18.09.2025

 img

Дар доираи Ҳафтаи «Бозёфт» гурӯҳи кории Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба ноҳияи Ёвон ташриф овард. 

 

Дар се рӯзи аввали Ҳафтаи «Бозёфт» дар ноҳияи Ёвон 373 нафар хонандагон ба маҳфилҳои фаннии математика, биология, забони англисӣ ва химия номнавис шуданд. Бо дарназардошти набудани бинои алоҳида, имрӯз — 17.09.2025 — чорабинӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75-и ноҳия баргузор гардид, ки дар он 64 нафар хонанда фаъолона ширкат варзиданд.

 

Гурӯҳи корӣ бо хонандагону омӯзгорон мулоқот намуда, оид ба аҳамияти ҷалби хонандагони болаёқат ба маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва имкониятҳои таҳсилоти иловагӣ машваратҳои судманд анҷом дод. Дар рафти мулоқот инчунин афзалияти соҳаи маориф дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди истеъдодҳои наврасон таъкид гардид.

  • ҶУСТУҶӮИ ИСТЕЪДОДҲО: ЯК ҲАФТА – ҲАЗОР ИМКОНИЯТ img
  • ҶУСТУҶӮИ ИСТЕЪДОДҲО: ЯК ҲАФТА – ҲАЗОР ИМКОНИЯТ img
  • ҶУСТУҶӮИ ИСТЕЪДОДҲО: ЯК ҲАФТА – ҲАЗОР ИМКОНИЯТ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН - 2025» 18-уми сентябри соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №59-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи даври ҷумҳуриявии Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон - 2025» баргузор гардид.   Дар ифтитоҳи озмун муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, ҳайати доварон, намояндагони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва мураббиёни номзад аз тамоми минтақаҳои кишвар ширкат намуданд.   Муовини вазири маориф ва илм озмунро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки рушди устувори соҳаи маориф, махсусан зинаи таҳсилоти томактабӣ ҳамчун пояи муҳимми ташаккули тафаккури илмӣ ва ҷаҳонбинии кӯдакон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии пайваста ва рӯзафзуни соҳаи маориф, аз ҷумла, таваҷҷуҳи хос ба кормандони муассисаҳои томактабӣ, ба монанди афзоиши музди меҳнат, фароҳам овардани шароити кору зиндагӣ, таҳияи барномаҳои иловагӣ барои такмили ихтисос ва роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз дастовардҳои муҳимтарини сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумат ба шумор меравад. Дар идомаи суханронӣ муовини вазир иброз дошт, ки баргузории ин гуна озмунҳо на танҳо воситаи ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии заҳмати мураббиён аст, балки заминаи воқеии рушди малакаи эҷодӣ, ташаккули тафаккури навовар ва мубодилаи таҷрибаҳои муфид дар сатҳи миллӣ мебошад.   Дар идома сардори раёсати таҳсилоти томактабии вазорат Ҷ. Маҷидзода иштирокчиён ва ҳайати доваронро ба низомномаи баргузории озмун шинос намуда, шартҳои доварӣ ва тартиби иҷрои вазифаҳоро шарҳ дод. Мавсуф зикр намуд, ки даври ҷумҳуриявии озмун аз шаш шарти асосӣ иборат буда, он ба таври амалии арзёбии донишу маҳорати касбӣ ва қобилияти эҷодии довталабон равона шудааст. Шартҳои озмун иборатанд аз: муаррифии фаъолияти педагогии довталаб, арзёбии дониш ва маҳорати касбӣ, иштирок дар муҳокимаи мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ педагогӣ, баргузории машғулияти таълимӣ бо кӯдакон ва анҷом додани кори эҷодӣ - тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон.   Озмун се рӯз идома ёфта, дар фарҷом ғолибон бо унвони ифтихории «Мураббии соли Тоҷикистон – 2025», мукофотҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.   Баргузории озмуни мазкур дар заминаи сиёсати устувори давлат оид ба такмили низоми таҳсилоти томактабӣ ва боло бурдани нуфузи мураббӣ дар ҷомеа сурат гирифта, дар он мураббиёни беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон , ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ширкат доранд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    1

    18.09.2025
  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ КОРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ 17 сентябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.   Ҷаласа дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуда, ба баррасии масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф бахшида шуд.   Дар кори ҷаласа муовини якум, муовини вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои равия ва самти омӯзгорӣ, сардорони сарраёсату раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки соҳаи маориф дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҳамчун самти калидии рушди устувори ҷомеа ва давлат мақоми махсусро доро буда, барои рушди он ва баланд бардоштани сифати таълим тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илм барои иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар тадбирҳои мушаххас андешида, фаъолияти худро ба самтҳои калидии афзоиши ҷойи таҳсил дар ихтисосҳои томактабӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши ихтисосҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, густариши гурӯҳҳои таълим бо забонҳои русиву англисӣ, таҳияи барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, боло бурдани сатҳи такмили ихтисоси омӯзгорон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва маводи методӣ, инчунин, татбиқи чорабиниҳои амалии зиддикоррупсионӣ равона месозад.   Ҳамзамон, вазир афзуд, ки кормандони соҳа дар маҷмуъ бояд бо масъулиятшиносии баланд, иродаи қавӣ ва ҷаҳонбинии васеъ барои амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ ва иҷрои стратегияҳои соҳавӣ талош варзида, дар рушди устувори соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳми назаррас гузоранд.   Дар рафти ҷаласа миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои вобаста ба такмили ихтисоси омӯзгорон, омода кардани омӯзгорони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, вазъи иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои барномаю стратегияҳои давлатии муқовимат бо коррупсия, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», риояи либоси мактабӣ ва фарҳанги миллӣ, иштироки бевоситаи донишҷӯён дар раванди дарсҳои шуъбаи ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо лавозимоти зарурӣ, беҳтар намудани инфрасохтори таълимӣ, фарогирии кӯдакон ба тасилоти томактабӣ, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи методӣ ва ғайраҳо баррасӣ гардиданд.   Дар анҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти соҳаи маориф ҳамчун омили асосии рушду пешрафти ҷомеа таъкид намуд, ки иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, тақвияти тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас, рушди равияи фанҳои дақиқу табиӣ ва густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як масъули соҳа ба шумор рафта, роҳбарон ва кормандон бояд бо масъулияти баланд ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ тадбирҳои мушаххас андешида, саҳми арзандаи худро дар рушду такомули низоми маорифи кишвар гузоранд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    65

