13.01.2025

 img

- Хуб медонем, ки масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо аз муҳимтарин вазифаҳои донишкада маҳсуб меёбад. Сол то сол таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм ба ин паҳ­луи фаъолияти омӯзгорон бештар гардидааст. Чанд сухан перомуни донишкада ва филиалҳои он мегуфтед.

 

- Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф аз қисмҳои муҳимтарини низоми таҳсилот ба шумор рафта, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва маҳорати касбии омӯзгорон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ин бахши таҳсилот дар меҳвари таваҷҷуҳи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва роҳандозӣ намудани усулҳои нави таълим таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

 

Ба ин маънӣ, Донишкадаи ҷумҳуривии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ягона муассисае мебошад, ки вазифаи асосии он такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Донишкада ва филиалҳои он дар тӯли фаъолияти худ дар самти такмили маҳорати касбии кормандони соҳа корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Ҳамасола 20 фоизи кормандон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд. Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар донишкада ва филиалҳо 561 курс баргузор гардид, ки дар он 12 934 нафар омӯзгору корманди соҳа фаро гирифта шуданд. Мусаллам аст, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардидан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар раванди таълим ва ба ин васила, самараноку муассир гардондани сифати таълим муҳим мебошад. Истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ташаккул ва такмили ихтисоси омӯзгорон нақши бориз дошта, дар шаклҳои гуногун ба роҳ монда мешавад. Яке аз шаклҳои он омӯзиши омехта мебошад, ки дар донишкада роҳандозӣ гардид. Он модели омӯзишест, ки дар он шаклҳои омӯзиши аудиторӣ (семинар, машварат, лексия), омӯзиши фосилавӣ (тариқи воситаҳои технологияҳои иттилоотиву комму­никатсионӣ), иҷрои корҳои амалӣ ва роҳбаладӣ ба мақсади тақвияти маҳорати касбии омӯзгорон ба таври ҳамгиро доир карда мешавад.

 

Дар нимсолаи якуми соли 2024 ҷиҳати амалӣ намудани рақамикунонии соҳаи маориф 22%-и курсҳои такмили ихтисос дар шакли омехта баргузор карда шуд.

 

– Маълум мегардад, ки фаъолияти донишкада тадриҷан рушду инкишоф меёбад. Ба ин маънӣ, Дурнамо (стратегия)-и рушди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030 қабул гардид ва дар ин ҳуҷҷати муҳим ҷиҳати вусъати фаъолият кадом афзалиятҳо ба инобат гирифта шудаанд ва чӣ бартариҳо доранд?

 

– Вазъи имрӯзаи соҳаи маорифи кишвар тақозои онро дорад, ки дар самти такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи кишвар ислоҳоти ҷиддӣ роҳандозӣ карда шавад. Бо ҳамин мақсад, аз ҷониби кормандони донишкада Дурнамо (стратегия)-и рушди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030 таҳия ва тасдиқ гардид. Дар доираи стратегияи мазкур афзалиятҳо ба самтҳои зерин дода шудааст:

- дастрасии кормандону омӯзгорони соҳаи маориф ба шаклҳои гуногуни такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;

- таъмин намудани сатҳи сифати таҳсилот барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;

- рақамикунонии низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;

- идоракунии низоми курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;

- баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорони донишкада.

 

Дар самти дастрасии кормандону омӯзгорони соҳаи маориф ба шаклҳои гуногуни такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ва таъмин намудани сатҳу сифати таҳсилот барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ корҳои зиёде ба нақша гирифта шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки дар донишкада бо дарназардошти талаботи имрӯзаи соҳа ба ғайр аз шакли ягонаи амалкунандаи такмили ихтисос (анъанавӣ - классикӣ) шаклҳои дигари такмили ихтисос, аз ҷумла, фосилавӣ, омехта, дуалӣ, худомузӣ ва мавзуӣ роҳандозӣ карда шавад.

