16.01.2025

 img

Нимаи дуюми рӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бинои Маркази Оши шаҳри Душанбе Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ду кишвар баргузор гардид, ки дар кори он сарони ҳарду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Иштироки бевоситаи сарони ду давлат дар ин ҳамоиш худ бозгӯй аз аҳамияти бориз ва авлавият доштани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ дар маҷмуи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг аст.

 

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён, ҳайати ҳамроҳи ӯ ва ҷамъи тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорони эрониро ба Тоҷикистон ва ба ин ҳамоиши басо муҳим хайрамақдам гуфта, муҳимтарин имкону афзалиятҳои гардишгарӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорат бо кишвари моро шахсан муаррифӣ намуданд.

 

Тавре зикр гардид, дар соли 2024 ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар тақрибан то 50 дарсад нисбат ба соли 2023 афзоиш ёфт, ки “аз мавҷудияти зарфиятҳои кофӣ барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии ду ҷониб гувоҳӣ медиҳад”.

 

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуди сарватҳои фаровони табиӣ ба мисли об, маъданҳо, фулузоти нодир, имконоти беандозаи истеҳсоли энергияи “сабз” ва рушди иқтисоди “сабз”, роҳандозии ҳамкории судовар дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, ғизоӣ, нассоҷӣ, кимиё, дорусозӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, соҳаҳои энергетика, металлургӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ ва истифода аз зарфиятҳои зиёди гардишгарӣ ёдовар шуда, ҳозиринро ба ҳамкории самарабахш даъват намуданд.

 

Таъкид гардид, ки “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои молиётиву гумрукӣ, дар маҷмӯъ беш аз 240 номгӯи замонатҳои ҳуқуқӣ муқаррар намудааст”.

 

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён низ дар навбати худ омодагӣ ва алоқамандии Ҳукумат ва доираҳои соҳибкорию сармоягузории Эронро ба таҳким ва густариши робитаҳо бо Тоҷикистон таъкид намуда, ҳарду ҷонибро ба дарёфти роҳҳои наву судовари ҳамкорӣ даъват намуданд.

 

Қобили зикр аст, ки Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон рӯзи 15 январ бо Муколамаи намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо оғоз ёфта, 16 январ бо ҳузури сарони давлатҳо идома ва ҳусни анҷом ёфт.

 

Аз рӯйи натиҷаҳои чорабиниҳои мазкур 13 санади ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Эрон ба маблағи зиёда аз 450 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

  • Иштирок дар Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон img
  • Иштирок дар Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон img
  • Иштирок дар Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон img
  • Иштирок дар Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон img
  • Иштирок дар Ҳамоиши тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ба истифода додани бинои муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрок дар ноҳияи Шаҳристон Зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анорқул Ҷӯразода сохта шуда, дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ноҳияи Шаҳристон қадами муҳим ба ҳисоб меравад.   Бинои литсей мутобиқ ба талаботи соҳаи маориф сохта шуда, дорои синфхонаҳои таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, ду озмоишгоҳ, китобхона, синфхонаи компютерӣ, ошхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Шароити мавҷуда ба ташкили раванди самараноки таълим, аз худ намудани донишҳои назариявию амалӣ ва рушди қобилияту истеъдоди хонандагон мусоидат менамояд.   Ҳамчунин, дар муассиса барои ташкили машғулиятҳои фаннӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияи муосир шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Майдончаи варзишӣ низ барои таҳкими саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди қобилияти ҷисмонии насли наврас мусоидат мекунад.   Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимӣ 25 омӯзгор бо кор таъмин шуданд.   Инчунин, дар назди литсей маҷмааи варзишӣ бунёд ёфтааст, ки барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва обутоби бадан пешбинӣ шудааст.   Толори хуштарҳи маҷмаа барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар фасли сармо мусоид аст. Толори обутоби бадан қисми дигари ин маҷмаа мебошад, ки бо таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, шароити хубро барои ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим фароҳам меорад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани муассисаи таълимии хусусии Идрок дар ноҳияи Шаҳристонро иқдоми муҳим дар роҳи рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас арзёбӣ намуда, ба иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ таҳсин хонданд.

    59

    02.11.2026
  •  img
    Иштирок дар Иди картошка 2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва гузоштани санги асос барои бунёди корхонаҳои нав дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд.   Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла намудҳои гуногуни картошка, сабзавоту меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод гардид.   Иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир хоҷагидорони ноҳияи Шаҳристон дар самти кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсол, истифодаи самараноки замин ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.   Таъкид гардид, ки ноҳияи Шаҳристон бо назардошти иқлими мусоид яке аз минтақаҳои муҳими картошкапарварии кишвар ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумот давоми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 740,7 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 73,3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 111 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 16,7 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт карда шудаанд.   Ба Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки масоҳати кишти картошка дар соли равон 3 ҳазору 229 гектарро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 56 ҳазору 394 тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 12 дарсад зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда аз беҳтар гардидани ҳаҷми истеҳсол ва рушди соҳаи картошкапарварӣ дар ноҳияи Шаҳристон шаҳодат медиҳад.   Гуфта шуд, ки афзоиши истеҳсоли картошка барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ мусоидати фаъол мекунад. Бо мақсади нигоҳ доштани ин раванд, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи тухмии хушсифат, беҳтар намудани низоми обёрӣ ва татбиқи усулҳои муосири парвариши картошка муҳим шумурда шуд.   Тибқи иттилои масъулин дар баробари картошкапарварӣ, дар ноҳияи Шаҳристон истеҳсоли дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ идома дошта, давоми соли ҷорӣ 31 ҳазору 870 тонна ғалладонагӣ, 5 ҳазору 952 тонна сабзавот ва 2 ҳазору 962 тонна меваҷот истеҳсол карда шудааст. Инчунин, ба ҳолати 1 октябри соли 2026 дар майдони 2 ҳазору 774 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки 142 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.   Зимни шиносоӣ бо дастранҷи кишоварзон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватаниро аз самтҳои муҳими рушди соҳа арзёбӣ намуда, барои амалӣ намудани он ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд.

    26

    02.11.2026
  •  img
    Гузоштани санги асос барои бунёди 2 корхона дар ноҳияи Шаҳристон 2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ба истифода додани бинои муассисаи таълимии хусусии Идрок дар ноҳияи Шаҳристон, ҳамчунин, барои бунёди корхонаҳои коркарди гӯшту шир ва истеҳсоли обҳои ташнагишикан санги асос гузоштанд.   Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди гӯшту шир бо таъсиси 25 ҷойи корӣ ва корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан бо фароҳам овардани 15 ҷойи нави корӣ бунёд карда мешаванд.   Ҳадафи бунёди ин корхонаҳо рушди саноати маҳаллӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат мебошад. Инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳия муҳим дониста шуд.   Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин иншооти истеҳсолӣ барои таҳкими иқтидори саноатии ноҳияи Шаҳристон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ ва обҳои ташнагишикан метавонад барои қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва коҳиш додани вобастагӣ ба маҳсулоти воридотӣ мусоидат намояд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бунёди иншоотро дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.

    18

    02.11.2026