17.07.2026

 img

1. Ғуломзода Зиёратшо – муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон

2. Иброҳимзода Илҳомуддин – муовини вазири маориф ва илм

3. Ёқубзода Сӯҳроб – муовини вазири нақлиёт

4. Яҳёзода Парвиз – муовини вазири энергетика ва захираҳои об

5. Давлатзода Азизуллоҳ – муовини сардори Хадамоти гумрук

6. Раҳмонзода Рамазон – директори Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

7. Золотухин Алексей – ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия

8. Фаррухҷони Саидҷафар – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб

9. Давлатзода Зафар – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон

10. Нуриддинзода Сайҷамолидин – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон

11. Абдураҳмонзода Шовалӣ – муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

12. Хотамзода Каримхон – муовини раиси Раёсати КВД бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

  • Таъиноти нави кадрӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Таъиноти кадрӣ 17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар вазорату идораҳои соҳаҳои бонкдорӣ, маориф, илм, нақлиёт, энергетика, гумрук ва нафақа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.   Аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибихтисос, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-истеҳсолӣ муовинони роҳбарони вазорату идораҳои  бахшҳои номбурда  доир ба рақамикунонии истеҳсолот ва технологияи муосири рақамӣ таъин гардиданд.   Дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии  вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти  кадрӣ сурат гирифт. Кадрҳои ҷавони дорои дастовардҳои  намоёни илмию таълимӣ ба вазифаҳои  роҳбарӣ дар ин муассисаҳо таъин гардиданд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суҳбат сатҳу сифати таълимро дар муассисаҳои  вазорати маориф ва илм бо мисолҳо таҳлил намуда, доир ба баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавон ва бартараф намудани камбудиҳои вобаста ба норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи рӯз супоришҳои мушаххас доданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона  ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон ва бо дасту дили пок иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ҳидоят намуданд.

    10

    17.07.2026
  •  img
    ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ИДОМА ДОРАД Дар доираи омодагӣ ба соли нави таҳсили 2026-2027 дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ корҳои таъмиру навсозӣ бо маром идома доранд.   Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№5, 6, 7, 8, 9, 10, 75, 76, 77, 79, 114, 115, 130 ва 131-и ҷамоати деҳоти Чоргултеппа то имрӯз беш аз 70 фоизи корҳои таъмири дохилии биноҳо ба анҷом расонида шудааст. Ҳамзамон, корҳои таъмири берунии муассисаҳо ва ободонӣ ҳоло идома доранд.   Тибқи нақшаи тасдиқгардида, то 1 августи соли ҷорӣ ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бояд ба соли нави таҳсил пурра омода гардида, барои қабули хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.   Қобили зикр аст, ки омодасозии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ба ҳисоб рафта, барои таъмини муҳити муносиби таълим ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии соҳаи маориф мусоидат менамояд.

    32

    17.07.2026
  •  img
    ДАВРАИ СОЛИМГАРДОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ ВИЛОЯТИ СУҒД Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд давраи солимгардонии кӯдакон мутобиқ ба реҷаи тобистона ба таври муташаккилона идома дорад.   Дар доираи ин давра барои таҳкими саломатӣ ва ташкили истироҳати кӯдакон машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, оббозӣ дар ҳавзҳо, бозиҳои шавқовар, расмкашӣ, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар фаъолиятҳои инкишофдиҳанда баргузор мегарданд.   Ҳамзамон, ба таъмини муҳити бехатар, риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ ва ташкили ғизои босифат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, раванди давраи солимгардонӣ таҳти назорати доимии Раёсати маорифи вилояти Суғд қарор дорад.

    35

    17.07.2026