10.10.2025

 img

9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот намуданд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки “муколамаи мунтазами мо ба рушди ҳамкории кишварҳоямон такони тоза мебахшад”.

 

Фаъолтар шудани робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ таъкид карда шуд.  

 

Ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, тавсеаи сармоягузорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

 

Ҳамкории сохторҳои марбута барои роҳандозии фаъолияти муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар ва истеҳсоли молҳои содиротӣ, аз ҷумла дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зарур шумурда шуд.

 

Густариши ҳамкорӣ дар самтҳои ояндадори саноат, бунёди паркҳои технологӣ ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои иқтисодӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

 

Дар соҳаи нақлиёт парвозҳои мунтазам миёни пойтахтҳои ду кишвар ва истифодаи имконоти транзитӣ барои интиқоли бор муҳим арзёбӣ гардид.

 

Дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ дар бораи баргузорсозии рӯзҳои фарҳанг ва афзун намудани шумораи бурсияҳои таълимӣ барои ҷавонони Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт.

 

Ҳамчунин, аз сатҳи ҳамкорӣ дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ изҳори қаноат карда шуд.

  • Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Оғози ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 10 октябр дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.   Дар маҳалли баргузории ҷаласа меҳмонони олиқадрро Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як-як самимона пазироӣ намуданд.   Барои иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ба Қасри миллат ташриф оварданд.   Пас аз ба ҳам омадани иштирокдорони ҷаласа, нахуст маросими аксбардории якҷояи сарони давлатҳо баргузор шуд.   Сипас, ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ оғоз кард.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони кишварҳо ва аъзои ҳайатҳои расмиро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, самимона хайрамақдам гуфтанд.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар соли раёсати худ дар Иттиҳод, дар ҳамкории зич бо кишварҳои иштирокдор ва Кумитаи иҷроия, фаъолияти фарогирро баҳри татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда идома дод.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки фаъолияти Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунандаи Иттиҳод ба ноил гардидан ба натиҷаҳои амалӣ дар рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмон нигаронида шуда буд.

    278

    10.10.2025
  •  img
    Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян 10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян мулоқот намуданд.   Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.   Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо ба таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Арманистон аҳамияти хоса медиҳем ва ба инкишофи онҳо дар тамоми соҳаҳо манфиатдорем”.   Таъкид гардид, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳо соҳаҳои муҳимро дар бар мегирад ва он имконият медиҳад, ки аз иқтидори кишварҳо дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд истифода шавад.   Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нерӯи “сабз”, саноат, аз ҷумла кооператсияи саноатӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ зарур шумурда шуд.   Афзоиши ҳаҷми гардиши мол, зиёд кардани савдои байниҳамдигарӣ бо истифода аз имкону иқтидорҳои мавҷуда ва ташкилу баргузорсозии форумҳои тиҷоратӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.   Ба рушди муколамаи байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.   Оид ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳанг, маориф, сиёсати ҷавонон ва сайёҳӣ низ табодули афкор сурат гирифт.   Ҳамчунин, атрофи масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибдории ташаббусҳои глобалии якдигар гуфтугӯйи судманд доир гардид.

    252

    10.10.2025
  •  img
    Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “ҳамкорӣ бо шарики стратегии мо Ҷумҳурии Беларус аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мост ва мо ба он манфиатдорем, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон бо мазмуни нав ғанӣ гарданд”.   Зарурати рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ҳам таъкид карда шуд.   Ба масоили рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ ва саноат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Сарони давлатҳо барои бештар фаъол гардондани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Беларус, ҳамчунин, Гурӯҳи кории муштарак оид ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ, изҳори алоқамандӣ намуданд.   Дар бахши кишоварзӣ ба масъалаи афзоиши ҳаҷми содироти меваю сабзавот ва пахта ба Беларус ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.   Рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва маориф ҳам аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.   Барои густариши робитаҳо дар бахши тандурустӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва тайёр кардани кадрҳои соҳа, табодули афкор сурат гирифт.   Дар доираи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷонибдории ташаббусҳои ҳамдигар дар арсаи ҷаҳон таъкид гардид.

    264

    10.10.2025