29.10.2025
Таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода ҷаласаи корӣ вобаста ба таҳияи меъёрҳои арзёбии сифати таҳсилот баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа муовини вазир таъкид дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф пайваста афзун гардида, ҳадафи асосӣ аз ин ҳама иқдомҳо баланд бардоштани сатҳи таълим, таҳияи низоми муосири арзёбии дониш ва мутобиқсозии он ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Муовини вазир қайд кард, ки бо мақсади иҷрои талаботи банди 58 Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм “Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044” таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2024, №240 тасдиқ шудааст. Дар асоси он “Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044” ва нақшаи амали солҳои 2025-2027 низ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №141 қабул гардидааст.
Ҳадафи асосии таҳия ва татбиқи ин ҳуҷҷатҳо баланд бардоштани сифати таҳсилот, ба танзим даровардани низоми миллии арзёбӣ ва мутобиқсозии низоми маорифи кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шуъбаҳои сифати таҳсилот фаъолият доранд, ки мунтазам мониторинг гузаронида, натиҷаҳои онро ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод менамоянд.
Ҳамзамон, тибқи нақшаи амали солҳои 2025-2027 Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044, дар оянда таъсиси маҳзани ягона (платформаи рақамӣ) барои таҳлил ва арзёбии сифати дониш, малака ва маҳорати таълимгирандагон дар назар дошта шудааст.
Дар анҷоми ҷаласа муовини вазир таъкид намуд, ки татбиқи пурраи Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот имкон медиҳад, ки низоми таҳсилоти рақобатпазир ва инноватсионии кишвар ташаккул ёбад, ки ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон