14.10.2025

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст иштирокдорони форумро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Таъкид гардид, ки ҳадафҳои асосии ҳамоиш ин муаррифии захира ва имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, омодагии кишвар ба ҳамкорӣ ва фановариву ғояҳои нав, инчунин тасмими Ҳукумати кишвар ба идомаи ислоҳоту дигаргуниҳое, ки шароити мусоидро барои рушди устувор ва ташаккули шарикии дарозмуддат фароҳам меоранд, ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Форуми Душанбе сармоягузориҳои “сабз”-ро, ки рушди устувори иқтисодиро бо дарназардошти адолати иҷтимоӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ таъмин менамояд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст. Гуфта шуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, Форум зери унвони “Сармоягузориҳои сабз: имкониятҳои имрӯза барои устувории фардо” баргузор карда мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Форум барои таҳияи қарорҳои амалӣ, таҳкими эътимоди тарафайн, кушодани иқтидори сармоягузории минтақа дар асоси принсипҳои устуворӣ ва манфиати мутақобила заминаи муҳим фароҳам меорад.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ҷойгиршавии стратегии Тоҷикистон дар маркази Авруосиё ба мо имкон медиҳад, ки ҳамчун пайвандгари минтақаҳо ва қитъаҳо баромад карда, долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва логистикӣ, ки бозорҳо ва мардумони гуногунро муттаҳид мекунанд, таъсис диҳем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистони муосир кишвари дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, рушди боэътимоди муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои боз ҳам мусоиди сармоягузорӣ мебошад”.
Зикр карда шуд, ки таи солҳои охир кишвари мо ислоҳоти фарогир ба таҳкими уствории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи қарорҳои инноватсионӣ нигаронидаро амалӣ менамояд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, захираҳои ғании маъдан ва сарватҳои муҳими стратегӣ, сармояи инсонии ҷавон ва пурнеруро аз афзалиятҳои рақобатпазири кишвари мо номиданд.
Оид ба зарурати таваҷҷуҳ ба рушди иқтисоди сабз ва қабули Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 низ андешаронӣ сурат гирифт.
Бо ба назар гирифтани имконияту иқтидорҳои соҳаи энергетика ба ширкатҳои манфиатдор лоиҳаҳои ояндадори ин бахш барои сармоягузорӣ пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин, аз сармоягузороне, ки дар самти истеҳсоли технологияҳои муосир, батареяҳо, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мекунанд, барои саҳм гузоштан дар амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёси ин соҳаҳо истиқбол карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самъи иштирокдорони форум имкониятҳои дигари сармоягузории кишвар, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, кимиё ва дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, комплекси агросаноатӣ ва соҳаи сайёҳиро муаррифӣ намуданд.
“Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкили фазои мусоиди соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Имрӯз мо ба сармоягузорон зиёда аз 240 кафолат ва имтиёзҳои гуногун пешниҳод менамоем, ки зиёда аз 110-тои онҳо имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ мебошанд”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистонро барои фаъолияти тиҷоратии соҳибкорон ва сармоягузорон созгор номиданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи стратегии мо табдил додани Тоҷикистон ба макони боэътимоди сармоягузории дарозмуддат мебошад, ки ба ҳамкорӣ баҳри рушди устувор ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.
14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мегардад.
Бо истифода аз фурсат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳибкоронро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва барору муваффақиятҳо орзу намуданд.
Дар фарҷоми сухан Роҳбари давлат изҳори итминон намуданд, ки Форум ба оғози ташаббусҳои нави судманд замина гузошта, ҳамкориро таҳким мебахшад ва барои мардумони кишварҳо ва тараққиёти ҷаҳон натиҷаҳои намоён медиҳад.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳии Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест - 2025”, ҳамчунин, Султон Раҳимзода - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арипов Абдулло - Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон, Скляр Роман - муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон, Тунку Алӣ Ризауддин ибни Туанку Муҳриз - Валиаҳди Шоҳигарии Нигери-Сембилан, Малайзия, Татяна Молчан - Муовини котиби генералӣ, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо, Сайид Али Маданизаде - Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Холид бин Абдулазиз Ал-Фолеҳ - Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ суханронӣ намуданд.