як фурсати муҳимми мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳо байни муассисаҳо ва мутахассисони лоиҳа арзёбӣ гардид. Баргузории чунин мизҳои мудаввар қадами нав дар самти қабули қарорҳо дар асоси таҳлил ва татбиқи тағйироти воқеӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • МУАРРИФИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТ ДАР ЛОИҲАИ “МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ” img
  • МУАРРИФИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТ ДАР ЛОИҲАИ “МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ” img
  • МУАРРИФИИ НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТ ДАР ЛОИҲАИ “МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ” img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУАРРИФИИ НАТИҶАҲОИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ» 5 майи соли 2026 мулоқоти ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода бо ҳайати Миссияи кории Бонки умумиҷаҳонӣ ва намояндагони лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» баргузор гардид.   Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аз раванди татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» дар Донишкада, баргузории рафти омӯзишҳо дар асоси маҷмӯи маводи таълимии курсҳои такмили ихтисос дар шакли модулӣ аз наздик шинос шуданд.   Ҳайати миссияро намояндагони лоиҳа ва Бонки умумиҷаҳонӣ Тигран Шмис, Саураф Дев Бхатта, Алмира Закиева ҳамроҳӣ намуданд.   Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз татбиқи самараноки бандҳои "Харитаи роҳ", азхудкунии маводи таълимӣ аз ҷониби шунавандагон, раванди омӯзишҳо ва омодагии тренеронро натиҷагирӣ намуда, самтҳои минбаъдаи рушди ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.

    46

    05.05.2026
  •  img
    НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАСИ ЛОИҲАИ ISTEM ДАР СОЛИ 2025 Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (ISTEM)” бо сипосномаи Бонки Осиёии Рушд барои фаъолияти босамар ва натиҷаҳои назаррас дар раванди татбиқ қадрдонӣ гардид. Қадрдонӣ дар доираи ҷаласаи ҷамъбастии баррасии амалиёт ва барномарезии лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сурат гирифт. Дар он намояндагони вазоратҳои калидӣ, ниҳодҳои иҷроия ва гурӯҳҳои лоиҳавӣ иштирок намуданд. Дар доираи чорабинии мазкур самаранокии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, афзалиятҳо барои соли 2026 ва нақшаҳо то соли 2029 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки дар соли 2025 натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда, 93 фоизи лоиҳаҳо тибқи нақша амалӣ гардидаанд. Сипоснома ба Лоиҳа аз ҷониби намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото ва муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода супорида шуд. Ин дастовард бозгӯи саҳми назарраси лоиҳаи ISTEM дар рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи унсурҳои инноватсионӣ дар низоми таҳсилот мебошад.  

    146

    02.04.2026
  •  img
    ТАЪМИНИ МУҲИТИ БЕХАТАР ВА БЕТАВАҚҚУФИ ТАЪЛИМ ДАР ШАРОИТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ: ТАҶРИБАИ МУВАФФАҚИ МТМУ №22 НОҲИЯИ ВОСЕЪ Дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат» таъмиру азнавсозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 дар деҳаи Нонҷемаси Ҷамоати деҳоти Худоёр Назаров ноҳияи Восеъ барои 640 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ соли 2025 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом мерасанд.  Дар муассисаи мазкур 1695 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо дарназардошти зарурати таъмини идомаи бетаваққуфи раванди таълим ва мавҷуд набудани ҷойи мувофиқ барои кӯчонидани хонандагон, бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ шаш синфхонаи муваққатии модулӣ насб карда шуданд, ки барои 358 хонанда шароити бехатару мувофиқи таҳсил фароҳам оварданд.  Корҳои таъмиру таҷдид дар муассиса бо усули марҳилавӣ ба роҳ монда шуда, имкон медиҳад, ки 1 337 хонанда таҳсили худро дар ду баст идома диҳанд.  Ҳамзамон, зимни арзёбии муштараки намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва гурӯҳи кории лоиҳа ба масъалаҳои бехатарӣ, дастрасӣ ва коҳиши хавфҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, зӯроварии гендерӣ ва ҷинсӣ диққати махсус зоҳир гардид. Татбиқи чунин тадбирҳо намунаи муваффақи таъмини муҳити устувор, бехатар ва фарогири таълимӣ дар шароити корҳои сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Синфхонаҳои модулӣ қисми муҳимми нақшаи таъмиру таҷдиди марҳилавии мактаб ба ҳисоб рафта, ба коҳиши халалдоршавии раванди таълим, пешгирии истифодаи ҷойҳои хавфнок барои ҳар як хонанда мусоидат менамоянд. Ин намунаи амалӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна метавон муҳити таълимии устувор, ба иқлим мутобиқ ва бехатарро дар шароити иҷрои корҳои сохтмонӣ таъмин намуд. Таҷрибаи мазкур ҳамчун намунаи беҳтарини ҷаҳонӣ аз ҷониби созмони маблағгузор арзёбӣ гардида, метавонад дар дигар кишварҳо низ ҳамчун модели муассири ташкили раванди таълим дар шароити корҳои сохтмонӣ истифода бурда шавад.  

    182

    20.03.2026