 

Таъмини сифати таҳсилот барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз таҷдиди барномаҳои муосири таълимии курсҳои такмили ихтисос вобастагии амиқ дорад. Тибқи стратегияи мазкур то соли 2030 шумораи барномаҳои таълимии ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир аз 64 адад ба зиёда аз 700 адад расонида шавад. Амалӣ гардидани чунин тадбирҳо имкони дастрасии баробари кормандону омӯзгорони соҳаи маориф ба шаклҳои гуногуни такмили ихтисос ва таъмини сатҳи сифати таҳсилот барои шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзиро таъмин менамояд.

 

Масъалаи дигар, ки раёсати донишкада дар аввалият қарор додааст, рақамикунонии низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд платформаи «Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор» (СИРКО) коркард гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар платформа маводи таълимӣ, нақшаву барномаҳо, маҳфилҳои фаннӣ ва дарсҳои омӯзгорони навовару эҷодкор гузошта мешавад. Айни замон зиёда аз 24 ҳазор нафар омӯзгор дар платформа ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи дурнамои рушд (стратегия) то соли 2030 таъсиси якчанд платформа дар самти ба роҳ мондани пешбурди таълим аз рӯйи омӯзиши омехта, фосилавӣ ва худомӯзӣ дар назар дошта шудааст.

 

– Чунон ки дар боло ишора намудед, дар асоси стратегия зарурате ба миён меояд, ки барномаҳои нави таълимӣ коркард гардида, ба баланд шудани сатҳи таълими курсҳои омӯзишӣ мусоидат намоянд. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом дода шудааст?

 

– Имрӯзҳо дар донишкада аз рӯйи 64 барномаи таълимӣ курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд. Бо дарназардошти ворид намудани ислоҳот дар ин самт бояд барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисос ба чунин категорияҳо ҷудо карда шаванд:

- омӯзгорони собиқаи кории то 5-сола дошта;

- омӯзгорони собиқаи кории то 10-сола дошта;

- омӯзгорони собиқаи кории то 15-сола дошта;

- омӯзгорони собиқаи кории аз 15-сола зиёд дошта;

- омӯзгорони дорои таҳсилоти олии касбии тахассусӣ;

-омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи касбии тахассусӣ;

-омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- омӯзгорони дорои таҳсилоти ғайритахассусӣ (ғайрипедагогӣ).

 

Тибқи нақшаи миёнамуҳлати амали стратегия то соли 2030 барои 64 барномаи таълимии курсҳо аз рӯйи ҳашт категория барномаҳои таълимии курсҳо таҳия карда мешаванд. Дар назар дошта шудааст, ки номгӯйи барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос низ зиёд карда мешаванд.

 

Дар самти мазмуни барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ислоҳот давом дорад. То соли 2026 тамоми 64 барномаи таълимӣ бо дарназардошти омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо ва талаботи имрӯзаи соҳа таҷдиди назар карда мешавад. Дар ин самт гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи донишкада таъсис дода шудааст. Барномаи намунавии таълимии курси такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ гардид. Дар асоси он то моҳи сентябр 6 барномаи таълимӣ таҳия гардида, то охири сол ба таври пилотӣ-озмоишӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

 

– Мусаллам аст, ки бо густариши фаъолият ва баланд гардидани сатҳи таълим равобити байналмилалӣ нақши бориз дорад. Ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби лоиҳаҳо ва табодули таҷриба то кадом андоза ба такмили курсҳои омӯзишӣ такони ҷиддӣ мебахшанд?

 

– Донишкада бо як қатор кишварҳои хориҷӣ ва шарикони рушд роҷеъ ба самтҳои гуногуни корӣ шартнома ба тасвиб расонид. Ҳуҷҷатҳои имзошуда, асосан, самтҳои табодули таҷрибаи педагогӣ, коркарди барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос, чопи маводи таълимӣ, гузаштани таҷрибаомӯзии кормандони муассисаҳои ҷонибҳо, доир намудани семинару омӯзишҳои илмӣ-педагогӣ ва омода намудани тренерони ҷавобгӯ ба сатҳи байналмилалиро дар бар мегирад.

