05.08.2025

 img

Президенти муҳтарами Туркманистон, ҷаноби Сердар Гурбангулиевич Бердимухамедов,

 

Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,

 

Муҳтарам намояндаи воломақоми Созмони Милали Муттаҳид,

 

Хонумҳо ва ҷанобон!

 

Пеш аз ҳама, ба роҳбарияти Туркманистони дӯст ва Созмони Милали Муттаҳид барои баргузор кардани ҳамоиши муҳими байналмилалии имрӯза дар сатҳи баланди тадорукотӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос менамоям.

 

Аз лиҳози натиҷагирӣ ва таҳлили фарогири раванди татбиқи Барномаи амали Вена, солҳои 2014-2024, Конфронси имрӯза барои Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ  аҳамияти хосса дорад.

 

Ин чорабинӣ имкон медиҳад, то натиҷаҳо арзёбӣ гардида, бо таваҷҷуҳ ба рафъи монеаҳои мавҷуда, самтҳои афзалиятноки сафарбар кардани саъю талошҳои минбаъдаи мо муайян карда шаванд.

 

 Возеҳ аст, ки таъмини рушди устувор ва рафъи мушкилоти вобаста ба маҳдудиятҳои транзитӣ ва инфрасохтории кишварҳои маҳсур дар хушкӣ танҳо тавассути роҳандозии василаҳои муассир, имконпазир аст.

 

Мо бар он назарем, ки ташаккул ва истифодаи самараноки иқтидори  долонҳои нақлиётиву транзитии ин кишварҳо дар ноил шудан ба ин ҳадафҳо   мусоидат хоҳад кард.

 

Маҳз тавассути ҳамкориҳои боэътимод ва судманд, мо метавонем аз имкониятҳои нав барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши энергетика ва бунёди дигар инфрасохтори иҷтимоӣ истифода намоем.

 

Иштирокдорони гиромӣ,

 

Чуноне ки маълум аст, кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, бинобар мавқеи ҷуғрофии худ, дар роҳи рушди устувор бо мушкилоти барои ин гурӯҳ хос рӯ ба рӯ мешаванд.

 

Дар шароити имрӯза омилҳои осебпазир бар асари ташаннуҷи геополитикӣ, буҳронҳои молияву иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар хавфу таҳдидҳои глобалӣ бештар таъсиргузор мешаванд.

 

Дар ин замина, Тоҷикистон, бо дарназардошти афзалиятнокии соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ба рушди босуръати ин самтҳо аҳамияти хосса медиҳад.

 

Кишвари мо тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои дастрасӣ ба ҳадафи стратегии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ тадбирҳои амалӣ андешидааст.

 

Иқдомҳои мо дар ин ҷода дар навбати аввал ба тавсеаи имкониятҳои транзитӣ, навсозии долонҳои нақлиётӣ ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои минтақавӣ нигаронда шуда буданд.

 

Дар ин замина тайи чанд соли охир дар саросари кишвар беш аз 2500 километр роҳ бозсозию бунёд гардид ва ҳудуди 40 километр нақбҳои нақлиётӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд. 

 

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтан, ҳамчунин, рақамӣ  намудани расмиёти тиҷоратӣ ва гумрукӣ кушишҳои пайваста ба харҷ дода мешаванд.

 

Дар баробари ин, Тоҷикистон, бо дарназардошти иқтидорҳои гидроэнергетикии худ, ба масоили таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳаммияти хосса медиҳад. 

 

Ҳоло дар Тоҷикистон 98 фоизи нерӯи  барқ аз манбаъҳои обӣ истеҳсол карда мешавад ва кишвари мо аз лиҳози ҳиссаи истеҳсоли энергияи “сабз” дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад.

 

Татбиқи “Стратегияи миллии рушди иқтисоди сабз” то соли 2037 ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар оянда пурра ба истеҳсоли нерӯи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда гузарад.  

 

Албатта, барои татбиқи муассири чунин ҳадафҳои созанда сармоягузориҳои зиёд бо шумули технологияҳои пешрафтаи истифодаи босамар ва  оқилонаи энергия лозим аст.

 

Бо дарназардошти ҳампайвандии энергетика ва тағйирёбии иқлим, метавон гуфт, ки рушди энергияи “сабз” як қадами устувору мусбат дар масири ҳифзу беҳбуди иқлим мебошад. 

 

Пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим имрӯз ба иқтисоду экосистемаҳои кишварҳои мо зарари калон расонида, ҳатто ба ҳаёти одамон таҳдид мекунанд.

