14.09.2026
Дар тамоми давраи соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди маориф бо масъалаи рушди ҷомеаи муосир пайванди мустақим пайдо намудааст. Зеро тағйироти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва технологие, ки дар ҷомеа ба амал меоянд, пеш аз ҳама, ба низоми маориф таъсир мерасонанд. Ҳадафи асосии низоми маориф тарбияи инсони фаъол, соҳибмаърифат, соҳибҳунар, масъулиятшинос ва созандаву бунёдкор мебошад. Дар ҳамин замина, масъалаҳои ташаккули худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, шинохти арзишҳои умумиинсонӣ, рушди тафаккур, қобилияти мустақилона андеша кардан, малакаи ҳамкорӣ ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа аҳаммияти махсус пайдо мекунанд.
Ҳар як муассисаи таълимӣ дар иҷрои ин вазифаҳо саҳми худро дорад. Мактаб дар чунин шароит на танҳо ҳамчун муассисаи омӯзонидани фанҳои таълимӣ, балки муҳити ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги муошират, худшиносии миллӣ ва омодагӣ ба зиндагии мустақилона бояд бошад. Натиҷаи фаъолияти мактаб танҳо бо баҳои хонандагон муайян намегардад, балки барои мо муҳим аст, донем, ки хонанда то кадом андоза донишро мефаҳмад, онро истифода карда метавонад, фикри худро асоснок баён менамояд, масъалаҳоро таҳлил мекунад, бо дигарон ҳамкорӣ менамояд ва дар баробари тағйироти ҷомеа мавқеи дуруст интихоб мекунад. Бинобар ин, ташкилу баргузории машваратҳои августии кормандони соҳаи маориф аҳаммияти махсус доранд.
Машваратҳои августӣ яке аз марҳилаҳои муҳимми омодагӣ ба соли нави таҳсил ба ҳисоб рафта, фаъолияти кормандони соҳа дар соли гузашта, дастоварду камбудиҳо, вазифаҳои нав ва самтҳои минбаъдаи фаъолият дар он мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Тибқи Дастурамали ташкил ва баргузор намудани машваратҳои августӣ ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маориф, ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2026 тасдиқ гардидааст, машваратҳои августӣ ҳамасола дар нимаи дуюми моҳи август баргузор мегарданд ва омӯзгорони фанҳои таълимӣ, мураббиён, роҳбарони синф, китобдорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, мутахассисони соҳаи маориф ва дигар кормандони дахлдорро фаро мегиранд.
Машварати августӣ танҳо ба фаъолияти омӯзгорони фанҳои алоҳида маҳдуд нагардида, доираи васеи кормандони соҳаи маорифро муттаҳид менамояд, ки масъалаҳои таълим, тарбия, роҳбарӣ, корҳои методӣ, фаъолияти китобхонаҳо, идоракунии муассиса ва ҳамкории сохторҳои гуногунро дар бар мегиранд.
Мақсади асосии машварати августӣ таҳлили натиҷаҳои соли таҳсили гузашта, муайян намудани самтҳои асосии фаъолият барои соли нави таҳсил, ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, шиносоии омӯзгорон бо тағйиру иловаҳои нақшаву барномаҳои таълимӣ, ҷамъбасту паҳн намудани таҷрибаи пешқадам, истифодаи технологияҳои муосир ва такмили маҳорати методию касбии омӯзгорон муайян гардидааст.
Аз ин лиҳоз, машварати августӣ, пеш аз ҳама, муҳити таҳлили фаъолияти соҳа, мубодилаи таҷриба, омӯзиши масъалаҳои воқеии таълим ва муайян намудани вазифаҳои соли нави таҳсил ба ҳисоб меравад. Ҳар соли таҳсил барои соҳаи маориф бо натиҷаҳои муайян ҷамъбаст мегардад. Дар баробари дастовардҳо масъалаҳое низ пайдо мешаванд, ки омӯзиш, таҳлил ва хулосабарориро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, таҳлили фаъолияти соли гузашта яке аз қисматҳои муҳимтарини машваратҳои августӣ мебошад.
Дар марҳилаи омодагӣ ба машварати августӣ таҳлили натиҷаи аттестатсия, мониторинг, сатҳу сифати таҳсилот, малака ва маҳорати хонандагон ва иштироки онҳо дар озмуну олимпиадаҳоро гузаронида мешавад. Чунин таҳлил имкон медиҳад, ки натиҷаи фаъолияти ҳар як муассиса воқеъбинона арзёбӣ гардад. Дар ҷое, ки нишондиҳандаҳо хубанд, сабабҳои муваффақият омӯхта мешаванд. Дар ҷое, ки мушкилот ҷой дорад, омилҳои он муайян мегарданд. Бо ҳамин васила, машварат метавонад, ба воситаи воқеии такмили фаъолияти муассисаҳои таълимӣ табдил ёбад.