 

Моҳи марти соли 2024 Ёддошти тафоҳум байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Маркази маҳорати педагогии Ташкилоти худмухтори таълимии «Мактабҳои зеҳнии Назарбоев»-и Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид. Дар доираи ҳамкориҳо моҳи май бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада барои омода намудани 50 нафар тренери сатҳи байналмилалӣ курси омӯзишии 12-рӯза баргузор гардид. Курси мазкур дар доираи ҳамкориҳо бо дастгирии лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби намояндагони Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида шуда, 7 июни соли 2024 бомуваффақият ҷамъбаст гардид. Омӯзгорони донишкада ва филиалҳои он ҳамчун тренер соҳиби сертификати сатҳи байналмилалӣ гардиданд.

 

Инчунин, дар доираи санади мазкур аз 29 июл то 23 августи соли ҷорӣ 50 нафар тренери донишкада дар ҳамкорӣ бо тренерон аз Маркази маҳорати педагогии «Мактабҳои зеҳнии Назарбоев»-и Ҷумҳурии Қазоқистон 1206 нафар омӯзгорони шаҳри Душанбе аз семинари омӯзишии 10-рӯза оид ба «Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон» (PISA) дар се сатҳ (саводнокии табиӣ, математикӣ ва хондан) гузаронида мешаванд ва соҳиби сертификатҳои сатҳи байналмилалӣ мегарданд.

 

Ҳамчунин, дар доираи ҳамкориҳо бо лоиҳаи «Даря» бо мақсади баланд бардоштани мақоми донишкада ба 60 нафар омӯзгори ҷавони шаҳри Душанбе (аз 4 ноҳия), ки донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ мебошанд, семинар ва курсҳои баланд бардоштани маҳорати касбӣ, аз ҷумла, оид ба PISA ва Lesson stady ташкил карда мешавад. Онҳо дар татбиқи лоиҳаҳо ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

 

Шоистаи таъкид аст, ки дар донишкада маҷаллаи «Омӯзгор ва замон» таъсис дода шуд, ки бо нашр гардидани он ҳамчун роҳнамо дар хидмати омӯзгорон қарор гирифта, шакли электрониаш дар сомона ва платформа ҷойгир карда мешавад.

 

– Дар баробари пешрафт баъзе мушкилот низ вуҷуд доранд, ки дар ин миён метавон аз ҷониби масъулини бархе аз шаҳру ноҳияҳо таъмин накардани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисосро ёдовар шуд. Барои ба таври фарогир ҷалб намудани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва бартараф намудани мушкили мазкур чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

 

– Донишкада ҳамасола бо мақсади иҷрои нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ба сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсусро барои соли 2024 дастрас мегардонад. Ҷиҳати таъмини шунавандагон ба курсҳо ба унвонии раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқия ирсол гардида, рӯйхати иштирокчиён то оғози курсҳо тартиб дода мешавад. Новобаста аз ин, баъзе шаҳру ноҳияҳо омӯзгоронро ба курсҳо тибқи нақша таъмин намекунанд.

 

Бояд қайд намуд, ки вазифаи донишкада ва филиалҳои он баргузории курсҳои баландбардории маҳорати касбӣ буда, таъмин намудани иштироки омӯзгорону кормандони соҳа ба курсҳои такмили ихтисос тибқи сархати 13, моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» вазифаи мақомоти маҳаллии идоракунии маориф мебошад.

 

Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷиҳати аз курсҳои 5-сола ба 3-сола гузаштани омӯзгорон ва корман­дони соҳаи маориф тағйирот ворид карда шуд.