 

Тоҷикистон тайи бист соли охир дар пешбурди рӯзномаи байналмилалии обу иқлим ҳамчун кишвари пешоҳанг иштироки фаъол дорад.

 

Мушкилоти марбут ба об, хосатан дар кишварҳои осебпазир, аз ҷумла кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, ба таври возеҳ ба назар мерасад.

 

Танҳо сеяки аҳолии ин кишварҳо ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ дорад ва қисми боқимонда дар минтақаҳои хушк ё камоб зиндагӣ ба сар мебаранд.

 

Бо дарназардошти ин ҳолат, мо пайваста ба зарурати андешидани чораҳои фаврӣ ва татбиқи иқдомҳои муассири муштарак дар сатҳи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳифзи саривақтии манбаъҳои оби ошомиданӣ, бахусус пиряхҳо таъкид мекунем.

 

Обшавии босуръати пиряхҳо – яке аз манбаъҳои асосии оби ошомиданӣ, ҳоло ба як буҳрони глобалии замони мо табдил ёфта, дар чанд даҳсолаи охир шумораи онҳо бамаротиб коҳиш ёфтааст.

 

Албатта, ин ҳолат таъминоти обро халалдор ва ба амнияти озуқаворӣ таҳдид карда, ба рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад.

 

Бовар дорам, ки натиҷаҳои Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки   соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милал дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба пешбурди равандҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор хидмат мекунанд.

 

Татбиқи қатъномаи Созмони Милал дар бораи эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ», ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса қабул гардидааст, ба саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода мусоидат хоҳад кард.

 

Мо аз даъвати ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати афзоиши маблағгузорӣ барои тадбирҳои марбут ба ҳифзи иқлим ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷонибдорӣ мекунем.

 

Бовар дорам, ки натиҷаҳои талошҳои муштараки мо дар ин ҷода боз як омили муассири комёб гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд шуд.

 

Чунин рӯйкардҳои созанда, бешубҳа, барои ҳалли мушкилоти кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ҷиҳати рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии онҳо имкони муносиб фароҳам хоҳанд овард.  

 

Бо чунин ниятҳои нек ба Конфронси имрӯза барори кор хоҳонам. 

 