    17.09.2025
  •  img
    Мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону кормандони соҳа мулоқот намуданд.   Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои онро ба муносибати ифтитоҳи иншооти муосир – бинои муосири кумита самимона табрик гуфтанд.   Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар аксари сохторҳои кумита дар ҷумҳурӣ бо биноҳои нави маъмурӣ таъмин гардиданд, ки арзиши умумии сохтмони онҳо беш аз 200 миллион сомонӣ мебошад.   Гуфта шуд, ки тибқи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ иловатан 4 бинои маъмурӣ барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо харҷи зиёда аз 40 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки баҳри беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа дар шаҳри Душанбе бунёди ду бинои 11-ошёнаи истиқоматӣ барои 120 оила бо арзиши 59 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.   Зарур шумурда шуд, ки роҳбарият ва ҳар як корманди соҳа бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида вазифаҳои хизматии худро бо дарки баланди масъулият иҷро намоянд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти экологиро вазифаи бисёр муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари мо маънидод карда, изҳор доштанд, ки ин вазифаҳои басо муҳим амалӣ кардани чораҳои таъхирнопазир ва муассирро тақозо менамоянд.   Кумитаи ҳифзи муҳити зист вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва бо истифода аз таҷрибаи пешқадам оид ба такмил додани қонунгузории соҳа, аз ҷумла таҳияи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияву барномаҳои нави соҳавӣ чораҷӯйӣ намояд.   Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мушкилоти тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии пайомадҳои он андешаронӣ намуда, аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус, дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуданд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи фаъолияти шабакаи умумии обуҳавошиносии Тоҷикистонро таҳлил намуда, тавсеаи онҳову дидбонгоҳҳои обченкунии кишвар ва истифода аз таҷҳизоти навинро зарур шумурданд.   Нигоҳ доштани гуногунии биологии кишвар, ҳифзи набототу ҳайвоноти нодир ва пешбурди назорати давлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ самти муҳимми фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар вазорату идораҳои дахлдор арзёбӣ карда шуд.   Бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки лоиҳаи «Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ» ва «Барномаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Кумитаи ҳифзи муҳити зистро вазифадор намуданд, ки дар соли 2026 барои ворид намудани Резервати биосферии Ромит ба Феҳристи шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО чораҳои амалӣ андешанд.   Ҳамчунин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки дар асоси маълумоти Китоби сурх фаъолияти худро дар самти барқарор ва афзун намудани саршумори ҳайвоноти нодир ва захираи олами наботот самаранок ба роҳ монанд.   Сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки барои таҳия ва тасдиқи харитаҳои роҳ ва хатсайрҳои нави сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои дорои аҳаммияти экологӣ чораҳои зарурӣ андешанд.   Барои рушди низоми рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуд, ки фаъолияти мақомоти дахлдор оид ба омода намудани барномасозон ва дигар мутахассисони соҳибтахассус тавассути бозомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии ватаниву хориҷӣ тақвият дода шавад.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зистро дар кишвар таҳлил намуда, барои ҳалли мушкилоти экологии мавҷуда дар назди масъулин як қатор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.   Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки барои татбиқи босамари «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040» чораҳои иловагӣ роҳандозӣ карда шавад.   Сохторҳои марбута супориш гирифтанд, ки иҷрои нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркуниро пурра таъмин намуда, шинонидану парвариши ниҳолҳоро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монанд.   Гуфта шуд, ки ба танзим даровардани масъалаҳои вобаста ба партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашонидан, ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар кишвар беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд.   Дар ин зимн, ташкили корхонаҳои калони коркарди партовҳо ва механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ва коркарду истифодаи такрории партовҳо амри муҳим дониста шуд.   Ҳамчунин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки барои ҷалби бештари маблағҳои грантӣ аз ҳисоби фондҳои махсуси иқлимӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои амалӣ намудани стратегияву барномаҳо чораҳои иловагӣ андешад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифтнокии аҳолии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, бо дар назар гирифтани таҷрибаи пешқадам «Барномаи нави рушди маърифати экологӣ барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.   Омода намудани мутахассисони баландихтисоси сатҳи байналмилалии донандаи забонҳои хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар маънидод гардида, мувофиқи мақсад дониста шуд, ки дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист «Институти илмиву таҳқиқотии ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва экосистемаҳо» таъсис дода шавад.   Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати хешро барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда равона намуда, рисолати худро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

    44

    17.09.2025