 

– Масъалаи дигаре, ки ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ иртиботманд аст, фарогирии омӯзгороне, ки таҷрибаманд ҳастанд, вале аз рӯйи равияи омӯзгорӣ мактабҳои олиро хатм накардаанд. Инчунин, ҳастанд нафароне, ки мувофиқ ба ихтисоси худ таълим намедиҳанд. Оё донишкада барномаи мушаххасро ҷиҳати ҳалли ин масъала дорад? Яъне, омӯзгороне, ки ҳам методу услуби ҷолиби тадрис ва ҳам таҷрибаи кофӣ доранд, дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ҷалб гардида, бо гирифтани сертификат ва ё ҳуҷҷати дигари махсус ҳамчун омӯзгори ихтисосманд пазируфта мешаванд?

 

- Маълум аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии кишвар фаъолияти теъдоди муайяни омӯзгорони ғайриихтисос ба назар мерасад. Бо мақсади аз байн бурдани ин мушкилот зарурати ҷорӣ намудани бозомӯзии омӯзгорони соҳа ба миён омадааст. Донишкада ҷиҳати бозомӯзии кормандони соҳаи маориф лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаи диплом барои хатмкунандагони курсҳои бозомӯзии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»-ро таҳия намуда, онро барои баррасӣ ва мувофиқа ба вазорату идораҳо пешниҳод намуд ва айни ҳол дар коркард қарор дорад. Пас аз баррасӣ нақша ва барномаҳои таълимии бозомӯзӣ бо дарназардошти талаботи имрӯза таҳия ва тасдиқ карда мешаванд. Амалӣ гардидани бозомӯзи имкон медиҳад, ки он омӯзгорон ва кормандоне, ки солҳои тӯлонӣ ғайри ихтисос фаъолият мекунанд, аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ, яъне, «Диплом» мегарданд. Мусаллам аст, ки дар ҷумҳурӣ теъдоди онҳо зиёд буда, таҷрибаи зиёди корӣ доранд ва мутахассиси соҳа мебошанд. Аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштани онҳо мушкилоти норасоии кадрӣ ва ғайриихтисос дарс додани омӯзгоронро аз байн мебарад.

 

– Ташаккур барои суҳбат.

 

– Саломат бошед.

 

Мусоҳиб Эҳсон САФАРЗОДА,

«Омӯзгор»

  • ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ ОМӮЗГОРОН ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МЕҲВАРИ ФАЪОЛИЯТ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ 22 майи соли ҷорӣ раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таҳти роҳбарии ректори муассиса дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба хизматҳои шоёни абармардони таърих ба мавзеи Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе қадам ранҷа намуданд.   Зимни аёдат иштирокдорон ба оромгоҳ ва манзили абадии Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи фарҳангиву таърихии миллат Нисор Муҳаммад ташриф оварда, ба хотири гиромидошти хизматҳои арзишманди онҳо дар назди давлату миллат гулчанбар гузоштанд ва бо қироати дуои хайр хотираи неки ин фарзандони содиқи Ватанро пос доштанд.   Ин иқдом ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву миллатсозонаи шахсиятҳои барҷастаи тоҷик амалӣ гардида, ҳамчун нишонаи эҳтиром ба корномаи фарзандони содиқи миллат арзёбӣ мешавад. Ин абармардон дар роҳи ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди забону фарҳанги тоҷикӣ ва таъмини озодиву соҳибистиқлолии кишвар ҷоннисориҳо намуда, бо фаъолияти ватандӯстонаи худ дар саҳифаҳои таърих номи ҷовидона гузоштаанд. Гиромидошти хотираи онҳо на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки омили муҳими тарбияи маънавию ватандӯстии насли ҷавон ва таҳкими худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.   Қобили зикр аст, ки бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мушт хоки ин фарзандони фарзонаи миллат аз хориҷи кишвар ба Ватан интиқол дода шуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба хизматҳои таърихии онҳо дар роҳи бунёд ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон арзёбӣ гардид. Ин амал аҳаммияти бузурги сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дошта, бозгӯи пайванди устувори миллат бо таъриху арзишҳои миллӣ мебошад.   Ҳамзамон, дар ҷараёни маросим хотираи неки чеҳраҳои маъруфи илму адаб, фарҳанг ва маърифати миллӣ низ гиромӣ дошта шуд. Таъкид гардид, ки омӯзиш ва муаррифии осори гаронбаҳои ин шахсиятҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, рушди тафаккури илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа аҳаммияти хосса дорад.

