14.07.2025

 img

13 июли соли 2025 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари омӯзиширо ба Баварияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон оғоз намуда, ҳадафи он шиносоӣ бо низоми дуалии таҳсилоти касбии Олмон мебошад.

Ин сафар дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Дастгирии соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил гардид.

Ҳайати расмиро ташкил медоданд:

Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солеха Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ;

Штефан Зиверт, роҳбари лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо.

Ҳадафи асосии сафар омӯзиши таҷрибаи Олмон дар самти таҳсилоти дуалӣ ва баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар Бавария мебошад. Дар доираи сафар ҳайати Тоҷикистон аз муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Ротенбург ва Хам боздид ба амал оварда, бо тарзи муттаҳидсозии назария ва таҷриба дар низоми таҳсилоти касбии Олмон шинос гардид.

Ин ташаббус намунаи равшани он аст, ки кумаки Иттиҳоди Аврупо ба рушди малакаҳо, афзоиши имкониятҳои шуғл ва эҷоди шароити мусоид барои ҷавонони Тоҷикистон мусоидат менамояд.

  • Сафари расмии ҳайати Тоҷикистон ба Бавария ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ img
  • Сафари расмии ҳайати Тоҷикистон ба Бавария ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Омӯзиши дурӯза оид ба дастрасӣ дар таҳсилоти касбию техникӣ дар Душанбе баргузор шуд. Душанбе, Тоҷикистон — 2-3 сентябри соли 2025, омӯзиши дурӯза оид ба "Дастрасӣ дар таҳсилоти касбӣ" баргузор гардид. Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ, бо сухани истиқболӣ баромад карда, оғози тренингро расман эълон намуд. Ин омӯзиш дар доираи лоиҳаи "Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба нақша гирифта шуд.  Ин тренинг ба омӯзгорон ва устодон аз мактабҳои касбомӯзӣ ва марказҳои таҳсилоти калонсолон бо дониш ва воситаҳои амалӣ барои дастгирии донишҷӯён бо ниёзҳои махсуси таълимӣ тарҳрезӣ шуд. Ҳадафи асосӣ ин - ба омӯзгорон фаҳмонидани таҳсилоти дастрас  ва андешидани чораҳо барои  беҳтар гардонидани муҳити омӯзиш аст. Дар охири тренинг иштирокчиён бо сертификат сарфароз гардонида шуданд.

    220

    03.09.2025
  •  img
    Боздиди мушовири ширкати EDS Global аз муассисаҳои таълимӣ дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Осиёии Рушд Мушовири ширкати байналмилалии мушовирии EDS Global – ҷаноби Гурнит Сингҳ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои рушди инфрасохтори соҳаи маориф, аз як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои кишвар боздид ба амал овард.   Ин боздид бо ҳадафи шиносоӣ бо вазъи кунунии муассисаҳои таълимӣ ва муайянсозии эҳтиёҷоти сохтмони биноҳои иловагӣ анҷом дода шуд. Ҷаноби Сингҳ зимни сафари корӣ бо роҳбарияти мактабҳо, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва масъулини соҳаи маориф мулоқот анҷом дода, дар ҷараёни он ҷанбаҳои муҳими техникӣ ва лоиҳавии сохтмони биноҳои иловагиро дар доираи лоиҳаи STEM баррасӣ намуд.   Ба гуфтаи ҷаноби Сингҳ, Бонки Осиёии Рушд омода аст ҷиҳати беҳтарсозии шароити таҳсил ва рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини маблағгузории марҳилавии сохтмон ва таҷҳизонидани муассисаҳои таълимиро ба роҳ монад.   Дар ҷараёни боздид, инчунин масоили марбут ба устувории биноҳо, дастрасии баробар ба таҳсил, муҳити бехатар ва тоза барои хонандагон ва омӯзгорон мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор гирифтанд.   Лоиҳаҳои мазкур як қадами муҳим дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд.

    279

    27.08.2025
  •  img
    СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ДАР ДОИРАИ ТАШАББУСИ СУРЪАТ БАХШИДАН БА ТАДБИРҲО ОИД БА ИҚЛИМ, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ БАХШИ ХУСУСӢ ТАВАССУТИ АМАЛИЁТҲОИ СОҲАВӢ 26 августи соли 2025 дар маркази тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин Сангалӣ, менеҷери лоиҳа Бобохон Абдулмаҷид, мушовирони байналмилаливу миллӣ, мутахассисони лоиҳа ва ширкати лоиҳакашиву назорати корҳои сохтмонӣ семинари машваратӣ баргузор гардид.    Дар раванди семинар муаррифӣ ва муҳокимаи лоиҳаи меъмории биноҳои иловагӣ бо озмоишгоҳҳои замонавӣ, ки дар 20 муассисаи ҳадафии лоиҳаи STEM бунёд мегарданд, сурат гирифт. Дар семинар инчунин муаррифии мушоҳидаҳо ва тавсияҳои асосӣ аз баррасии лоиҳа, мубодилаи бозёфтҳо, пешниҳоди тавсияҳои амалӣ барои такмили минбаъда ва мутобиқсозӣ ва ҳадафҳои лоиҳа манзур гардид. Маврид ба зикр аст, ки семинари мазкур барои дар сатҳи зарурӣ бунёд гардидани иншооти банақшагирифташуда бо дарназардошти талаботи мактаби сабз, мутобиқ будан ба ҳолатҳои фавқулода, тағйирёбии иқлим, масоили гендерӣ мусоидат менамояд ва барои тақвияти омӯзиши фанҳои STEM замина мегузорад.

    285

    26.08.2025