30.12.2025
30 декабри сооли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷаласа сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддинзода Шарофиддин, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методи Каримзода Шавкат ва кормандони Марказ иштирок намуданд.
Ҷаласаро директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Каримзода Шавкат ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии худ доир ба фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар соли 2025 гузориши муфассал пешниҳод намуд.
Дар гузориш зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Марказ ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, дар самти таҳияи маводҳои таълимию методӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим ва баланд бардоштани сифати раванди таълим натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд.
Қайд карда шуд, ки дар соли 2025 як қатор дастурҳо, барномаҳо ва маводҳои методӣ таҳия ва ба муассисаҳои таълимии кишвар пешниҳод гардида, ҳамзамон ҳамкории Марказ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ тақвият ёфтааст. Инчунин, таваҷҷуҳи махсус ба рушди таҳсилоти рақамӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва мутобиқсозии мазмуну мундариҷаи таълим ба талаботи замони муосир зоҳир гардид.
Дар идома директори Марказ вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Марказро барои соли минбаъда муайян намуда, таъкид кард, ки таҳкими заминаи моддиву техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва густариши корҳои илмию методӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосӣ маҳсуб меёбанд.
Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши пешниҳоднамудаи директори Марказро мавриди таҳлил қарор дода, ба фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар соли 2025 баҳои мусбат дод.
Номбурда таъкид намуд, ки натиҷаҳои бадастомада нишон медиҳанд, ки фаъолияти Марказ ба талаботи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф мутобиқ буда, дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо маводҳои зарурии методӣ нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорат ҷиҳати боз ҳам такмил додани фаъолияти Марказ пешниҳодҳо манзур намуда, зарурати тақвияти ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо Марказ, густариши омӯзишҳои методӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам ва истифодаи самараноки технологияҳои рақамиро муҳим арзёбӣ кард.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки иҷрои мунтазами тавсияҳо ва таклифҳои ироашуда ба рушди минбаъдаи фаъолияти Марказ мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.