31.01.2026

 img

Имрӯз, 31 январи соли 2026 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баргузор гардид.

Дар қабули сайёр хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва шаҳрвандони касбу кори гуногун иштирок намуда, доир ба интиқоли донишҷӯён байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, таъмини мактабҳо бо мизу курсӣ, , идомаи таҳсил ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф муроҷиату пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

Зимни баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои мавҷуда дар муҳлати муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  • ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД img
  • ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲА Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳадафи қадрдонӣ аз хизмати бисёрсолаи омӯзгорон, аз ҳолу аҳволи се нафар омӯзгори собиқадори соҳаи маориф дидан намуд. Дар ҷараёни аёдат вазири маориф ва илм бо омӯзгори собиқадор Марҳабо Сулаймонова-омӯзгори фанни физика вохӯрӣ анҷом дод. Мавсуф аз соли 1971 то имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хуҷанд фаъолият намуда, зиёда аз 50 сол ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошад. Ҳамчунин, вазири маориф ва илм бо омӯзгори собиқадор Ғайбулло Хоҷибоев-омӯзгори фанҳои физика ва математика дидор намуд. Номбурда фаъолияти омӯзгории худро аз соли 1965 оғоз намуда, беш аз 60 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолият кардааст. Инчунин, вазир бо омӯзгори собиқадор Раҳбар Баҳодурова-омӯзгори фанни математика вохӯрӣ намуд. Мавсуф аз соли 1972 то имрӯз дар соҳаи маориф фаъолият дошта, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд, инчунин, дар сохторҳои идоракунии маориф вазифаҳои гуногунро ба уҳда доштааст. Зимни суҳбат бо собиқадорон вазири маориф ва илм иброз намуд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ рушд ёфта, мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа таҳким ёфт. Татбиқи барномаҳои давлатӣ, беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон, дастгирии иҷтимоӣ ва қадршиносии хизмати омӯзгорони собиқадор имкон фароҳам овард, ки таҷрибаи ғании онҳо ҳифз ва ба насли ҷавони омӯзгорон интиқол дода шавад. Дар ин росто, таҷрибаи ғании шумо- омӯзгорони собиқадор, ки даҳсолаҳо умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаед, имрӯз ҳамчун сарвати бебаҳои соҳаи маориф арзёбӣ мегардад. Омӯзгорони собиқадор, дар навбати худ, зимни суҳбат изҳор доштанд, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф ва аҳли илму дониш барои онҳо мояи ифтихор ва рӯҳбаландӣ мебошад. Онҳо бо арзи сипос ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат ба баланд гардидани сатҳи таҳсилот, эҳёи мақоми омӯзгор ва фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолияти онҳо мусоидат намуда, омӯзгоронро ба хизмати содиқона ва масъулиятнок ба Ватан ва насли оянда ҳидоят мекунад.  

    15

    31.01.2026
  •  img
    НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Имрӯз, 30 январи соли 2026 нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Адҳам Маъмурзода, муовини якуми вазир, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои вилоятҳои Хатлон, ВМКБ ва 40 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд. Дар нишаст аз ҷониби 17 нафар намояндаи ВАО 29 савол пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он вазири маориф ва илм, муовинони вазир, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳо посухҳои мушаххас доданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    138

    30.01.2026
  •  img
    ШИНОСОИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ВАЗЪИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод аз фаъолияти якчанд муассисаҳои таълимӣ шиносӣ пайдо намуд.  Дар ин сафар муовини вазир аввалан ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №13 ва №17 ва ҳамчунин ба Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и ноҳия ташриф оварда, бо муҳити таълимӣ, шароит ва дастовардҳои хонандагон ва омӯзгорон аз наздик шинос шуд. Зимни боздид муовини вазир ба вазъи таълиму тарбия, давомоти хонандагон, тартиботи раванди дарсҳо, дастрасии лавозимоти таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, риояи либосҳои тавсиявӣ, насби шиору овезаҳо таваҷҷуҳ намуд. Мавсуф бо омӯзгорону хонандагон вохӯрӣ намуда, дар бораи роҳҳои беҳтар кардани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи саводи илмӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба маҳфилҳои беруназсинфии фаннӣ табодули назар намуд. Муовини вазир ҳамчунин ба масъулини муассисаҳои таълимӣ дастур дод, ки барои рушду такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияи иттилоотӣ ва таҳкими малакаҳои компютерии хонандагон чораҳои амалӣ андешанд.  Дар ҷараёни боздид муовини вазир ба роҳбарону омӯзгорон тавсия дод, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо муҳити таълимиро ҷоннок сохта, ҳамзамон назорати қатъӣ бар риояи қоидаҳои тартибот ва таълиму тарбияро таъмин намоянд.  

    84

    26.01.2026