22.07.2026
22 июли соли 2026 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии иттилоотию фаҳмондадиҳии намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони вазорат баргузор гардид.
Вохӯриро муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, дар таҳкими арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту исрофкорӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа нақши муҳим дорад.
Муовини якуми вазир ҳамчунин иброз дошт, ки кормандони соҳаи маориф ҳамчун тарғибгарони фарҳанги миллӣ бояд дар татбиқи муқаррароти қонун намунаи ибрат бошанд ва дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати риояи талаботи қонунгузорӣ тақвият бахшанд.
Дар вохӯрӣ мутахассиси пешбари Раёсати танзими ҷашну маросими Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Абдулазиззода иштирок намуда, оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ пешниҳод намуд.
Зимни баромад намояндаи кумита моҳият ва аҳаммияти қонуни мазкур, нақши он дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии исрофкорӣ ва таъмини риояи меъёрҳои муқарраргардидаи қонунгузориро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар идомаи вохӯрӣ ба масъалаҳои татбиқи моддаҳои 8, 9, 10, 11 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Тартиби баргузории ҷашну маросим, маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонун ва масъулияти шаҳрвандон барои риояи талаботи он ба таври муфассал шарҳ дода шуданд.
Ҳамзамон, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, оид ба татбиқи амалии муқаррароти қонун дар фаъолияти хизматӣ ва ҳаёти рӯзмарра мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки баргузории чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ба баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини иҷрои дақиқи талаботи қонунгузорӣ ва ташаккули муносибати масъулиятнок нисбат ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон