28.04.2026

 img

28 апрели соли 2026 дар Муассисаи таълимии томактабии №1 -и ноҳияи Шоҳмансур даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии сол - 2026” дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар даври ноҳиявии озмун мураббияҳои муассисаҳои таълимии томактабии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур фаъолона иштирок намуда, сатҳи баланди дониши касбӣ, маҳорати педагогӣ, малакаҳои методӣ ва қобилияти эҷодии худро ба намоиш гузоштанд. Иштирокчиён бо машғулиятҳои намунавӣ, баромадҳои методӣ ва пешниҳоди таҷрибаи пешқадам сазовори баҳои баланд гардиданд.
Бо мақсади таъмини шаффофият ва риояи талаботи муқарраргардидаи озмун ҳайати доварон аз ҳисоби мураббияҳои соҳибтаҷриба, роҳбарони муассисаҳои томактабӣ ва мутахассисони соҳаи маориф таъсис дода шуда, фаъолияти иштирокчиёнро мутобиқ ба меъёрҳои муқарраршуда арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани раванди баргузории озмун кумитаи тадорукот фаъолият бурда, ҳамаи корҳои ташкилию методиро мувофиқи талаботи амалкунанда ба роҳ монд.
Даври ноҳиявии озмун бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода оғоз гардида, зимни баромади худ номбурда таъкид намуд, ки баланд бардоштани мақому манзалати мураббиён, такмили маҳорати касбӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбия ва дастгирии мутахассисони болаёқат яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин қайд гардид, ки фаъолияти босамари мураббиён дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии насли наврас нақши калидӣ дорад.
Бояд тазаккур дод, ки баргузории чунин озмунҳои касбӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мураббиён, такмили маҳорати педагогӣ, рушди методикаи таълиму тарбия, густариши таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

  • ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН - 2026» img
  • ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН - 2026» img
  • ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН - 2026» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ПЕШБУРДИ ҲАЛЛИ УСТУВОРИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАҲКИМИ МЕЪЁРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ 28 апрели соли 2026 дар дафтари Лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари иттилоотӣ барои шарикони рушди лоиҳаи мазкур, ки бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд амалӣ мегардад, баргузор шуд. Семинар таҳти унвони «Пешбурди ҳалли устувори энергетикӣ ва таҳкими меъёрҳои сохтмонӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуда, дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, инчунин мутахассисони соҳаҳои сохтмон ва энергетика иштирок намуданд. Дар қисми ифтитоҳӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, намояндагони Бонки Осиёии Рушд ва шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ, ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО, иштирок намуда, суханронӣ карданд. Семинарро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз ҳалли устувори энергетикӣ ва татбиқи стандартҳои муосири сохтмонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар доираи лоиҳа сохтмони биноҳои иловагӣ барои омӯзиши фанҳои дақиқ (блокҳои STEM) бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин меъёрҳо талаботи ҳатмиро дар самтҳои бехатарии сохторӣ, устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва самаранокии энергетикӣ дар бар мегиранд. Аз ҷумла, дар доираи такмили меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба ҷанбаҳои калидии татбиқи стандартҳои сохтмонии устувор ба зилзила, обхезӣ ва дигар хатарҳои табиӣ бо дарназардошти хусусиятҳои минтақаҳои гуногуни кишвар, истифодаи инфрасохтори «сабз» ва технологияҳои каммасрафи энергия, аз ҷумла, насби панелҳои офтобӣ ва системаҳои муосири гармидиҳӣ, ҷорӣ намудани системаҳои муосири гармидиҳӣ, вентилятсия ва ҳаводиҳӣ (HVAC) барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим дар тамоми фаслҳои сол, таъмини бехатарии сӯхтор, мавҷудияти баромадгоҳҳои изтирорӣ ва фароҳамсозии дастрасии пурра барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд, истифодаи маводҳои сохтмонии экологӣ ва камкарбон, ки ба коҳиши таъсири манфӣ ба муҳити зист мусоидат мекунанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳамзамон, ба масъалаҳои таъмини инфрасохтори обтаъминкунӣ ва беҳдошт, аз ҷумла, ташкили иншооти алоҳида барои духтарон ва писарон, инчунин таъмини дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, диққати махсус дода шуд. Зикр гардид, ки тарҳрезии биноҳо бо дарназардошти устуворӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ гардида, омилҳои муосири муҳандисӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани қобилияти тобоварӣ ба сарбориҳои иловагӣ, ба назар гирифта мешаванд. Дар баромадҳои намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ аҳаммияти муҳити таълимии бехатар, фарогир ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ҳамчун омили калидии таъмини таҳсилоти босифат таъкид гардид. Дар қисми муҳокимаи муштарак иштирокдорон табодули таҷриба намуда, роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва беҳтар намудани сифати лоиҳакашӣ ва сохтмони муассисаҳои таълимиро баррасӣ карданд. Қобили зикр аст, ки Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба татбиқи Лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2023 ба имзо расидааст. Лоиҳа дар сатҳи ҷумҳурӣ амалӣ гардида, 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии интихобшударо дар бар мегирад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа муассисаҳои таълимии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун марказҳои такягоҳӣ барои рушди инфрасохтор ва такмили ихтисоси омӯзгорон интихоб гардидаанд.

