14.10.2025

 img

14 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи баргузории семинарҳои омӯзишӣ семинар дар мавзуи «Роҳҳои пешгирии коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо» баргузор гардид.

 

Дар кори семинар муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.

 

Муовини якуми вазири маориф ва илм зимни суханронӣ таъкид намуд, ки роҳбарияти Вазорати маориф ва илм пайваста барои таҳкими низоми қонунмеҳварӣ, шаффофият ва масъулиятшиносӣ дар фаъолияти худ тадбирҳои муҳим меандешад ва мубориза бо коррупсия ва таҳкими механизмҳои зиддикоррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорат ба шумор меравад. Зеро соҳаи маориф бевосита ба ташаккули маърифати шаҳрвандӣ ва ахлоқи ҳуқуқии насли наврас пайванд аст.

 

Гуфта шуд, ки дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 3 июни соли 2014, №355 «Дар бораи Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо супориши вазири маориф ва илм аз 7 марти соли 2024 дар вазорат гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки вазифаи он гузаронидани арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии ҳамаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳкими назорати иҷрои онҳо мебошад. Гурӯҳи мазкур аз ҳисоби роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказии вазорат таъсис ёфта, фаъолияти он мунтазам ба таҳлил ва бартарафсозии омилҳои эҳтимолии коррупсионӣ равона гардидааст.

 

Зимни семинар таъкид гардид, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва нақшаи тасдиқгардида, то моҳи октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илм 18 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ гузашта, ҳамаи лоиҳаҳои нави пешниҳодшуда тибқи тартиби муқарраргардида мавриди таҳлил ва баррасии ҳаматарафа қарор мегиранд.

 

Муовини якуми вазири маориф ва илм афзуд, ки Вазорати маориф ва илм на танҳо дар сатҳи идоракунии дохилӣ, балки дар тамоми низоми маориф бар зидди падидаҳои коррупсионӣ сиёсати фаъоли пешгирикунандаро пеш мебарад. Дар ин замина, бо ҷалби мутахассисон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, мулоқотҳо ва семинарҳои омӯзишӣ мунтазам доир гардида, маърифати зиддикоррупсионии кормандон пайваста таҳким меёбад.

 

Дар ҷараёни семинар намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Азамзода, дар бораи таҷрибаҳои муосири таҳлилу арзёбии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, роҳҳои ошкорсозии омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ ва зарурати таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ суханронӣ намуд.

 

Дар ҷамъбасти семинар зикр шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти зиддикоррупсионии худро густариш дода, дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таъмини муҳити софу шаффоф дар низоми маориф тадбирҳои судманд меандешад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАҲКИМИ МЕХАНИЗМҲОИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ img
  • СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАҲКИМИ МЕХАНИЗМҲОИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ img
  • СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАҲКИМИ МЕХАНИЗМҲОИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ 15 октябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Муовини вазири маориф ва илм дар оғози ҷаласа доир ба нақши муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар рушди шахсияти хонандагон, ташаккули малакаҳои ҳаётӣ, баланд бардоштани сатҳи эҷодкорӣ ва тарбияи зеҳнии насли наврас андеша ронда, зикр намуд, ки ин самт яке аз унсурҳои муҳимми низоми таҳсилоти умумӣ буда, барои фароҳам овардани имкониятҳои баробар дар рушди қобилиятҳои табиии кӯдакон ва ҷавонон нақши муассир дорад.   Дар ҷараёни ҷаласа директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Бохтар, Ҳисор ва ноҳияи Сино доир ба натиҷаи фаъолияти нуҳмоҳаи худ ҳисобот дода, дар бораи дастовардҳо, таҷрибаи корӣ ва мушкилоти мавҷуда маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба тақвияти пойгоҳи моддиву техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва ҷалби васеи хонандагон ба фаъолияти эҷодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Муовини вазир дар рафти муҳокима як қатор пешниҳодҳои муфид ва амалӣ барои рушди минбаъдаи таҳсилоти иловагӣ ироа намуда, таъкид дошт, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бояд дар асоси барномаҳои давлатӣ ва талаботи замони муосир роҳандозӣ гардида, натиҷаҳои мушаххаси таълимӣ ва тарбиявиро таъмин намоянд.   Дар анҷоми ҷаласа аз масъулин даъват гардид, ки камбудиву норасоиҳои зикршударо бартараф намоянд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    34

    15.10.2025
  •  img
    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул шуд Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.   Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асим» оид ба барқарорсозӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.   Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Фаррух, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳамадулло, аъзоёни Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Мусоҷонзода Ҷамила ва Наҷмиддиниён Асадулло, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бобоиён Мадина, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зиёӣ Баҳриддин ва узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Собирзода Ғафурҷон муаррифӣ намуданд.

    75

    15.10.2025
  •  img
    Мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории  “Душанбе Инвест - 2025” Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибатҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд.   Ба амалишавии 42 санади ҳамкорӣ, ки соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро мегиранд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.   Аз тавсеаи ҳамкории амалии доираҳои соҳибкории ду ҷониб истиқбол карда шуд.   Ҷалби маблағҳои грантиву қарзҳои имтиёзноки фондҳо ва муассисаҳои молиявии Қатар барои татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти милливу минтақавӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика ба мақсад мувофиқ шумурда шуд.    Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои рушди ҳамкории дуҷониба ва таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” байни ду кишвари дӯст аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд.   Ба масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ низ таваҷҷуҳ карда шуд.    Барои роҳандозӣ ва омӯзиши таҷрибаи Қатар оид ба низоми бонкдории исломӣ изҳори омодагӣ карда шуд.   Ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

    55

    14.10.2025