    25

    22.05.2026
  •  img
    САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАРҲАЛАИ НАВИ ШАРИКИИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИНРО ОҒОЗ БАХШИД Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз 11 то 14 майи соли 2026 баргузор гардид, аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсиву дипломатии сол ба ҳисоб меравад. Ин сафар дар шароите анҷом пазируфт, ки ҷаҳон марҳалаи нави таҳаввулоти сиёсиву иқтисодиро аз сар мегузаронад ва таҳкими шарикӣ бо давлатҳои боэътимод аҳаммияти бештар касб кардааст. Ин сафар идомаи муколамаи сатҳи олӣ байни ду давлати дӯст буда, ҳамзамон ба марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чин оғоз бахшид.   Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бар пояи принсипҳои дӯстӣ, ҳамкории судманд, эҳтироми мутақобил ва мувозинат ташаккул ёфта, сиёсати «дарҳои боз» ном гирифтааст.   Ин сиёсат давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамчун механизми муассири таҳкими мавқеи байналмилалии мамлакат хизмат намуда, барои густариши робитаҳо бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки аз баракати соҳибистиқлолӣ ва таҳти роҳбарии оянданигаронаву хирадмандонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, ҷонибдори муколама ва ҳамкории созанда шинохта шуда, мавқеи устувор касб намояд.   Дар меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳкими муносибатҳои неку ҳамсоягӣ, густариши ҳамкории иқтисодию гуманитарӣ ва рушди шарикии стратегӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон қарор дорад. Дар ҷаҳони муосир, ки муносибатҳои байналмилалӣ бештар бар асоси манфиатҳои муштарак ва эътимоди сиёсӣ рушд мекунанд, Тоҷикистон талош менамояд бо шарикони худ равобити дарозмуддат ва устувор барқарор намояд. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ин раванд яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Муносибатҳои Тоҷикистону Чин давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бар асоси эҳтироми мутақобил, эътимоди сиёсӣ ва манфиатҳои муштарак рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.   Ҳарду давлат дар масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи наздик дошта, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамдигарро пайваста дастгирӣ менамоянд. Ин ҳамгироӣ, пеш аз ҳама, ба таъмини субот, амният ва рушди устувори минтақа мусоидат мекунад. Тоҷикистон ва Чин ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории фаъол ва густурда доранд. Маҳз тавассути чунин созмонҳо ду давлат имкон пайдо менамоянд, ки дар ҳалли масъалаҳои мубрами амниятӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ саҳми муассир гузоранд.   Дар шароите, ки муносибатҳои байналмилалӣ рӯз ба рӯз печидатар гардида, рақобатҳои геополитикӣ шиддат меёбанд, Тоҷикистону Чин намунаи ҳамкории устувор, мутавозин ва бар пояи эҳтироми мутақобилро пешниҳод менамоянд. Чунин муносибатҳо бозгӯи онанд, ки ҳатто, дар фазои пуртазоди сиёсию амниятии ҷаҳон низ метавон шарикии боэътимод ва созандаро ҳифз намуд.   Дар доираи сафари давлатӣ Пешвои миллат ба шаҳрҳои Пекин ва Чонгчин сафар намуда, бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, роҳбарони воломақоми давлатӣ ва намояндагони доираҳои соҳибкориву сармоягузории Чин мулоқоту музокироти судманд анҷом доданд. Баргузории чунин мулоқотҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷонибҳо ба густариши ҳамкории иқтисодиву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ доранд.   Натиҷаҳои ин сафари давлатӣ воқеан муҳим ва таърихӣ арзёбӣ гардида, санадҳои баимзорасида ба муносибатҳои ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшанд. Аз рӯйи натиҷаи музокирот беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, 31 санади байнидавлатӣ ва байниидоравӣ самтҳои калидии муносибатҳои ду давлатро фаро мегиранд.   