25.11.2025
25 ноябри соли 2025 дар меҳмонхонаи “Румӣ” семинар-мониторинг оид ба баррасии ҷараёни татбиқ ва дурнамои лоиҳаи “Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълими фанҳои дақиқ, риёзӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ (STEM) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд.
Чорабинӣ бо иштироки муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовини вазир, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Иттиҳоди Аврупо, ЮНЕСКО, мутахассисони соҳа ва дигар шарикони рушд доир гардида, ҷараёни иҷрои фаъолиятҳои лоиҳа ва механизми устуворсозии натиҷаҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини якуми вазири маориф ва илм оғоз гардида, таъкид намуд, ки татбиқи лоиҳаи STEM яке аз ташаббусҳои муҳим дар самти баланд бардоштани сифати таълим, ворид намудани технологияҳои муосир ба раванди омӯзиш ва таҳкими салоҳияти омӯзгорон ба шумор меравад. Зикр гардид, ки сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди устувори соҳа ва таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба таҳсилоти босифат равона шуда, дар ин замина рушди ҳамкории муассир бо шарикони рушд аҳаммияти махсус дорад.
Дар ҷараёни семинар гуфта шуд, ки тибқи стандартҳои навшуда барои фанҳои химия, биология ва физика барои синфҳои 7-11 таҳия ва бознигарии барномаҳои таълимӣ анҷом ёфта, раванди таҳияи китобҳои дарсии насли нав ва маводи таълимӣ идома дорад. Қисме аз китобҳо, аз ҷумла, химияи синфҳои 9-10, физикаи синфҳои 9-10 ва биологияи синфҳои 8-9 пурра омода шуда, 14 роҳнамо ва 14 воситаи арзёбии омӯзгорон таҳия гардидааст. Дар семинар зарурати ба нашр супурдани якбораи ҳамаи китобҳо барои фароҳам овардани дастрасии баробар ба муассисаҳои таълимӣ таъкид гардид.
Дар самти такмили ихтисос 15 модул ва 15 дастури методӣ барои тренерони миллӣ омода ва барои тасдиқ пешниҳод шуда, 18 омӯзгори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба омӯзишҳои махсус ҷалб гардидаанд. Дар давраи омӯзишӣ 284 омӯзгор ва мутахассиси соҳа фаро гирифта шуда, ду барномаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла, низоми “Омӯзгор pro”, таҳия ва тасдиқ шудаанд. Тибқи талаботи лоиҳа, донишкада вазифадор шуд, ки барои фарогирии ҳадди ақали 1520 омӯзгор тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намояд.
Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи касбӣ-техникӣ ва 6 филиали донишкада бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, тахтаҳои интерактивӣ, планшетҳо, компютерҳо ва таҷҳизоти лабораторӣ таъмин шудаанд.
Иштирокчиёни семинар дар музокироти гурӯҳӣ масъалаҳои марбут ба воридсозӣ ва татбиқи умумимиллии китобҳои нави STEM, истифодаи низоми рақамии идоракунии таълим, дастгирии минбаъдаи омӯзгорон ва механизмҳои устувории таҷҳизоти техникиро баррасӣ намуда, барои соли 2026 харитаи роҳ ва нақшаи устувории лоиҳаро мувофиқа карданд. Таъкид гардид, ки зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм бояд барои идомаи татбиқи барномаҳо ва истифодаи пурраи маводи таҳияшуда масъулияти мустақим дошта бошанд ва минбаъд ин раванд аз ҳисоби буҷети давлатӣ идома дода шавад.