04.08.2026

 img

Бо мақсади иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ миёни ҷавонон, ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва таъмини сайру гашти донишҷӯён дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт, шоми 3 августи соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Ҷомӣ ва Навоӣ чорабинии идонаи фарҳангии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар барномаи фарҳангӣ ҳунармандони Ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, роҳбари бадеии ансамбл Ҷумахони Қурбон, Ҳусайни Шариф, Дӯстмуроди Раҷаб, Нодирҷони Исматулло, Баҳроми Тоир, Насими Абдурасул ва узви фаъоли ансамбл, донишҷӯи факултети механикаю математика Маҳмадуллоҳи Ориф бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона ва мардумӣ ҳунарнамоӣ карданд.

 

Чорабиниро корманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шоир ва рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бахтиёр Раҳмониён ҳусни оғоз бахшида, аз номи роҳбарияти Донишгоҳ сокинону меҳмонони пойтахтро хайрамақдам гуфт. Мавсуф зимни суханронии худ аз аҳаммияти чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани завқи эстетикии ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳангии миллат ёдовар шуда, аз ашъори худ ва дигар шоирони тоҷик дар васфи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ватан ва сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон порчаҳо қироат намуд.

 

Роҳбари бадеии Ансамбли халқии «Наврӯз» Ҷумахони Қурбон низ баргузор гардидани чунин чорабиниҳоро барои ғанӣ гардонидани фазои фарҳангии пойтахт ва таҳкими робитаи аҳли ҳунар бо ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.

 

Дар идомаи барнома ҳунармандони ансамбл бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишин ба чорабинӣ шукуҳу таровати тоза бахшиданд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт аз барномаи рангини ҳунарӣ истиқболи гарму самимӣ намуда, бо сарояндагон аксҳои хотиравӣ гирифтанд.

  • «НАВРӮЗ» ДАР МЕҲМОНИИ ҶОМӢ ВА НАВОӢ img
  • «НАВРӮЗ» ДАР МЕҲМОНИИ ҶОМӢ ВА НАВОӢ img
  • «НАВРӮЗ» ДАР МЕҲМОНИИ ҶОМӢ ВА НАВОӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар чорабинӣ устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ фазои идонаро боз ҳам шукуҳманд гардониданд.   Тибқи Нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт чунин чорабинии фарҳангӣ дар назар аст.   Ҳадафи баргузории чорабинӣ таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги волои тоҷикон ва таҷлили дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

    14

    04.08.2026
  •  img
    ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАВАССУТИ ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӢ: ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ Дар доираи нақшаи чорабиниҳои фарҳангии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов 3 августи соли 2026 дар Боғи «Куруши Кабир» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ донишҷӯёни донишкада фаъолона иштирок намуда, бо риояи интизоми намунавӣ, фарҳанги баланди муошират ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳми худро дар баргузории он гузоштанд.   Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон, тарғиби арзишҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, дар тарбияи насли ҷавон нақши муҳим дорад.   Раёсати донишкада минбаъд низ ҷиҳати ҷалби фаъоли донишҷӯён ба чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ тадбирҳои заруриро идома хоҳад дод.

    14

    04.08.2026
  •  img
    ДОНИШҶӮЁНИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОСКВА БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 2 августи соли 2026 донишҷӯёни Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» барномаи фарҳангӣ баргузор намуданд.   Чорабинӣ бо мақсади таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғанӣ гардонидани фароғати фарҳангии ҷавонон доир гардида, донишҷӯён бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, барномаҳои ҳунарӣ ва иштироки фаъоли худ фазои идона ва хотирмонро барои сокинону меҳмонони пойтахт фароҳам оварданд.   Баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва боло бурдани рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамояд.

    33

    03.08.2026