Дар байни санадҳои баимзорасида Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин Изҳороти муштарак оид ба таъмини шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар даврони нав аҳаммияти махсус доранд. Қабули чунин санадҳои бунёдӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин хусусияти дарозмуддат ва стратегӣ гирифтааст. Ин санадҳо заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро таҳким бахшида, аз иродаи қавии сиёсӣ барои густариши ҳамкории дарозмуддат шаҳодат медиҳанд.   Дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ, ки дар фазои самимӣ ва ҳусни тафоҳум доир шуд, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин аз нақши бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории Тоҷикистон ва рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин ёдоварӣ намуда, иброз доштанд: «Дӯсти азизам! Вохӯрии имрӯзаи мо дар вуҷуди ман эҳсосоти хеле гармро бедор мекунад. Имсол 35-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таҳти роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар бунёди давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки ин ба мо шодмонии самимӣ мебахшад.   Ҳамчун шахсе, ки шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Чин ва Тоҷикистонро дар давраи нав пешбарӣ кардааст, имрӯз ба Шумо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дода шуд. Ин эҳтиром ва дӯстии амиқеро, ки мардуми Чин нисбат ба Шумо ва тамоми миллати тоҷик доранд, инъикос мекунад.   Дар шароити нооромиҳои байналмилалӣ ҷаҳони муосир аз субот дур аст, аммо новобаста аз тағйирот дар муҳити беруна, Чин ва Тоҷикистон ҳамсояҳои хуб, дӯстони наздик ва шарикони боэътимод боқӣ мемонанд ва дар руҳияи кумаки мутақобил, эътимод ба ҳамдигар ва рушди муштарак боқӣ мемонанд.   Ҷаноби Президент! Ман омодаам бо Шумо ҳамкорӣ кунам, то ҷомеаи боз ҳам муттаҳидтари сарнавишти муштаракро байни Тоҷикистон ва Чин ба манфиати мардумони ҳарду кишвар тақвият диҳем».   Ин суханони самимӣ бозтоби эҳтироми шахсӣ ба Пешвои миллат буда, ифодаи муносибати хоси роҳбарияти Чин нисбат ба Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Чунин баҳои баланд аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин — роҳбари яке аз давлатҳои бузурги ҷаҳон аз нуфуз ва мавқеи устувори байналмилалии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ таъкид намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин имрӯз дар доираи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ босуръат рушд карда, ба манфиатҳои мардумони ҳарду давлат ҷавобгӯ мебошанд. Муҳим он аст, ки ин ҳамкорӣ танҳо хусусияти сиёсӣ надошта, ба беҳбуди сатҳи зиндагии мардум низ таъсири мустақим мерасонанд. Дар солҳои охир Чин ба яке аз шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкати дорои сармояи чинӣ фаъолият менамоянд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои пураҳаммияти иқтисодӣ саҳми назаррас доранд.   Ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои сохтмони роҳу нақбҳо, энергетика, саноат, коммуникатсия ва технологияҳои нав ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ бахшидааст. Ин инфрасохторҳо барои рушди минтақаҳо, афзоиши имконияти тиҷоратӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳаммияти калидӣ доранд.   Дар баробари ҳамкории иқтисодӣ ҷонибҳо ба рушди илму маориф, технология ва инноватсия низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин омил нишон медиҳад, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин танҳо ба манфиатҳои кӯтоҳмуддати иқтисодӣ маҳдуд набуда, ба рушди дарозмуддати захираҳои инсонӣ низ равона шудаанд. Маҳз ҳамин самтҳо дар ҷараёни сафари давлатӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.   Яке аз рӯйдодҳои муҳимми сафар сарфароз гардидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Профессори фахрии Донишгоҳи Пекин буд. Ин рӯйдоди фараҳбахшу пурифтихор барои ҷомеаи илмӣ ва академии Тоҷикистон низ аҳаммияти рамзии бузург дорад. Ин қадрдонӣ нишонаи эҳтироми ҷомеаи илмии Чин ба саҳми Роҳбари давлати Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳои илмиву фарҳангӣ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои обу иқлим мебошад.   