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Хабарҳои дигар

  •  img
    Суханронӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Олиҷанобон, Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо, Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш аз ҳама, ташрифи ҳар яки шуморо ба сарзамини бостонии Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегуям!   Барои мо мояи ифтихор аст, ки имрӯз дар доираи Раванди оби Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад.   Ин конфронс ба ташаккули уҳдадориҳои муштараки мо барои таҳкими ҳамкорӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо ҷиҳати ҳалли яке аз мавзӯъҳои ҳассоси замони муосир мусоидат мекунад.   Мо иштироки фаъол ва саҳмгузории шуморо дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об баланд қадр менамоем.   Иштирокчиёни гиромӣ, Тайи солҳои охир Тоҷикистон ба мақсади дар маркази рӯзномаи рушди байналмилалӣ қарор додани масъалаи об як силсила тадбирҳои амалӣ андешид.   Дар ин ҷода кишвари мо тавассути ташаббусҳои худ дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша дастгирӣ ёфтанд, пайваста талош варзид.   Ҷавҳари ин талошҳои мо аз масъалаҳои баланд бардоштани мақому манзалати об - сарвати бебаҳои ҳаёт – иборат аст.   Тоҷикистон ҳамоно ҷонибдори бархурди мутавозин, фарогир ва ба самараи амалӣ нигаронидашуда мебошад.   Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гувоҳи возеҳи кӯшишҳои муштараки мо дар ин самт мебошад.   Илова бар ин, баргузории муваффақонаи Конфронси таърихии оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 таҳти мизбонии Тоҷикистону Нидерландия зарурати уҳдадориҳои ҷаҳониро барои тезонидани амалҳо дар соҳаи об возеҳан нишон дод.   Мо дар доираи Раванди оби Душанбе ба талошҳои худ дар самти ташкили платформаи байналмилалии фарогир ва шаффоф идома дода, имрӯз, чун анъана, ҳукуматҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро аз саросари ҷаҳон барои дар амал татбиқ намудани уҳдадориҳои марбут ба об гирди ҳам овардаем.   Бояд эътироф кард, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар мавзӯи об, ҷаҳон ҳанӯз ҳам бо як зумра мушкилиҳое рӯ ба рӯ мебошад, ки раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устуворро душвор кардааст.   Ҳоло миллиардҳо нафар одамон ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд, наздик ба 4 миллиард нафар ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд.   Тамоюлҳои ҷорӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин мушкилиҳо дар оянда ба таври назаррас афзоиш хоҳанд ёфт.   Тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал ба 25 фоиз зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд.   Ҳамзамон бо ин, қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини ҷаҳон метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гардад.   Соҳаҳои нав ва босуръат рушдёбанда, аз ҷумла саноати “сабз”, шаҳрсозӣ, истеҳсоли озуқаворӣ ва инфрасохтори рақамӣ талабот ба обро боз ҳам зиёд хоҳанд кард.   Ин раванд зарурати гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳо ва ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқавориро дучанд месозад.   Илова бар ин, таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла хушксолӣ, обхезиҳо, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии сатҳи баҳр вазъи ҷориро дучанд шиддат мебахшад.   Воқеияти зикршуда барои низомҳои аллакай осебпазир фишори иловагӣ эҷод мекунад.   Ин нишондиҳандаҳо танҳо пешгӯӣ нестанд, балки ҳушдори ҷиддӣ ва даъват ба амал ба ҳар яки мо мебошанд.   Иштирокдорони муҳтарам, Ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилиҳои марбута, Тоҷикистон дар сатҳи милливу минтақавӣ низ чораҳои зарурӣ меандешад.   Дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи об заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ барои татбиқи марҳалавии мудирияти ҳамгироии захираҳои об ба таври назаррас таҳким ёфта, инфрасохтори калидӣ навсозӣ гардидааст, ки аллакай самаранокӣ ва устувории истифодаи обро беҳтар мекунад.   Барои суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор дар кишвари мо Стратегияи миллии об то соли 2040 ва Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029 қабул гардидаанд.   Ин санадҳо афзалиятҳои дарозмуддат ва тадбирҳои мушаххасро барои рушди соҳаи об муайян менамоянд.   Мо ният дорем, ки то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намуда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис диҳем.   Ҳамзамон бо ин, мо талош дорем, ки то соли 2040 дастрасӣ ба оби мутамарказро ҳадди ақал барои 90 фоизи аҳолӣ таъмин намоем.   