05.02.2026
5 феврали соли 2026 вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо сафири навтаъини Иттиҳоди Аврупо Рудослав Дарский баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст, зимни суҳбат вазири маориф ва илм аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба бо Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамкориҳо бо он аз соли 1992 инҷониб пайваста рушд меёбанд.
Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупо ҳамчун шарики рушд дар самти ислоҳоти низоми таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, татбиқи барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Эразмус+», саҳми назаррас дорад. Қайд гардид, ки тавассути ин барнома табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар идома таъкид шуд, ки дар доираи барномаи «Эразмус+» зиёда аз 280 нафар омӯзгорону донишҷӯён аз 28 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, беш аз 17 лоиҳа дар 25 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои ғайритаълимӣ татбиқ гардидааст.
Ҳамчунин, вазири маориф ва илм оид ба татбиқи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат ибрози назар намуда, зикр кард, ки барномаи мазкур ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили низоми идоракунӣ ва омӯзиши омӯзгорон равона шудааст. Илова бар ин, амалӣ гардидани лоиҳаи «Таҳкими муносибати босалоҳият дар фанҳои технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва фанҳои дақиқ (STEM)» бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо муҳим арзёбӣ гардид.
Дар навбати худ, намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз ҳамкориҳои судманд бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо ва дастгирии минбаъдаи барномаҳо ва лоиҳаҳо дар соҳаи маориф ва илм баён карданд.
Дар интиҳо оид ба рушди ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои расидан ба ҳадафҳои созанда таъкид намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон