26.06.2026

 img

Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар дар ин хусус

 

Маҳз ваҳдату ягонагӣ замина фароҳам овард, ки мамлакат аз вартаи ҳалокат раҳо шуда, ба қаламрави шоҳкориҳои азим ворид гардид. Агар замоне шаҳрвандони хориҷӣ ба далели вазъи амниятӣ аз сафар ба ҷумҳурии мо худдорӣ мекарданд, кунун онро дар минтақа мамлакати амнтарин барои сайру саёҳат медонанд ва ҳар сол сайёҳони зиёд ташриф меоранд. Агар дар гузашта бозтоби ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ дар расонаҳо Тоҷикистонро дар чашми мардуми олам як давлати ҷангзада муаррифӣ мекард, имрӯз ба ҷойгоҳи баланди он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор эҳтиром мегузоранд. Ин ҳама дастовард ҳосили талошҳои судманду боровари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳифзи онҳо вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа аст.

 

— Талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расиданд, дарахти пурбаракоти сулҳу ваҳдатро барои тоҷикистониён чун неъмати бузург ба сабзиш овард.

 

Ҳосили талошҳои Роҳбари сулҳофар ва меъмори ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҷоди равобити густурдаи Тоҷикистон бо мамолики олам дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мондагори давлатдорӣ муаррифӣ сохт.

 

Бузургтарин сиёсатмадорони ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намунаи ибрат номида, дар симои Сарвари давлати Тоҷикистон паёмовари воқеии сулҳ ва меъмори ваҳдатро эътирофу арҷгузорӣ намуданд.

 

Нақши шахсиятҳоро таърих дар рушду нумуи мамлакатҳо ва ба дӯш гирифтани масъулияти давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассос ва сарнавиштсоз ба ҳеҷ ваҷҳ инкор намекунад.

 

Халқи тоҷик дар тӯли таърих нишебиҳои гуногунеро паси сар кардааст ва дар лаҳзаҳои сарнавиштсози он фарзандоне буданд, ки инони ихтиёр ва масъулиятро бар дӯш гирифта, миллату давлатро таври шоиста ҳифз карданд. Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Муқаннаъ, Яъқуб ибни Лайси саффорӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва садҳои дигарро ном бурдан мумкин аст, ки дар таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи мо бо фаъолияти арзишманди худ, ҳифзи давлату миллат ва таъмини сулҳу субот саҳми бениҳоят бориз доранд.

 

Дар таърихи навин нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Дастовардҳои давоми беш аз сӣ соли охири давлатдории тоҷикон маҳз ба фаъолият ва кору пайкори ин абармарди таърихӣ алоқаманд аст. Вақте мо ба таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон назар менамоем, дарк мекунем, ки таърих дар лаҳзаҳои ҳассос ва сарнавиштсози миллатҳои гуногун фарзандони фарзонаеро рӯйи кор меорад, ки онҳо бо омадани худ дар масири дигаргунӣ ва тағйироти асосӣ саҳми шоиста мегузоранд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чунин шахсият мебошанд. Пешвои миллат солҳои 90-уми қарни гузашта вориди сиёсат гардида, дар замони бисёр ноормӣ ва ноамнӣ ба сари қудрат ва давлати тоҷикон омаданд ва аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон тамоми талошу кӯшиш ва донишу заковати худро ба кор гирифтанд, то мамлакатро ба сулҳу салоҳ оранд ва онро дар масири рушду тараққӣ қарор диҳанд.

 

Гузашти замон ва вақт дуруст будани тамоми иқдомҳои гирифтаи ӯро дар масири давлату давлатдорӣ собит намуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корро ба ҳайси роҳбари Тоҷикистон аз сулҳ оғоз намуданд ва аввалин иқдомҳое, ки дар ин масир бардоштанд, ин баргардонидани овораю гурезаҳо аз тамоми ақсои ҷаҳон ба Ватан ва бо ин роҳ расидан ба оштии сартосарии мамлакат буд.

 

Мардуми мамлакат бояд ифтихорманд бошанд, ки дар замони худ маҳз намояндагонашон — вакилоне, ки онҳо интихоб карда буданд, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум сарвареро интихоб намуданд, ки ба шарофати он кас дар ҳама самтҳо комёбему мамлакатамон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бениҳоят баланд дорад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳхоҳ, раиятпарвар ва одил мебошанд ва аввалин иқдомҳояш низ дар масири давлатдорӣ ва ҳукумат аз авфи гуноҳи ҳамдигар буд.