Яке аз масъалаҳои муҳиму меҳварӣ дар машваратҳои августӣ фаъолияти омӯзгор мебошад. Омӯзгор дар тамоми низоми маориф мавқеи марказӣ дорад. Ҳар тағйироте, ки дар мазмуни таълим, барнома, китоби дарсӣ, технология, арзёбӣ ё ташкили дарс амалӣ мегардад, дар ниҳоят тавассути фаъолияти омӯзгор татбиқ мешавад. Омӯзгори имрӯза дар шароити хеле мураккаб фаъолият мекунад. Ҳаҷми иттилоот меафзояд, технология босуръат рушд мекунад, талаботи ҷомеа ба сифати таҳсилот баланд мегардад ва хонанда низ нисбат ба солҳои пешин ба манбаъҳои гуногуни дониш дастрасии бештар дорад. Дар чунин шароит нақши омӯзгор тағйир меёбад. Омӯзгор фаъолияти таълимии хонандаро ташкил менамояд, ӯро ба андеша кардан водор месозад, муҳити омӯзишро идора мекунад, ба инкишофи қобилиятҳои инфиродӣ мусоидат менамояд ва дар ташаккули шахсияти кӯдак саҳми калон мегузорад.
Машварати августӣ барои омӯзгор имкон медиҳад, ки бо мазмун ва талаботи соли нави таҳсил шинос гардад, тағйироти барномаҳои таълимиро омӯзад, таҷрибаи ҳамкасбонро баррасӣ кунад, оид ба масъалаҳои дарс ва фаъолияти тарбиявӣ фикру мулоҳиза баён намояд ва барои фаъолияти минбаъдаи худ хулоса барорад. Махсусан, масъалаи сифати дарс дар маркази таваҷҷуҳи фаъолияти методӣ қарор мегирад. Ҳар гуна тадбир дар соҳаи маориф дар ниҳоят ба сифати дарс таъсир мерасонад. Муҳити синфхона, омодагии омӯзгор, мазмуни мавзуъ, усули баён, фаъолияти хонанда, истифодаи воситаҳои таълимӣ ва тарзи арзёбӣ маҷмуи омилҳое мебошанд, ки ба натиҷаи омӯзиш таъсири мустақим доранд.
Дарси хуб дар зеҳни хонанда савол пайдо мекунад, таваҷҷуҳи ӯро бедор месозад, ба таҳлил водор менамояд ва имкон медиҳад, ки дониш бо таҷрибаи воқеӣ пайваст гардад. Дар чунин дарс хонанда танҳо шунаванда намемонад. Ӯ фикр мекунад, муқоиса менамояд, хулоса мебарорад, масъала ҳал мекунад ва дониши худро дар ҳолатҳои нав истифода мебарад.
Дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ ин масъала боз ҳам аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Воситаҳои рақамӣ имкон медиҳанд, ки дастрасӣ ба иттилоот васеъ шавад, маводди таълимӣ гуногун гардад ва фаъолияти мустақилонаи хонанда бештар дастгирӣ ёбад. Бо мақсад мувофиқ аст, ки дар доираи баргузории машварати августӣ дар кори бахшу сексияҳо истифодаи технологияҳои муосир, машғулиятҳои интерактивӣ, тренингҳо, омӯзиши ҳолатҳои амалӣ, мастер-классҳо, мизи мудаввар ва муҳокимаи озод ташкил карда шаванд. Ҳамчунин, истифодаи платформаҳои таълимӣ, воситаҳои рақамӣ, захираҳои онлайн ва шаклҳои гуногуни иштирок дар ҷараёни машварат мавқеи махсус дорад. Ин имкон медиҳад, ки машваратҳои августӣ бо мазмуни амалӣ ғанӣ гарданд. Омӯзгор ҳангоми иштирок дар машварат танҳо маълумот намегирад, балки метавонад, намунаи истифодаи технологияро бинад, усули корро омӯзад ва онро бо фаъолияти худ муқоиса кунад.
Дар шароити имрӯза масъалаи зеҳни сунъӣ низ тадриҷан ба яке аз мавзуъҳои муҳимми соҳаи маориф табдил ёфта истодааст. Технологияҳои зеҳни сунъӣ ба тарзи дастрасӣ ба иттилоот, таҳияи мавод, омӯзиш, таҳлил ва муошират таъсири амиқ мерасонанд. Ҳолати мазкур омӯзгорро водор месозад, ки имкон ва маҳдудияти технологияҳои навро дарк намояд, зеро истифодаи онҳо дар раванди таълим бо саводнокии рақамӣ, фарҳанги кор бо иттилоот, санҷиши манбаъ, ҳифзи маълумот ва масъулияти ахлоқӣ пайванди бевосита дорад.
