10.04.2026

 img

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рафти иҷрои Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 ва Нақшаи миёнамуҳлати амалисозии он барои солҳои 2025-2027 таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласа баргузор гардид.

 

Зимни баррасии масъала, Д Раҳматзода, сармутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот, вобаста ба рафти иҷрои бандҳои стратегияи мазкур маълумот пешниҳод намуда, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда як қатор чорабиниҳои муҳим амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, такмили низоми арзёбии дохилӣ ва беруна, ҷорӣ намудани воситаҳои муосири санҷиши дониш, баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони соҳа ва тақвияти заминаи меъёриву ҳуқуқӣ дар самти арзёбии сифати таҳсилот аз ҷумлаи дастовардҳои назаррас ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар самти ҳамоҳангсозии механизмҳои арзёбӣ ва фарогирии якхелаи муассисаҳои таълимӣ ба низоми ягонаи арзёбӣ ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонанд.

 

Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён вобаста ба беҳтар намудани сифати иҷрои бандҳои стратегия, таҳкими назорати дохилӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.

 

Муовини якуми вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои ноил шудан ба он моро зарур аст ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои стратегияи мазкур сарҷамъона кӯшиш намоем. Ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои босифати вазифаҳои пешбинишуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • РАФТИ ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРРАСӢ ГАРДИД img
  • РАФТИ ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРРАСӢ ГАРДИД img
  • РАФТИ ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРРАСӢ ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО АССОТСИАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОМИЛЛӢ (ITEA) Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода бо муовини директори Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромиллӣ (ITEA) Бенҷамин Леонг баргузор гардид.   Дар оғози вохӯрӣ муовини якуми вазир меҳмононро хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии онҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки ин сафар ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои фаромиллӣ арзёбӣ мешавад.   Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки соҳаи маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар доираи стратегияҳои миллӣ ба рушди таҳсилоти босифат, мутобиқ ба талаботи иқтисодиёти муосир ва бозори меҳнат диққати махсус дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ислоҳоти низоми таҳсилот, рақамикунонӣ, тақвияти иқтидори институтсионалӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад.   Ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳодоти Ассотсиатсияро ҳамчун заминаи мусоид барои роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, самтҳои муҳими ҳамкорӣ таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, навсозии барномаҳои таълимӣ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат, тақвияти мубодилаи академӣ ва барномаҳои таҷрибаомӯзӣ, рушди иқтидори институтсионалӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, инчунин дастгирии раванди рақамикунонии соҳаи маориф арзёбӣ гардиданд.   Таъкид шуд, ки татбиқи чунин ташаббусҳо метавонад ба баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии хатмкунандагон, воридшавии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот ва рушди иқтидори инсонӣ мусоидат намояд.   Ҳамзамон, ҷонибҳо зарурати муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, интихоби лоиҳаҳои пилотӣ, таҳияи харитаи роҳ бо нишондиҳандаҳои мушаххаси натиҷа ва ҷалби шарикони байналмилалӣ ва манбаъҳои маблағгузориро муҳим арзёбӣ намуданд. Зикр гардид, ки ҳамкориҳо бояд хусусияти амалӣ дошта, ба натиҷаҳои мушаххас дар шакли барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак оварда расонанд.   Дар фарҷоми мулоқот Вазорати маориф ва илм омодагии худро ҷиҳати мусоидат ба ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, дастгирии ташаббусҳои муштарак ва иштирок дар таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак изҳор намуд.   Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза метавонанд заминаи устувор барои оғози ҳамкориҳои дарозмуддат ва самаранок гардида, ба рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва илм мусоидат хоҳанд кард.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    0

    10.04.2026
  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР МИЗИ МУДАВВАР Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Арзиши адабиёти таълимӣ-методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.   Дар кори мизи мудаввар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, роҳбарон ва намояндагони сохторҳои соҳавӣ, олимону коршиносон ва омӯзгорон иштирок намуданд.   Чорабиниро муовини вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар ҷаҳони муосир вобаста ба пешрафти босуръати техника ва технология низоми маориф ва роҳҳои таълим пайваста такмил меёбанд. Дар ин раванд мукаммалгардонии тамоми самтҳои фаъолияти соҳа, аз ҷумла, такмили равандҳои таҳия, озмоиш, таҳрир ва нашри адабиёти таълимӣ яке аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.   Зимни баргузории мизи мудаввар ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон И. Каримова доир ба масъалаҳои марбут ба таҳия ва такмили адабиёти таълимӣ-методӣ суханронӣ намуда, зарурати баланд бардоштани сатҳи илмӣ ва методии китобҳои дарсӣ, мутобиқсозии онҳо ба талаботи стандартҳои муосир ва густариши ҳамкориҳо миёни муассисаҳои илмиро муҳим арзёбӣ намуд.   Дар қисмати баррасии масъалаҳо иштирокчиён вобаста ба беҳтар намудани сифати китобҳои дарсӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим, таҳияи маводи методии ҷавобгӯ ба талаботи замон ва такмили механизми экспертиза ва тасдиқи адабиёти таълимӣ фикру мулоҳизаҳои судманд пешниҳод намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    23

    10.04.2026
  •  img
    ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо ҳайати Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори миссия ҷаноби Виктор Лутенко баргузор гардид.   Дар оғози мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар шароити муосир таъкид намуда, зикр карданд, ки муҳоҷират ба як унсури муҳимми иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа табдил ёфта, таҳкими пайванди маориф ва муҳоҷират аҳамияти муҳим касб намудааст.   Зимни мулоқот қайд гардид, ки низоми маорифи кишвар имрӯз ҳамчун манбаи дониш василаи муҳимми таҳкими устувории иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии ҷавонон ба зиндагии мустақил баромад мекунад. Дар ин замина, як қатор самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ба масъалаи дастгирии кӯдакони аз муҳоҷират осебдида таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки барои чунин кӯдакон муассисаҳои таълимӣ бояд ҳамчун муҳити мусоиди иҷтимоӣ ва равонӣ хизмат намоянд. Ҳамзамон, зарурати таҳияи механизмҳои муассири реинтегратсияи кӯдаконе, ки аз хориҷи кишвар, махсусан аз Федератсияи Россия бармегарданд, муҳим арзёбӣ гардид.   Инчунин, рушди малакаҳо ва баланд бардоштани рақобатпазирии ҷавонон яке аз самтҳои калидӣ номида шуд. Қайд гардид, ки густариши таҳсилоти касбӣ ва роҳнамоии дурусти касбӣ метавонад ба коҳиш додани хавфҳои муҳоҷирати ғайримунтазам мусоидат намояд.   Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо рушди таълими фосилавиро ҳамчун абзори муҳимми нигоҳ доштани робитаи кӯдакони дар хориҷбуда бо барномаи таълимии миллӣ ва забони модарӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, ворид намудани дониш ва малакаҳои муҳоҷирати бехатар ба барномаҳои таълимӣ муҳим дониста шуд.   Дар рафти мулоқот фаъолияти амалии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси лабораторияҳои IT, дастгирии марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва татбиқи барномаҳои рушди малакаҳои рақамӣ, ҳамчун намунаи ҳамкории самаранок арзёбӣ гардид.   Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати муайян намудани самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ, тақвияти механизми ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба манфиати кӯдакон ва ҷавонон равона шудаанд, изҳор намуданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    19

    10.04.2026