23.08.2026

 img

Дар машварати августии соҳаи маорифи вилояти Суғд бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода омӯзгороне, ки дар омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бо сипоснома ва мукофотпулии яквақта сарфароз гардиданд.

 

Ҳамчунин хонандагоне, ки дар соли таҳсили 2025-2026 дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудаанд, бо мукофотпулӣ ва туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

 

Илова бар ин, 9 нафар иштирокчии хурди озмуни вилоятии «Ахтарони дониш» низ бо мукофотпулии яквақта сарфароз гардиданд.

  • СУҒД: ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲО ВА ОМӮЗГОРОНИ ОНҲО ҚАДРДОНӢ ШУДАНД img
  • СУҒД: ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲО ВА ОМӮЗГОРОНИ ОНҲО ҚАДРДОНӢ ШУДАНД img
  • СУҒД: ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲО ВА ОМӮЗГОРОНИ ОНҲО ҚАДРДОНӢ ШУДАНД img
  • СУҒД: ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲО ВА ОМӮЗГОРОНИ ОНҲО ҚАДРДОНӢ ШУДАНД img
  • СУҒД: ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲО ВА ОМӮЗГОРОНИ ОНҲО ҚАДРДОНӢ ШУДАНД img
  • СУҒД: ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲО ВА ОМӮЗГОРОНИ ОНҲО ҚАДРДОНӢ ШУДАНД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    СУҒД: ҚАДРДОНИИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФ Дар доираи машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд ба 40 нафар собиқадори соҳаи маориф туҳфаи пулии яквақта тақдим гардид.   Ин иқдом ҳамчун нишони эҳтиром ва қадрдонӣ аз заҳматҳои чандинсолаи собиқадорон дар рушди соҳаи маориф арзёбӣ гардид.

    6

    23.08.2026
  •  img
    БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 21 августи соли 2026 тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории чорабиниҳои фарҳангии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Данғара дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Данғара чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок доштанд.   Дастаи ҳунарии “Файзи Истиқлол”-и донишгоҳ барномаи мукаммали фарҳангии хешро иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона пешкаши иштирокдорон намуданд.

    13

    22.08.2026
  •  img
    ДУРАХШИ ИСТИҚЛОЛ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ   Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳкими худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву маънавии миллӣ ва фароҳам овардани муҳити солими фарҳангиву фароғатӣ барои аҳли донишгоҳ, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Устод Рӯдакӣ» чорабинии фарҳангӣ-фароғатии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ дастаи ҳаваскорони донишгоҳ бо барномаи рангини фарҳангӣ-ҳунарӣ баромад намуда, тавассути суруду мусиқӣ ва рақсу саҳнаҳои фарҳангӣ ғояҳои Истиқлол, сулҳу ваҳдат, муҳаббат ба Ватан ва ифтихори миллӣ-ро тараннум намуданд.

    13

    22.08.2026