Мо тасмим гирифтаем, ки ба ин васила дастрасии ҳар як шаҳрвандро ба оби тозаи ошомиданӣ кафолат диҳем.   Дар баробари ин, Тоҷикистон нақша дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро зиёда аз чил баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки ин неъмати бебаҳоро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад.   Гузашта аз ин, мо ният дорем, ки то соли 2040 рақамикунонии мудирияти захираҳои обро то 80 фоиз афзоиш дода, бо ин роҳ шаффофият, самаранокӣ ва устувории қабули қарорҳои марбутаро таъмин намоем.   Дӯстони гиромӣ, Мо ба рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об аҳаммияти хоса медиҳем.   Ҷиҳати таҳкими минбаъдаи эътимод, шарикӣ ва муколамаи созанда дар Осиёи Марказӣ оид ба ҳалли масъалаҳои муҳимми об ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем.   Тоҷикистон ба Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал ҳамчун платформаи мусоиди минтақавӣ барои баррасӣ ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои об ба хотири рушди устувор менигарад.   Вобаста ба ин ва бо дарназардошти мушкилоти муосир ва ниёзҳои кишварҳои минтақа, мо ҷонибдори такмили сохтори ин фонд ва дар чорчӯби он таъсис додани Комиссияи байнидавлатии энергетикӣ барои Осиёи Марказӣ ҳастем.   Ин комиссия метавонад ҳамчун як абзори муҳимми таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва таъмини рушди устувори ҳавзаи баҳри Арал хизмат намояд.   Ҳозирини муҳтарам, Дар солҳои охир, Даҳсолаи байналмилалии амали об ва Рӯзномаи амали об барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об заминаҳои мустаҳкам фароҳам сохтанд.   Бо вуҷуди ин, дар ҷодаи рафъи ин мушкилот ба нафъи имрӯзу ояндаи сайёра мо ҳанӯз дучори монеаҳои ҷиддӣ ҳастем.   Барои бартараф кардани ин монеаҳо, дар саросари ҷаҳон, дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иқдомҳои назаррас роҳандозӣ мешаванд, ки бояд ягонагӣ ва ҳамкориро дар самти об тақвият бахшанд.   Дар ин росто, мо ба талошҳои мутавозин, муассир ва фарогири манфиатҳои муштарак ниёз дорем.   Тоҷикистон бар ин назар аст, ки ба мақсади тавсеаи ин талошҳо ва амалисозии онҳо имрӯз зарурати гузариш ба марҳалаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об ба миён омадааст.   Аз ин лиҳоз, мо пешниҳод менамоем, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад.   Ин чаҳорчӯб метавонад равандҳои ҷориро дар масъалаҳои об таҳким бахшида, заминаи мусоидро барои ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии талошҳои муштарак ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалӣ муҳайё созад.   Ҳозирини гиромӣ, Мо ба марҳилаи ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” наздик мешавем.   Зарур аст, ки аз ҳоло дар бораи рӯзномаи ҷаҳонии об баъди соли 2030 андеша намоем.   Иқдомҳои мо дар ин ҷода бояд аз дастовардҳои Даҳсола, Рӯзномаи амали об ва таҷрибаи Раванди оби Душанбе маншаъ гирифта, ба ҳалли масъалаҳои рӯзафзуни марбут ба об равона карда шаванд.   Ёдовар мешавам, ки мо дар пешорӯи баргузории силсила ҳамоишҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об, аз ҷумла Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 ва Саммити Ҳадафҳои рушди устувор дар соли 2027 қарор дорем.   Ҳамзамон бо ин, дар соли 2028 шаҳри Душанбе мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид хоҳад гардид, ки аз Даҳсолаи ҷории байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» натиҷагирӣ хоҳад кард.   Бар ин боварам, ки натиҷаҳои ин ҳамоишҳо ба ташаккули Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 мусоидат хоҳанд кард.   Дар ин раванд, расидан ба натиҷаҳои амалӣ, маблағгузории устувор, ҳамгироии сиёсати об бо иқлиму энергетика, озуқаворӣ ва низомҳои муҳитзистӣ, инчунин, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ бояд мавзӯъҳои калидии Рӯзномаи нави обро ташкил диҳанд.   Дар ин замина, «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд.   Хонумҳо ва ҷанобон, Комёб гардидани мо дар ин масир, пеш аз ҳама, ба ҳамкории боэътимод, дарки муштараки мушкилот ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо вобастагӣ дорад.   Биёед, аз имкониятҳои конфронси имрӯза ҳамчун нуқтаи гардиш дар ҳаллу фасли масоили об истифода намоем.   Ҳамаи мо масъулияти муштараки муҳим дорем – ганҷинаи бебаҳои сайёра, яъне захираҳои обро бояд барои наслҳои имрӯзу оянда оқилона ва самаранок идора намоем.   Ҳозирини гиромӣ, Дар хотима, мехоҳам эълон намоям, ки мо ба мақсади пешбурд ва тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об таъсис додем.   Ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст.   Ташаккур аз таваҷҷуҳатон.