    34

    28.04.2026
  •  img
    БАРНОМАИ ИТТИЛООТИИ «KUDAK.TJ» БАРОИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ РӮНАМО ШУД 27 апрели соли ҷорӣ дар бинои «IT Park Dushanbe» маросими расмии рӯнамоии барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе доир гардид. Дар чорабинӣ сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Б. Исмоилзода, муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон Д. Муқимӣ, доктори илмҳои педагогӣ академик, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон И. Каримова, сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Назарализода, сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Т. Маҳмадова, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Каримзода, директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ‑иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» З. Муродзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарият ва ҳайати кормандони Маркази таҳлилӣ‑иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, менеҷерони барнома, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе ва доираи васеи рӯзноманигорон иштирок намуданд. Чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор шуда, ба марҳалаи нави рақамикунонии равандҳои таҳсилоти томактабӣ дар пойтахт оғоз бахшид. Бояд гуфт, ки барномаи иттилоотии «Kudak.tj» низоми ягонаи рақамӣ барои бақайдгирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо, идоракунии раванди қабул, ташкили омори дақиқ ва такмили ҳамкории муассисаҳо бо волидайн мебошад. Он бо мақсади содагардонии расмиёти бақайдгирӣ, таъмини шаффофияти навбат ва роҳхат, автоматикунонии журнали давомот ва беҳтар намудани назорати дохилии муассисаҳои томактабӣ таҳия шудааст. Гуфта шуд, ки барнома дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 сентябри соли 2025, №575 роҳандозӣ гардида, аввалин маротиба маҳз дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт ба кор дароварда шудааст. Ба таъкиди роҳбарияти соҳа, таҷрибаи Душанбе минбаъд метавонад барои дигар шаҳру ноҳияҳо низ ҳамчун намуна хизмат кунад. Дар қисми амалии чорабинӣ менеҷерони барнома аз Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ‑иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» сохтор ва тартиби истифодаи «Kudak.tj»-ро бо баргузории рӯнамо ва намоиши слайдҳо шарҳ доданд. Иштирокчиён аз ҷорӣ гардидани чунин низоми ягонаи рақамӣ истиқбол намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ҷараёни татбиқи минбаъдаи барнома баён карданд. Дар анҷом таъкид гардид, ки «Kudak.tj» барои таҳким бахшидани шаффофият, сарфаи вақт, баланд бардоштани сифати идоракунӣ ва таҳкими робитаи муассисаҳои томактабӣ бо волидайн нақши муҳим хоҳад бозид. Ба гуфтаи масъулон, ҳамзамон бо тавсеаи ҷуғрофии барнома, пайваста такмил додани муҳтавои рақамӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ ба корбарон дар назар дошта шудааст.

    58

    27.04.2026
  •  img
    ДАР ДУШАНБЕ ҒОЛИБОНИ ЯКЧАНД ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд. Соли равон ба озмуни «Олими сол» 47 парванда пешниҳод гардида, 13 нафар ғолиб дониста шуданд. Ба озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» 101 ҳуҷҷат ворид гардида, 41 нафар ғолиб муайян гардиданд, ки аз онҳо 10 нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар озмуни «Магистранти сол» аз байни 44 кори илмӣ 7 нафар ғолиб эътироф шуданд, ки аксари онҳо занон мебошанд. Ғолибони ин озмунҳо бо Диплом, ҷом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар оғози маросими ҷоизасупорӣ Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз намуд, ки рушди илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Маҳз бо сиёсати созандаю ободкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мустаҳкам гардида, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва нуфузи худро баланд мебардорад. Такъид карда шуд, ки дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии давлат, соҳаи илму маорифи ҷумҳурӣ низ тадриҷан рушд меёбад. Дар ин давра дар самти таъмини заминаҳои рушди илм як қатор стратегия ва барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, «Дар бораи номгӯйи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030», «Стратегияи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030», «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030» ва «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошад, ки дар рушди илм нақши муҳим доранд. Тазаккур дода шуд, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва имсол «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад, ки дар онҳо теъдоди зиёди хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок менамоянд. Дар ин замина якчанд озмунҳои ҷумҳуриявии самти илм – «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» низ баргузор карда мешаванд. Дар доираи маросими ҷоизасупорӣ инчунин як зумра олимону кормандони соҳа барои саҳми арзанда дар рушди илм ва маориф, иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

    63

    24.04.2026