16.10.2025

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии лоиҳаи “Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат” дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф курси омодасозии тренерони аз рӯйи барномаҳои нави курси такмили ихтисос (дар шакли модулҳо) барои омӯзгорони фанни таърих ва география баргузор гардид.
Зимни маросими ифтитоҳӣ муовини вазири маориф ва илм Музаффарзода Бадриддин ва ректори Донишкада Н.Мирзозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини вазир аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва илм ёдовар шуда, таъкид намуд, ки яке аз омилҳои муҳимми рушди соҳа таҳияи барномаҳои муосири таълимиест, ки навгониҳо ва ниёзҳои омӯзгоронро ба назар мегиранд.
Сипас, ректори Донишкада изҳор дошт, ки ҳадафи асосии таҳияи барномаҳои нави таълимӣ ва ташкили чунин курсҳо - ин рушди салоҳиятҳои калидии омӯзгорони фанҳои таърих ва география дар заминаи методикаи муосири таълим мебошад.
Курс ба такмили салоҳиятҳои касбии омӯзгорон тавассути истифодаи усулҳои муосири таълимӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва муносибати босалоҳият нигаронида шуда, дар охир иштирокчиён соҳиби шаҳодатномаи хатми курс гардиданд.
Мақсади асосӣ - баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ мебошад, ки рушди тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ, ҳамкорӣ, муошират ва дигар салоҳиятҳои 4К+ (тафаккури интиқодӣ, ҳамкорӣ, муошират, эҷодкорӣ ва маҳорати омӯзишро) таъмин мекунад.
Мундариҷаи курс
Барномаи омӯзишӣ аз 4 модул иборат аст:
1. Муносибати салоҳиятнок ва муҳити таълимӣ дар таълими фан
2. Муҳити физикии таълим ва таҷрибаи омӯзгорон
3. Таҳияи вазъиятҳои таълимӣ барои рушди салоҳиятҳо
4. Арзёбии дастовардҳои таълимӣ дар шароити нави таълим
Барномаи курс дар маҷмӯъ 48 соати омӯзишӣ-ро дар бар мегирад.
Методҳо ва мазмуни омӯзиш
Омӯзиш бо истифодаи усулҳои фаъоли таълим, аз қабили кортҳои омӯзишӣ, кейс-стади, варақаҳои худбаҳодиҳӣ, презентатсияҳо ва маводи тақсимшаванда баргузор гардид. Иштирокчиён имконият доранд порчаҳои дарсӣ таҳия намуда, онҳоро дар муҳити таҳлилӣ ва дастгиркунанда пешниҳод ва муҳокима кунанд.
Дар доираи курс масъалаҳои зерин низ баррасӣ мешаванд:
• таълими фарогир;
• усули STEAM дар таълим;
• арзёбии ташаккулдиҳанда;
• фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ;
• мутобиқсозии муҳити физикӣ ба талаботи муосир.
Натиҷаҳои интизоршаванда
• Такмили салоҳиятҳои касбии омӯзгорон дар шароити муосир;
• Татбиқи усулҳои интерактивӣ ва муосири таълим;
• Баланд бардоштани сифати таълим ва ангезаи хонандагон;
• Мутобиқсозии муҳити таълимӣ ба талаботи омӯзиши салоҳиятнок;
• Татбиқи принсипҳои таълими фарогир ва STEAM.