19.05.2025

 img

19 майи 2025 — Дар идомаи сафари кории гурӯҳи Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия (МҶТИК) ба вилояти Суғд, ҷаласаи ҳисоботӣ бо иштироки роҳбарони марказҳои  технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия назди шуъба ва раёсатҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

 

Ҳадафи асосии ҷаласа — таҳлили сатҳи татбиқи “Барномаи давлатии ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028” ва муайянсозии имконияту чолишҳо дар ин самт буд.

 

Дар раванди ҷаласа, масъулини марказҳо бо пешниҳоди ҳисоботҳои муфассал вазъи ҷорӣ ва дурнамои татбиқи барномаро шарҳ доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмин бо компютер ва таҷҳизоти алоқаманд, суръати интернет, сатҳи рақамикунонии муҳтавои таълимӣ, фаъолияти синфхонаҳои фаннӣ ва малакаи омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят раванди рақамикунонӣ бо шиддат идома дошта, зерсохтори технологӣ тадриҷан такмил меёбад. Бо ин вуҷуд, дар баъзе минтақаҳо маҳдудиятҳо ба монанди норасоии таҷҳизот, набуди интернети босуръат ва мутахассисони соҳа ҳанӯз ҳам монеаи ҷиддӣ ба ҳисоб мераванд.

 

Гурӯҳи кории МҶТИК пас аз шунидани ҳисоботҳо, тавсияҳои мушаххасе манзур намуд: баргузории давраҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, таҳкими инфрасохтори рақамӣ, густариши ҳамкориҳо бо мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллӣ, инчунин ҷалби лоиҳаҳо ва сармоягузориҳои иловагӣ.

 

Ин ҷаласаи ҳисоботӣ на танҳо барои арзёбии сатҳи татбиқи Барнома, балки барои тавсеаи ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳияи иқдомҳои муштарак ба хотири рушди рақамии соҳаи маориф дар вилояти Суғд заминаи устувор фароҳам овард.

 

Бо татбиқи пайгиронаи “Барномаи давлатии ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028”, низоми маориф дар самти рақамикунонии равандҳо ва баланд бардоштани сифати таълим қадамҳои устувор мегузорад ва заминаҳои муосири рушди зеҳнӣ барои насли навинро фароҳам месозад.

  • РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД: ТАҲКИМИ ИҚДОМҲО БАРОИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ img
  • РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД: ТАҲКИМИ ИҚДОМҲО БАРОИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ img
  • РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД: ТАҲКИМИ ИҚДОМҲО БАРОИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №68-И НОҲИЯИ РАШТ   Дар доираи сафари кории ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи Рашт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода аз ҷараёни сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 ноҳияи Рашт боздид ба амал оварданд.   Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии доимии Ҳукумати мамлакат, фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар минтақаҳои дурдасту кӯҳистонӣ, яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.   Гуфта шуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 айни замон аз ду бино иборат мебошад, ки яке аз онҳо бинои кӯҳнаи солҳои пеш, бинобар ҳолати номусоид ва фарсудагӣ, аз истифодаи минбаъда берун бароварда шудааст. Бинои нави муассиса дорои 5 синфхона буда, ҳоло дар он 90 нафар хонанда таҳсил намуда, 9 омӯзгор фаъолият доранд. Бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон ва эҳтиёҷоти воқеӣ ба ҷойи нишаст, сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ тибқи лоиҳаҳои тасдиқшуда ва бо риояи талаботи фанниву меъёрҳои муҳандисӣ дар марҳилаи фаъол қарор дорад.   Муовини Сарвазир ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро мавриди таҳлил қарор дода, бо масъулини сохтмон, роҳбарияти муассиса ва мақомоти маҳаллӣ мулоқот анҷом дода, ҷиҳати таъмини сифати баланди сохтмон, истифодаи оқилонаи захираҳо ва анҷоми саривақтии корҳо дастуру тавсияҳои мушаххас дод.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    92