Дар баробари масъалаҳои таълимӣ, тарбияи хонандагон низ яке аз самтҳои меҳварии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад. Мактаб дар ташаккули шахсияти кӯдак нақши хеле бузург дорад. Муносибати хонанда ба Ватан, ҷомеа, меҳнат, дониш, фарҳанг ва инсон аз муҳите, ки ӯ дар он тарбия мегирад, вобаста мебошад. Тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги муошират, масъулиятшиносӣ, одоби ҳамида ва эҳтироми қонун дар фаъолияти муассисаи таълимӣ ҷойгоҳи хос доранд.
Муҳити таълимӣ худ як воситаи тарбия мебошад. Рафтори омӯзгор, муносибати роҳбар бо кормандон, муносибати омӯзгорон бо хонандагон, фазои синфхона ва фарҳанги муошират ба ташаккули шахсияти хонанда таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, масъалаҳои тарбия дар машваратҳои августӣ бо масъалаҳои таълим дар пайванди мустақим баррасӣ мегарданд. Таълиму тарбия ду ҷузъи як раванди ягона мебошанд. Дониш бе фарҳанг ва ахлоқ арзиши иҷтимоии худро аз даст медиҳад. Тарбия бе дониш ва ҷаҳонбинӣ низ самараи пурра дода наметавонад.
Яке аз самтҳои дигари асосии машваратҳои августӣ омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам мебошад. Дар муассисаҳои таълимии кишвар омӯзгорон ва роҳбарони зиёде фаъолият мекунанд, ки дар фаъолияти худ таҷрибаи хуб ба даст овардаанд. Таҷрибаи пешқадам дар ҳолате арзиши бештар пайдо мекунад, ки он омӯхта шуда, таҳлил ва дастраси дигарон гардад. Агар таҷрибаи муваффақ танҳо дар доираи як омӯзгор ё як муассиса маҳдуд монад, имкони таъсири он ба рушди умумии соҳа кам мегардад. Дар ҳамин замина, намоиши маводди таълимию методӣ, дидактикӣ, дастурҳо, корҳои эҷодӣ, дастовардҳои хонандагон ва таҷрибаи омӯзгорон аҳаммияти калон дорад, зеро он имкон медиҳад, ки таҷрибаи муассисаҳо муқоиса гардад, идеяҳои нав пайдо шаванд ва фаъолияти эҷодии омӯзгорон бештар муаррифӣ гарданд.
Ҳар омӯзгор дар оғози соли нави таҳсил ба синфхона бо масъулияти нав ворид мегардад. Ҳар роҳбари муассиса фаъолияти худро бо ҳадафҳои нав идома медиҳад. Ҳар методист масъалаҳои нави дастгирии омӯзгоронро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Натиҷаи кори ҳамаи онҳо дар як нуқта ба ҳам мепайвандад, ки ин нуқта сифати таълиму тарбияи хонанда мебошад. Соли нави таҳсил барои ҳар як хонанда як марҳилаи муҳимми ҳаёт аст. Ӯ дониши нав меомӯзад, таҷрибаи нав мегирад, бо одамони нав муносибат мекунад ва ҷаҳонбинии ӯ тадриҷан ташаккул меёбад. Ҳар рӯзи таҳсил дар ҳаёти кӯдак аҳаммияти калон дорад. Он чизе, ки имрӯз дар синфхона омӯзонида мешавад, метавонад ба интихоби касб, муносибат ба ҷомеа ва роҳи минбаъдаи зиндагии ӯ таъсир расонад. Аз ҳамин сабаб, масъулияти кормандони соҳаи маориф танҳо ба иҷрои нақшаи таълимӣ маҳдуд намегардад, зеро онҳо дар ташаккули сармояи инсонӣ ва ояндаи ҷомеа саҳм мегузоранд.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба насли дорои дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ, худшиносии миллӣ, фарҳанги баланди ахлоқӣ, малакаҳои рақамӣ, қобилияти эҷодӣ ва эҳсоси масъулият ниёз дорад. Тарбияи чунин насл аз фаъолияти ҳамоҳанг ва масъулиятноки омӯзгорон, роҳбарон, методистон, падару модарон ва тамоми ҷомеа вобаста буда, вазифаи бузург, пурифтихор ва масъулиятноки аҳли маориф мебошад.
Машваратҳои августӣ дар оғози соли нави таҳсил ҳамин масъулиятро бори дигар ёдрас намуда, аҳли маорифро барои фаъолияти созанда, омӯзиши пайваста, ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки таълим ва тарбияи насли шоистаи Ватан муттаҳид месозанд.
Шавкат КАРИМЗОДА,
директори Маркази ҷумҳуриявии таълимиву методии назди
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон