29.01.2025

 img

Бо ибтикори Муассисаи давлатии "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо"-и шаҳри Хоруғ, дар пайравӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва забонҳои хориҷӣ байни хонандагони синфҳои 3-4-и муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ олимпиадаи шаҳрӣ аз фанҳои табиатшиносӣ бо фарогирии 33 нафар хонанда ва забони русӣ бо фарогирии 28 нафар хонанда баргузор гардид.

 

Бояд ёдовар шуд, ки бо ташаббуси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Хоруғ Олимпиадаи шаҳрӣ иборат аз ду давр - муассисавӣ ва шаҳрӣ, аз фанҳои математика, табиатшиносӣ, забони англисӣ ва забони русӣ бо фарогирии 117 нафар хонандагони синфҳои 3-4 баргузор гардида, ғолибон аз ҷониби Марказ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.

  • ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ: САБҚАТИ ЗЕҲНӢ БАРОИ БЕҲТАРИНҲО img
  • ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ: САБҚАТИ ЗЕҲНӢ БАРОИ БЕҲТАРИНҲО img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАСТОВАРДИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХИМИЯ БА НОМИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ   Аз 28-уми май то 4-уми июни соли 2025 шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мизбони Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия ба номи Абурайҳони Берунӣ гардид. Дар ин чорабинии бонуфузи илмӣ хонандагони боистеъдод аз зиёда аз 14 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.   Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Олимпиада 4 нафар хонанда муаррифӣ карда, бо донишу маҳорати худ сазовори 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд.   Ин дастовард нишондиҳандаи омодагии ҳамаҷониба ва сатҳи баланди дониши хонандагони тоҷик дар соҳаи химия мебошад.

    41

    04.06.2025
  •  img
    ПИРӮЗИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ FEMO   Аз 29-уми май то 2-юми июни соли 2025 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон олимпиадаи байналмилалии FEMO миёни хонандагони зиёда аз 18 давлати дунё баргузор гардид.   Дар қатори дигар кишварҳо дастаи мунтахаби ҷумҳуриро 37 нафар хонандагон муаррифӣ намуда, сазовори 2 – медали тилло, 6 – медали нуқра ва 9 – медали биринҷӣ гардиданд.   Дастовардҳои хонандагони тоҷик бори дигар собит месозад, ки илму фанни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазир гардида, таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши илмҳои муосир бештар гардидааст.  

    39

    04.06.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ (GPE) ДАР ПАРИЖ ОҒОЗ ГАРДИД   Имрӯз, 3 июни соли 2025 дар шаҳри Парижи Фаронса ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) оғоз гардид. Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳамчун аъзои Шурои директорони GPE иштирок намуда истодааст.   Дар рӯзи аввали ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф иштирокчиён дар қисмати ифтитоҳӣ бештар ба мавзуъҳои калидии рушди таҳсилоти фарогир ва устувор диққат доданд. Аз ҷумла, дар баромадҳои худ иштирокичён масъалаҳои арзёбии натиҷаҳои татбиқи модели нави фаъолият (GPE-2025), пешниҳоди роҳҳои содасозии равандҳои ҳамкорӣ, баррасии механизмҳои маблағгузории муосир ва самаранок, густариши дастрасии духтарон ба таҳсилот дар доираи татбиқи стратегияи баробарии гендерӣ, инчунин роҳҳои тақвияти ҳамкории кишварҳои шарик ва баланд бардоштани нақши онҳо дар қабули қарорҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён ба зарурати ҳамоҳангии бештари стратегӣ ва тақвияти кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи маориф таъкид карданд.   Дар баробари дигар иштирокичён вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати ифтитоҳӣ ҳамчун аъзои Шурои директорон вобаста ба таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба соҳаи илму маориф дар замони муосир суханронӣ намуда, қайд дошт, ки соҳаи илму маориф асоси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар як давлатро ташкил медиҳад.   Дар суханронии худ вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар иртибот бо Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян карда, омода аст, ки ҳамкориҳои худро дар самти рақамикунонии соҳаи маориф, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолият бо Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшад.   Дар интиҳои суханронӣ, вазир ба ҳамкориҳои муваффақонаи байни Вазорати маориф ва илм ва Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ишора намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ин ҳамкорӣ дар оянда низ барои таҳкими низоми маорифи Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.   Ҷаласаи Шӯрои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф то 5 июн идома ёфта, барои баррасии масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    59

    03.06.2025