    11.06.2025
  •  img
    БАРРАСИИ ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДАҲОИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ ВА ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ   Имрӯз, 10 июни соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи назди муовини вазири маориф ва илм вобаста ба омӯзиши фаъолияти донишкадаҳои омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва шаҳри Панҷакент доир гардид.   Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ифтитоҳ намуда, аҳамияти таҳлили фарогири фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ, хусусан дар минтақаҳо ва зарурати баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро таъкид кард.   Зимни ҷаласа муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илм Хуршед Амирхонзода оид ба вазъи умумии фаъолияти донишкадаҳои мазкур суханронӣ намуда, натиҷаҳои таҳлил ва дурнамои массисаҳои зикршударо муаррифӣ кард.   Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, донишкадаҳои омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва шаҳри Панҷакент дар айни замон аз рӯйи 21 ихтисос мутахассис омода менамоянд ва дар асоси талаботи бозори меҳнат дар соли оянда ихтисосҳо зиёд мегардад.   Дар масъалаи ҳайати омӯзгорӣ, дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт 132 нафар омӯзгор ва дар Донишкади омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 142 нафар омӯзгор фаъолият доранд. Дар доираи баррасии сатҳи кадрҳои илмӣ зикр гардид, ки дар Рашт 24 нафар омӯзгори унвондор ва дар Панҷакент 65 нафар унвондор фаъолият мекунанд.   Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаи мазкур, қайд намуд, ки дар баробари дастовардҳо дар донишкадаҳои мазкур камбудиҳои сатҳӣ низ дида мешавад ва роҳбарияти муассисаҳои мазкурро мебояд, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.   Теъдоди донишҷӯён дар донишкадаи омӯзгории Рашт 3070 нафар ва дар Панҷакент 2399 нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ нишондиҳандаҳо тамоюли афзоиш доранд.   Гуфта шуд, ки Донишкадаи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дорои 6 факултет ва 13 кафедра ва донишкадаи шаҳри Панҷакент дорои 7 факултет ва 13 кафедра мебошад.   Дар интиҳои ҷаласа масъалаҳои марбут ба мукаммалсозии заминаи моддиву техникӣ, боло бурдани сатҳи касбии омӯзгорон ва ҳавасмандсозии донишҷӯёни лаёқатманд низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    92

    10.06.2025
  •  img
    ВОХӮРИИ СУДМАНД БО РОҲБАРИ ГУРӮҲИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВИИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ   9 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф Муҳаммад Тариқхон вохӯрӣ доир намуд.   Дар оғози вохӯрӣ вазири маориф ва илм ташрифи меҳмононро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ҳамкориҳои густурдаи вазорат бо Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар самтҳои дастрасӣ ба таҳсилот, муҳити бехатар ва мусоиди омӯзиш, сифати таҳсилот ва рушди малакаҳо ҷараён дошта, дар заминаи се гранти муҳимми байналмилалӣ мавриди татбиқ қарор доранд.   Вазири маориф ва илм зикр намуд, ки дар доираи ҳамкориҳо лоиҳаҳои муҳимми стратегӣ татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафашон баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тавонмандсозии омӯзгорон мебошад. Зимни суханронӣ инчунин вобаста ба ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла, таҳким бахшидани сифати таҳсилот, таҳсилоти фарогир ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ишора шуд.   Дар навбати худ, роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф Муҳаммад Тариқхон бо изҳори миннатдорӣ барои пазироии самимона, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти маориф намунаи ибрат буда, таҷриба ва пешрафтҳо дар ин бахш шоистаи омӯзиш ва таблиғ мебошанд. Ӯ афзуд, ки GPE омодааст, минбаъд низ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувори соҳа ҳамаҷониба дастгирӣ намояд.   Дар охир вазир барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ислоҳоти маориф дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ин вохӯрӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат хоҳад кард.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    142

    09.06.2025