18.03.2025

 img

18-уми марти соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазир, муовинони собиқи вазир ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат чорабинии идона баргузор гардид.

 

Вазири маориф ва илм чорабинии идонаро оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба ҳамаи иштирокчиён сиҳатию саломатӣ, хотирҷамъӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно намуд.

 

Дар идома қайд карда шуд, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои суннатии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди беназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст.

 

Гуфта шуд, ки Наврӯз дар қатори Меҳргону Тиргону Сада аз бостонитарин ҷашнҳои ниёгони баруманду маърифатоини мост ва пайванди ногусастанӣ ба табиат дорад. Муҳимтар аз ҳама, ин фархундаҷашн мубаллиғу ифодагари дӯстию рафоқат, сулҳу ваҳдат, ростию покизагӣ ва бахту саодат буда, инсонҳоро ба накукорӣ даъват менамояд.

 

Дар идома гуфта шуд, ки Истиқлоли давлатӣ барои эҳёи комил ва тантанаи фарогири ин ҷашни хуҷаста шароити созгор ва имконоти васеъ фароҳам овард. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз ба як рукни Истиқлоли давлатӣ ва ба далели барҷастаи дорои фарҳанги воло будани тоҷикон табдил ёфт. Барои ба таври шоиста арҷгузорӣ кардан ба Наврӯзи ҷаҳоноро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эҳёгару посдори арзишҳои миллӣ хидмати бузургу мондагор кардаанд. Пешвои муаззами миллат Наврӯзро “шиносномаи миллат” номида, афзудаанд: “Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳамаи давру замон муқаддас буд. Аҷдоди мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзи Аҷамро мамнуъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯи орзуву ормонҳои деринаашон ба ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд”.

 

Сипас, бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз аз ҷониби вазири маориф ва илм ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ба як қатор кормандони вазорат барои хизмати бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ “Ифтихорнома”, “Сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

 

Дар идомаи чорабании идона баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби дастаҳои ҳунарии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳунармандони хушсалиқаи кишвар барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ ДАР ВАЗОРАТ img
  • ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ ДАР ВАЗОРАТ img
  • ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ ДАР ВАЗОРАТ img
  • ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ ДАР ВАЗОРАТ img
  • ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ ДАР ВАЗОРАТ img
  • ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ ДАР ВАЗОРАТ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштирок ва суханронӣ дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.   Дар оғози сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов барои меҳмоннавозӣ ва созмондиҳии хуби кори ҳамоиш арзи сипос карда, Туркманистони дӯстро бо раёсати муваффақона дар Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон табрик гуфтанд.   Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарфиятҳои назарраси Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар гузариш ба ҳамкории наздиктари иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ тамаркуз карда, таъкид доштанд, ки минтақа барои ин захираҳои фаровон дорад.   Тавре зикр гардид, ин захираҳо барои таъсиси корхонаҳои муштарак, маҷмааҳои саноатӣ ва коркарди маҳсулот имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.   Аҳамияти татбиқи фаъолтари технологияҳои рақамӣ ва “сабз”, ҳавасмандгардонии навоварӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар саноат муҳим дониста шуд.   Таъкид гардид, ки бояд ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи хизматрасонӣ, фаъолсозии лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ва содиротӣ, тақвияти устувории занҷираҳои таъминоти минтақавӣ ва мубодилаи таҷриба дар мутобиқсозии маҳсулот ба талаботи экологӣ, карбонӣ ва техникии бозорҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти зарурати густариши ҳамкории энергетикӣ ва аҳамияти он дар таъмини устувории истеҳсолоти кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ, пешниҳод намуданд, ки имкони тартиб додани рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятноки энергетикӣ ва дарёфти механизмҳои имконпазири маблағгузории муштараки онҳо баррасӣ карда шавад.   Дар ин робита, аҳамияти таҳия ва татбиқи лоиҳаи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар асоси технологияҳои навтарин, бо назардошти ниёзҳои тамоми минтақа таъкид гардид.   Ҳамчунин, Сарвари давлати мо пешниҳод намуданд, ки стратегияи гузариши минтақавии "сабз" бо назардошти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва беҳсозии самаранокии энергия таҳия карда шавад.   Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи масирҳои омехта, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро бо дигар минтақаҳои ҷаҳон мепайванданд, барои тақвияти пайвастагии нақлиётии минтақа аҳамияти калон дорад. Дар ин робита, Сарвари давлати мо зарурати кори самаранокро барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, инфрасохторӣ ва ташкилӣ, содда кардани расмиёти нақлиётӣ ва рақамикунонӣ таъкид намуданд.   Мавзӯи рақамисозиро идома дода, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамияти таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ёдовар шуданд ва изҳори итминон намуданд, ки фаъолияти он имкониятҳои инноватсионии кишварҳои минтақаро муттаҳид месозад ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъиро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ суръат мебахшад.   Сарвари давлати мо пешниҳод карданд, ки ҳамкорӣ дар робита ба мубориза бо тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳишёбии захираҳои об ва хокборишот, ки ба муҳити зист ва амнияти озуқавории кишварҳои мо таъсири бевосита мерасонанд, ривоҷ дода шавад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.   Дар ниҳояти сухан таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, ки ташаббусҳои созандаи кишварҳои минтақаро дастгирӣ карда,  ба татбиқи амалии тавофуқоти ҳосилшуда мусоидат намояд.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки эътимод ба ҳамдигар ва рӯҳияи шарикӣ ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки ба сӯи ҳадафҳои муштарак пайваста пеш раванд.

    34

    08.10.2026
  •  img
    Сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.   Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

    56

    08.10.2026
  •  img
    Оғози сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.   Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок хоҳанд кард.

    34

    08.10.2026