23.03.2026
Имрӯз, 23 марти соли 2026 дар маркази ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Сомониён бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси ноҳия Холзода Муҳамадшариф, сардори раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарон ва кормандони ташкилоту идораҳо ва беш аз 20000 нафар сокинони ноҳия таҷлили бошукӯҳӣ Наврӯзи оламфрӯз баргузор гардид.
Нахуст вазири маориф ва илм, роҳбарияти ноҳия ва меҳмон ба 6 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аробачаҳои маъюбӣ, ба 31 нафар ятимони кулл туҳфаҳои идона, ба 20 ҷуфт домоду арӯс шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотирмон ва ба 40 нафар кӯдакони аз оилаҳои эҳтиёҷманд сару либос ва туҳфаҳо супориданд.
Дар идома, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, дастурхони идонаи ҳафтсину ҳафтшин, намоиши таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои наврӯзӣ ва дастовардҳои варзишгарон ва роҳпаймоии наврӯзӣ дидан намуда, сипас, дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ барномаи фарҳангии идона баргузор гардид.
Дар сухани табрикотии худ намояндаи Ҳукумати кишвар, вазири маориф ва илм ва раиси ноҳия тамоми меҳмонон ва сокинони ноҳияро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуда, қайд карданд, имрӯз мардуми шарафманди ноҳия бо ҳисси меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба фарҳангу сунатҳои ниёгон оинҳои наврӯзиро пос дошта, ин ҷашни аҷдодиро бо шаҳомату нишоту сурур таҷлил менамоянд.
Гуфта шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, озодии ватани маҳбубамон ва бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз эҳё шуда, барои рушди минъбадаи русуми он заминаи мусоид муҳайё гаштааст. Зинда кардани тамаддуни аҷдодиамон ва ба ин васила бори дигар ба тамоми олам муаррифӣ намудани арзишҳои миллии мо ва ҳифзи ин арзишҳо кору пайкори доимии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидааст, ки ҳар яки мо бояд бечуну чаро ба қадру манзалати он бирасем. Байналмилалӣ гардидани Наврӯз худ гувоҳи он аст, ки аҷдодони мо чигуна фарҳанги бою пурғановат доштанд ва онро кишварҳои зиёд пазироӣ намуда, бо шакли қадимааш қабул намуда ҷашн мегиранд.
Барномаи фарҳангии чорабинӣ, ки аз ҷониби аҳли ҳунари фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ бо таронаҳои гулрези наврӯзӣ ва баҳорӣ саршор буд, меҳмонон ва сокинони ноҳияро болидахотир ва шоду масрур намуданд.