Суханронии Пешвои миллат дар назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Пекин аҳаммияти бузурги сиёсиву маърифатӣ дошт. Аз ҷумла, Роҳбари давлат чунин изҳор доштанд: «Тавре ки маълум аст, робитаҳои илмиву маърифатӣ ва фарҳангӣ дар ҳар давру замон ба қавӣ гаштани дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқати байни халқҳо мусоидат кардаанд».   Ҳамчунин зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо масъалаи рушди неруи инсонӣ омили аслии рақобатпазирии давлатҳо ва пешрафти ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон рушди неруи инсониро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонад. Бо назардошти он ки беш аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи маориф, омодасозии кадрҳои рақобатпазир ва азхудкунии технологияҳои муосир аҳаммияти калидӣ касб мекунад. Ояндаи иқтисод ва рақобатпазирии кишвар низ маҳз ба сатҳи дониш ва малакаи насли ҷавон вобаста мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои таҳсилоти олӣ, илм ва технология босуръат густариш меёбад.   Имрӯз қариб шаш ҳазор ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои Чин таҳсил намуда, зиёда аз даҳ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишварро хатм кардаанд. Ин нишондиҳандаҳо аз густариши бештари робитаҳои илмиву таълимии ду кишвар дарак медиҳанд. Аксари онҳо дар самтҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таҳсил менамоянд, ки ин раванд аз афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонони тоҷик ба донишҳои муосир ва технологияҳои пешрафта шаҳодат медиҳад.   Барои мо – аҳли маориф ва илми мамлакат басе хурсандибахш аст, ки дар доираи сафари давлатӣ якчанд санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм ба имзо расиданд. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба густариши ҳамкории илмӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти мубодилаи илмӣ, техникӣ ва гуманитарӣ, ки дар шароити имрӯз бисёр саривақтӣ ва зарур шуморида мешаванд. Татбиқи чунин санадҳо метавонад дар рушди иқтидори илмӣ ва технологияи миллӣ заминаи воқеӣ гузорад.   Имрӯз зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои калидии рушди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Давлатҳое, ки тавони истифода ва технологияҳои рақамиро доранд, дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мавқеи устувортар пайдо мекунанд. Аз ин рӯ, ҳамкории Тоҷикистону Чин дар ин бахш метавонад барои омодасозии мутахассисони баландихтисос, мубодилаи кадрҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва таҳкими иқтидори илмии мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад.   Ҳамчунин имзои санадҳои марбут ба таъсиси Маркази муштараки ҳамкорӣ дар татбиқи зеҳни сунъӣ, Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзӣ, густариши мубодилаҳои илмӣ ва рушди Институти Конфутсий дар назди донишгоҳҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи иқдомҳои шоиста ба ҳисоб мераванд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ махсус таъкид карданд, ки марказҳои Конфутсий дар Тоҷикистон дар омӯзиши забони чинӣ ва муаррифии фарҳанги Чин саҳми арзишманд доранд. Омӯзиши забон имрӯз яке аз воситаҳои асосии густариши робитаҳои илмиву маърифатӣ ва фарҳангиву иқтисодӣ ба шумор меравад. Имрӯз дар 13 донишгоҳи Тоҷикистон омӯзиши забони чинӣ ба роҳ монда шуда, 10 муассисаи таҳсилоти олии кишвар аъзои шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.   Дар баробари ин, роҳбарияти олии ду давлат ба густариши мубодилаҳои фарҳангиву гуманитарӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ин раванд барои наздикшавии мардумон ва таҳкими робитаҳои байнифарҳангӣ аҳаммияти муҳим дорад. Тоҷикистон ҳавасмандии худро барои зиёд намудани бурсияҳои таҳсилотии Чин барои ҷавонони тоҷик, махсусан дар самтҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ иброз дошт.   