 

Ҳоло Тоҷикистон сарфи назар аз тамоми ҳодисаҳое, ки дар олам рух дода истодааст, бо қадамҳои устувор зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи муваффақияту комёбиҳо раҳсипор аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 дар ин хусус, таъкид намуданд, ки: «Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат мебошад.

 

Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии ҷумҳуриро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.

 

Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад».

 

Ваҳдат осон ба даст наомад. Чил музокирот байни ҳукумат ва намояндагони мухолифин доир гардид. Дар онҳо аз харобкориҳо, ба шаҳодат расидани ҳазорҳо ҷавон, дарбадарию бехонумонии ҳамватанон гуфтугузор шуда, таҳдиди аз байн рафтани миллат ҳушдор дода мешуд. Аксари гуфтушунид дар хориҷи мамлакат — Афғонистон, Туркманистон, Русия бо миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд. Ҳашт дафъа музокирот дар сатҳи олӣ доир гардид. Аз чил ҳуҷҷати қабулшуда дар 17-тоаш имзои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабт аст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сулҳ ҳаёти худро зери хатар монда, ба гуфтушунид рафтанд. Тоҷику тоҷикистониён аз музокироти Москва баргаштани ҳайати Ҳукуматро таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намекунанд. Дидем, ки пеш аз ҳама, модарон чӣ тавр ашки шодӣ дар чашм ба гардани Сарвари давлат гулчанбар андохтанд. Магар модарон, фарзандони онҳо, халқи тоҷик метавонист, ки воқеаи рухдодаи Москва – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бе ашки шодӣ, бе тантана, бе шодию нишот истиқбол гирад?!

 

Бисту нуҳ сол мешавад, ки аз ҳавои мамлакати азизамон нафаси осуда мекашем. Харобиҳои ҷанг барқарор гардиданд, ҳамватанони парешон ба Ватан баргардонда шуданду зиндагиашон на танҳо маҷрои пешинаро гирифт, балки беҳтар аз он шуд. Ин дастовард ва пешравиҳо дар натиҷаи қабули қарорҳои дуруст ва талошу заҳматҳои пайгирона зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуданд.

 

Имрӯзҳо бо гузашти замон мо хуб дарк мекунем, ки то кадом андоза мо дар роҳи дуруст қарор дорем, чун мо ояндаро хуб дарк карда дида истодаем. Шахсе, ки поёни кори худро аз оғоз дида метавонад ӯ шахси муваффақ мебошад. Тамоми иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ободӣ, пешравӣ ва рушду тараққӣ ва боло бурдани сатҳи некуаҳволии зиндагии аҳолии мамлакат мебошад. Мо инро ҳамарӯза бо чашми сар мебинем ва рақамҳое, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оварда шудаанд, баёнгари ин суханон мебошанд: «Аҳолии мамлакат аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт. Соли 2025 «Барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ барои солҳои 2026-2030» ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид. Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад. Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад. Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод».

 

Ҳамасола дар Тоҷикистон теъдоди зиёди муассисаҳои таълимии гуногун бунёд ёфта, ба истифода дода мешаванд. Рӯ овардан ба бунёди низоми қавӣ дар соҳаи илму маориф ва ин соҳахоро дар саргаҳи сиёсати худ қарор додан аз он гувоҳӣ медиҳад, ки давлати мо давлати иҷтимоӣ буда, дар баробари боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ба боло бурдани сатҳи маърифати халқ таваҷҷуҳи калон зоҳир мекунанд. Агар ба таърихи давлатҳои пешрафта назар андозем, мебинем, ки ҳамаи ин давлатҳо бунёди давлати худро аз низоми маориф шуруъ кардаанд. Дар ҳамаи корҳо, аз ҷумла таҳкими истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа ва бузург аст ва онро имрӯз низ донишмандони соҳа тасдиқ мекунанд.

 

Хулоса, ин аст, ки дар ҷараёни музокирот ва ҳаллу фасли муноқишаи байни тоҷикон нақши Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бориз буда, сол то сол бо таваҷҷуҳ ба ҳаводисе, ки дар ақсои олам рух дода истодааст, мо моҳияти иттиҳоду сарҷамъиро бештар эҳсос мекунем.

 

Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОД,

ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Хабарҳои дигар

  •  img
    Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ Ҳамватанони азиз!   Имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад.   Дирӯз ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.   Ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ мардуми сулҳпарвари кишварро самимона табрик мегӯям.   Ҳамчунин, ба ҳамаи кишварҳои дӯст, шарикон ва созмонҳои байналмилалӣ, ки пешниҳоди Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карданд ва ба қабули ин қатъномаи муҳимми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мусоидат намуданд, сипоси амиқ иброз менамоям.   Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.   Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд.   Вобаста ба ин, мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест.   Сулҳ фарҳанг аст.   Сулҳ масъулият аст.   Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст.   Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.   Аз ин лиҳоз, сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад.   Мо вазифадорем аз худ ҷаҳоне ба мерос гузорем, ки дар он наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд.   Дар робита ба ин, мо чунин мешуморем, ки ҳалли ҳама гуна мушкилоти ҷаҳонӣ танҳо аз роҳи муколама ва ҳамкории созанда имконпазир аст.   Ҳамдиёрони гиромӣ!   Барои Тоҷикистон мавзӯи сулҳ танҳо як масъалаи рӯзномаи байналмилалӣ нест.   Мардуми тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун меросдорони тамаддуни ориёӣ арзишҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулгароӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳоро ҳифз кардаанд ва гиромӣ доштаанд.   Бояд гуфт, ки кишвари мо дар солҳои аввали истиқлол бо доштани чунин арзишҳои бузурги меросӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.   Ин ҷанг ба иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рушди умумии давлатамон зарбаи даҳшатнок ворид кард.   Вале мо ба шарофати хиради миллӣ ва фарҳанги сулҳпарваронаи мардумамон тавонистем аз вартаи ҷанг раҳо ёфта, раванди давлатсозии муосирро оғоз намоем.   Дар натиҷаи саъю талошҳои зиёд сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар диёри мо барқарор гардид ва ба пояи асосии рушди минбаъдаи кишвар табдил ёфт.   Яъне сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсие, ки имрӯз дар кишвари мо ҳукмфармост, ба осонӣ ба даст наомадааст.   Пешрафт дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ, илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, инчунин, нақши фаъол дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла рӯзномаи байналмилалии об ва ҳифзи пиряхҳо дастовардҳое мебошанд, ки ба мо аз баракати сулҳу субот муяссар гардиданд.   Қобили зикр аст, ки сарчашмаи пешравӣ ва ташаббусҳои мо арзишҳо ва анъанаҳои деринаи ҳамзистии осоишта мебошанд, ки дар ҷомеаи тоҷикон аз замонҳои хеле қадим ташаккул ёфтаанд.   Сарзамине, ки дар марзи фарҳангҳо, забонҳо ва анъанаҳои гуногун қарор дошт, дар тӯли замон ба чорроҳаи ҳамзистиву ҳамкорӣ, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба забону фарҳанг ва урфу одатҳои ҳамдигар табдил ёфт.   Маҳз ҳамин мероси ғании фарҳангӣ, ки дар домани тамаддуни ориёӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз барои пешбурди ташаббусҳои сулҳофарини Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.   Дар ин замина, бо ибтикори Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои ҳамфикр соли гузашта дар Конфронси генералии ЮНЕСКО қатъномаи «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии хуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид, ки аз решаҳои амиқи таърихии арзишҳои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар тамаддуни бостонии аҷдоди мо гувоҳӣ медиҳад.   Мусаллам аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дигар мардумони форсизабон дар рушди илму маърифат ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд.   Заминагузорони ин ганҷинаи ниҳоят арзишманд олимону файласуфон, шоирону нависандагон ва мутафаккироне буданд, ки мероси нодиру камназири онҳо аз василаҳои пешбарандаи илму фарҳанги инсоният маҳсуб меёбад.   Ҳамдиёрони гиромӣ!   Дар ин лаҳзаҳои хотирмон мову шумо, ҳамчунин, дар арафаи боз як ҷашни дигар – Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар даврони истиқлоли давлатӣ мебошад, қарор дорем.   Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ин ҷашн низ самимона табрик мегӯям.   Имсол Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки рамзи пирӯзии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва кафолати рушди бесобиқаи кишварамон мебошад, дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузург ва муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад.   Рӯзи ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон санаи воқеан сарнавиштсози баҳамоиву сарҷамъии миллати тоҷик ва расидан ба сулҳу суботи пойдор мебошад.   Мо – мардуми Тоҷикистон арзиши бебаҳои неъмати сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро замоне дарк кардем, ки мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидем.   Бинобар ин, мардуми мо даҳшату фоҷеаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузаштаро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.   Лозим ба ёдоварист, ки хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллии мо ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми таърихиву тақдирсози Шӯрои Олии кишвар гузошта шуда буд.   Маҳз ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон заминаи боэътимоди ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистони тозаистиқлол гузошта шуд.   Ваҳдати миллӣ, ки ғояи асосии давлати навбунёди моро ташкил медиҳад, шарти асосии оромиву осоиши мардуми шарифи кишвар, муҳимтарин омили рушди ҷомеа ва амалӣ гардидани тамоми нақшаву тадбирҳои созандаи мо мебошад.   Имрӯз мо ба хотири бунёди ҷомеаи сифатан наве талош дорем, ки ба талаботи замонаи пешрафту дигаргуниҳо ҷавобгӯ бошад ва имкон диҳад, ки мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон баробари ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон қадам гузоранд ва пеш раванд.   Мо бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва махсусан наврасону ҷавонон, омӯзиши техникаву технологияҳои муосир, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, омода кардани кадрҳои сатҳи баланди касбӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳем.   Дар ин раванд, як нуктаи муҳимро ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати аҳли ҷомеа муҳимтарин роҳи пешгирӣ кардани ҷаҳолату хурофот, таҳкими амнияту субот ва таъмин намудани пешрафту тараққиёти давлат мебошад.   Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек ба мо, пеш аз ҳама ва муҳимтар аз ҳама, сулҳу амният, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ зарур аст.   Дар робита ба ин, таъкид мекунам, ки хусусан дар шароити пурихтилофу зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагии миллӣ аҳаммияти фавқулода муҳим дорад.   Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» моро водор месозад, ки ба оянда бо масъулияти бештар назар кунем.   Вазифаи мо аз он иборат аст, ки арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузорем.   Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он сулҳу суботи комил, амният ва некуаҳволии инсон барои солҳои зиёд таъмин гардад.   Мо ният дорем, ки соли оянда дар арафаи 30-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ба мақсади оғоз бахшидан ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои шарик дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем.   Бо итминони комил иброз медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ба қадру манзалати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо, ки амалӣ гардидани нияту орзуҳои неки ҳар як фарди ҷомеа аз он вобаста мебошад, боз ҳам бештар талош мекунанд.   Бо умеди ояндаи ободу осудаи Тоҷикистони азиз ҳамаи шумо – ҳамдиёрони гиромӣ ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бори дигар ба ифтихори қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва ҷашни фархундаи Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу саодат ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.   Бигзор, ин қатънома ҳамчун санади муҳимми байналмилалӣ ба таҳкими дӯстиву ҳамкории байни халқҳо, густариши фарҳанги сулҳ ва бунёди ҷаҳони амну осуда барои наслҳои имрӯзу оянда мусоидат намояд!   Бигзор, сулҳу оромӣ дар ҷаҳон ҳамеша пойдор бошад ва ояндаи башарият бар пояи адолат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ устувор гардад!   Истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси сулҳҷӯёнаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