    41

    26.05.2026
  •  img
    ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд 19 майи соли 2026 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда ва саршор аз эҳсоси баланди худшиносӣ сабт гардид. Дар ин рӯз бо ташаббус ва иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз хоки мазори ин се фарзанди фарзонаи миллат аз шаҳри Москва ба Ватан оварда шуда, дар оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супорида шуд. Ин рӯйдод на танҳо маросими мотам ё ёдбуд, балки рамзи пирӯзии адолати таърихӣ ва бозгашти маънавии қаҳрамонон ба оғӯши Ватан буд.   — Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар масири пурпечутоби ҳастии худ ҳамвора аз имтиҳонҳои сахти қисмат гузаштааст. Дар оғози асри XX, замоне ки масъалаи тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ дар Осиёи Марказӣ сарнавишти халқҳоро ҳал мекард ва ҳастии миллати тоҷик зери хатари воқеӣ қарор дошт, маҳз фарзандони ҷонфидову сарсупурдае ба майдони мубориза омаданд, ки имрӯз мо давлати соҳибистиқлоли худро аз натиҷаи заҳматҳои онҳо медонем. Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои бузург ва меъморони нахустини давлатдории навини тоҷикон буданд.   Барои дарки аҳамияти ин рӯйдод нахуст бояд ба кору пайкор ва хизматҳои беназири ин се шахсият назар афканем. Нусратулло Махсум (1881-1937) ҳамчун роҳбари нахустини Тоҷикистон дар саргаҳи бунёди сохтори сиёсӣ ва маъмурии кишвар қарор дошт ва тавонист мақомоти давлатиро аз сифр ташкил намояд. Хизмати бузургтарини таърихии Нусратулло Махсум-ин муборизаи пайгиронаи ӯ барои ба Ҷумҳурии мустақили Иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад. Дар баробари ӯ Шириншо Шоҳтемур (1899-1937), ки аз ятимиву муҳоҷират то ба мақоми баландтарини давлатӣ расида буд, яке аз муборизон барои таъмини ҳуқуқи тоҷикон ба шумор меравад. Гузориши машҳури ӯ ба номи роҳбарияти марказӣ дар соли 1926 роҷеъ ба вазъияти воқеии тоҷикони Осиёи Марказӣ намунаи олии ҷасорати сиёсӣ буд ва ӯ дар муайянсозии ҳудудҳои маъмурии ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозид. Ҳамзамон бо ин ду абармард Нисор Муҳаммад (1897-1937) низ тамоми ҳастӣ ва дониши худро сарфи бедории маънавии мардуми тоҷик кард. Ӯ ҳамчун Вазири маорифи Тоҷикистон дар поягузории илму маориф, таълифи нахустин китобҳои дарсӣ ва ба донишгоҳҳои марказӣ фиристодани аввалин донишҷӯёни тоҷик саҳми беназир гузошт.   Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба буҳрони шадиди сиёсӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар чунин вазъияти ҳассос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк намуданд, ки барои наҷоти давлат ва муттаҳид сохтани миллат танҳо силоҳ ё иқтисод кофӣ нест, балки миллат ба такягоҳи қавии маънавӣ ва ҳувияти устувор ниёз дорад. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат номи ин қаҳрамонон дубора эҳё гардида, ба онҳо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.   Иқдоми моҳи майи соли 2026 — ба Ватан овардани хоки марқади ин се шахсият — қуллаи баландтарини ин сиёсати фарҳангпарварона ва таърихсоз маҳсуб мешавад. Ин ташаббус дорои пайомадҳои амиқи таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад. Аз як тараф, ба Душанбе овардани хоки онҳо бахшидани оромӣ ба руҳи қаҳрамонон ва барқарории адолати таърихӣ бошад, аз тарафи дигар, ин амал ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки Тоҷикистон давлати мустақилу соҳибихтиёр буда, қаҳрамонони худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.   Бузургтарин ҳадафи ин иқдоми Пешвои миллат ба оянда ва тафаккури насли наврас нигаронида шудааст. Барои ҷавонони имрӯза, ки дар шароити сулҳу субот бузург мешаванд, мафҳумҳои «истиқлолият» ва «давлатдорӣ» набояд танҳо калимаҳои одӣ бошанд. Вақте ҷавонон мебинанд, ки Сарвари давлат шахсан ба пешвози хоки қаҳрамонони миллат меравад, дар шуури онҳо ҳақиқати муҳим нақш мебандад: истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст ва барои соҳибдавлат шудани тоҷикон беҳтарин фарзандони он ҷони худро фидо кардаанд. Ин хотираи муқаддас насли наврасро водор месозад, ки Ватанро сидқан дӯст доранд, қадри сулҳу ваҳдатро бидонанд ва аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд.   Тавре ки мегӯянд, миллате, ки гузаштагони худро фаромӯш мекунад, ояндаи худро низ аз даст медиҳад. Иқдоми таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми равшан ба имрӯзу оянда аст, ки бузургонро бузургон зинда медоранд. Хотираи ин меъморони нахустини давлати тоҷикон дар қалби миллат то абад зинда хоҳад монд ва оромгоҳи онҳо дар Лучоб акнун на танҳо зиёратгоҳ, балки мактаби бузурги ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ барои тамоми наслҳои ояндаи Тоҷикистон хоҳад буд.

    32

    26.05.2026
  •  img
    Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа 26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд.   Сарвари давлат дар оғози суҳбат ба  Ли Ҷунҳуа, ки ҳамраиси “Раванди оби Душанбе” мебошад, барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштироки фаъол дар конфронси мазкур ва ҳам аз саҳми намоёни доимияш дар ин раванд арзи қаноатмандӣ намуданд.   Зимни суҳбат масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо СММ, бахусус бо Дафтари созмон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар масоили обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва кор бо паёмадҳои онҳо  баррасӣ шуд.   Оид ба татбиқи натиҷаҳои ҳамоишҳои қаблӣ дар соҳаи обу иқлим ва рушди устувор, ҳадафманд анҷом додани конфронси кунунӣ ва омодагӣ ба чорабиниҳои дигари байналмилалии ин самт дар соли равон ва соли 2028 гуфтугӯи судбахш ҷараён гирифт.   Ба кори “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ҷонибҳо таваҷҷуҳ карда, изҳори бовар намуданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар таҳкими имкониятҳои он саҳми назаррас хоҳанд дошт.   Гуфтугӯи судбахш, ҳамчунин доир ба  фаъол нигоҳ доштани Гурӯҳи дӯстони об ва пиряхҳо дар Ню-Йорк ва абзорҳои дигари рушди ҳамкорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, сурат гирифт. 

    32

    26.05.2026