Ҷанбаи дигари муҳимми ҳамкории Тоҷикистону Чин ба рушди таҳқиқоти муштараки илмӣ вобаста мебошад. Бо назардошти тағйирёбии иқлим ва мушкилоти экологӣ чунин таҳқиқот аҳаммияти байналмилалӣ низ доранд. Ду кишвар метавонанд дар соҳаҳои геология, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ, бостоншиносӣ ва омӯзиши мероси фарҳангӣ ҳамкории муассир дошта бошанд, зеро рушди фаъолияти якҷоя дар ин самтҳо барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор ва дорои захираҳои бузурги табиӣ аҳаммияти ҳаётӣ доранд.   Дар суханронии Пешвои миллат ба робитаҳои таърихии мардумони ду давлат низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ёдоварӣ аз чунин саҳифаҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки дӯстии Тоҷикистону Чин танҳо маҳсули даврони муосир нест. Таъкид шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи тоҷикону чиниҳо аз даврони «Роҳи бузурги абрешим» сарчашма гирифта, таърихи чандинҳазорсола доранд. Ҳуҷҷатҳои қадимии суғдие, ки соли 1907 дар Девори бузурги Чин кашф шудаанд, далели равшани робитаҳои фарҳангиву иқтисодии ду халқ ба шумор мераванд.   Ин воқеият гувоҳи он аст, ки ҳамкории Тоҷикистону Чин танҳо бар манфиатҳои имрӯз асос наёфта, балки дорои решаҳои амиқи таърихиву тамаддунӣ мебошад. Маҳз ҳамин заминаи таърихӣ барои рушди муносибатҳои устувор ва дарозмуддати ду кишвар нақши фаъол мебозад.   Муносибатҳои ду давлат, бахусус дар соҳаҳои илму маориф ва технология барои тарбияи насли нави мутахассисони соҳибмаърифат, рушди иқтисоди донишбунёд ва таҳкими иқтидори илмии Тоҷикистон аҳаммияти бузург доранд. Дар ҷаҳоне, ки рақобат бештар бар сари дониш, технология ва неруи инсонӣ ҷараён мегирад, маҳз чунин ҳамкорӣ метавонанд ояндаи устувор ва пешрафтаи миллатҳоро таъмин намоянд.   Дар маҷмуъ, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин саҳифаи нави муносибатҳои ду давлатро боз намуд. Натиҷаҳои ин сафар нишон доданд, ки Тоҷикистону Чин ба густариши ҳамкории фарогир ва дарозмуддат иродаи комил доранд. Имрӯз Тоҷикистону Чин ду давлати бо ҳам дӯст, ҳамсоя ва шарикони воқеии стратегӣ мебошанд, ки ҳамкории худро бар пояи эътимод, эҳтироми ҳамдигар ва манфиатҳои муштарак густариш медиҳанд.   Дилафрӯз ҚУРБОНЗОДА, сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    31

    22.05.2026
  •  img
    ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁНИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ЗАНОН “САРВАР” БО ФАЪОЛИЯТИ ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Маркази таълимии занон “Сарвар” ба бинои Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо фаъолияти мақоми олии қонунгузори кишвар аз наздик шинос шуданд.   Дар доираи ин боздид вохӯрии самимӣ ва судманд бо муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума ва вакилон Нилуфар Имомзода, Ҷамила Мусоҷонзода ва Ҳусния Исҳоқӣ баргузор гардид.   Зимни суҳбат масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, нақши ҷавонон дар ҷомеа, мақому манзалати занону бонувон дар даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди устувори кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Таъкид гардид, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон, бахусус духтарону бонувон, тамоми шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, фаъолияти ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар фароҳам оварда шудааст. Иштирокчиёни вохӯрӣ ҳамзамон ҷавононро ба ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди давлату ҷомеа ҳидоят намуданд.   Донишҷӯён аз имконияти фароҳамшуда барои шиносоӣ бо фаъолияти Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба ҷавонон ва ташкили чунин мулоқоту экскурсияҳои маърифатӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён карданд.

    27

    22.05.2026