    7

    26.06.2026
  •  img
    ДАР ВАЗОРАТ БАХШИДА БА ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХИИ СММ ҲАМОИШ БАРГУЗОР ГАРДИД 26 июни соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ҳамоиш баргузор шуд.   Дар ҳамоиш вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок намуданд.   Вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи ҳамоиш қабули ин қатъномаро рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди навбатии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори масъалаҳои муҳими байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон таҳким бахшид.   Зикр гардид, ки қабули ин санади байналмилалӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ аҳаммияти рамзии хос дошта, маҳз сулҳу ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон заминаи рушди устувор, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳониро фароҳам овардааст.   Вазир бо истинод ба Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки “Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст”. Ба таъкиди вазир ин андешаҳо моҳияти воқеии ташаббуси Тоҷикистонро таҷассум намуда, барои низоми маориф низ вазифаҳои навро дар самти тарбияи насли сулҳпарвар, ватандӯст ва дорои фарҳанги баланди шаҳрвандӣ муайян месозанд.   Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат тавонист сиёсати хориҷии худро бар пояи сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ роҳандозӣ намояд ва ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар самтҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пуштибонӣ қарор гирифтаанд.   Ҳамзамон таъкид гардид, ки муассисаҳои таълимӣ дар татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии нав нақши калидӣ дошта, бояд тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи сулҳпарварӣ, таҳаммулгароӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин муқовимат ба ҳама гуна зуҳуроти ифротгароӣ боз ҳам тақвият бахшанд.   Сипас, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Вазорати маориф ва илм А. Ҷӯразода дар мавзуи “Ташаббуси Пешвои миллат оид ба қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036” маъруза намуд. Мавсуф зимни баромади худ аҳаммияти сиёсӣ ва таърихии ташаббуси нави байналмилалии Пешвои миллатро таҳлил намуда, иброз дошт, ки он идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба таҳкими сулҳи байналмилалӣ, рушди муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии байни наслҳо мусоидат менамояд.   Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар тӯли зиёда аз се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва масъули ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, бо ибтикори Пешвои миллат як қатор қатъномаҳои муҳими Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои об, рушди устувор ва тағйирёбии иқлим қабул шудаанд.   Дар маъруза ҳамчунин таъкид гардид, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳо тавассути музокирот ва ризоияти миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Аз ин рӯ, пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” пешниҳоди кишварест, ки арзиши сулҳро бо таҷрибаи худ дарк намуда, мехоҳад ин таҷрибаро ба манфиати тамоми башарият истифода барад.   Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро дастоварди бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самараи сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои он ва тарбияи насли дорои маърифати баланд, фарҳанги сулҳ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ изҳор доштанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    8

    26.06.2026
  •  img
    Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” Бегоҳии 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.   Дар қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, ба вежа иродаи «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо бозтоб ёфтааст. Он инчунин аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳро ҳамчун ваколати умумиҷаҳонӣ барои таблиғи фарҳанги сулҳ ва адами хушунат эътироф менамояд.   Тибқи муқаррароти ин санад, Маҷмаи Умумӣ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кардааст. Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.   Қатънома саҳми давлатҳои узв, роҳбарон ва халқҳоеро, ки тавассути равандҳои сиёсии фарогир, чораҳои эътимодбахш, барқарорсозии пас аз низоъ ва сармоягузориҳои дарозмуддат ба ваҳдати иҷтимоӣ дар таҳкими сулҳ, оштӣ, муколама ва ваҳдати миллӣ саҳм гузоштаанд, истиқбол мекунад. Қатънома хотирнишон месозад, ки ин таҷрибаҳои миллӣ ҳамчун манбаи арзишманди илҳомбахшӣ барои наслҳои имрӯза ва оянда хизмат мекунад.   Илова бар ин, дар қатънома аз уҳдадориҳои зимни Саммити оянда дар соли 2024 қабулшуда, инчунин аз қабули "Паймони оянда", ки дар он кишварҳои узв баҳри тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда уҳдадор шудаанд, истиқбол карда мешавад. Дар он инчунин таҳаввулоти мусбат дар Осиёи Марказӣ, хусусан талошҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар амри ҳалли мусолиматомези масъалаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла имзои созишномаҳои дахлдор истиқбол карда мешавад.   Қатънома аз Дабири Кулл, ниҳодҳои махсусгардонидашуда, комиссияҳои минтақавӣ ва дигар ниҳодҳои СММ дархост менамояд, ки ҷиҳати татбиқи Даҳсола дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷонибҳои манфиатдор мусоидат кунанд. Аз давлатҳои узв, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикон ҷиҳати дастгирии татбиқи Даҳсола, аз ҷумла табодули таҷрибаву дониш даъват ба амал оварда шудааст.   Шоёни зикр аст, ки қабули қатъномаи мазкур бо ташаббуси навбатии Роҳбари давлати мо дар Маҷмаи Умумии СММ ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд. Он бешак аз нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик сарчашма гирифта, ҳамакнун саҳме дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ хоҳад буд.   Гузашта аз ин, иқдоми мазкур аз сӯи шахсияте ба мисли Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлате, ки мардумонаш даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд, ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд, амри саривақтӣ ва зарурӣ мебошад.

    7

    26.06.2026