13.08.2026

 img

МУҚАДДИМА

 

Инсоният дар тамоми давраҳои таърих ба як ҳақиқати тағйирнопазир шоҳид шудааст: сарнавишти ҷомеа аз тарбияи насли наврас вобаста аст. Ҳар миллате, ки ба тарбияи фарзанд аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад, дар оянда соҳиби ҷомеаи пешрафта, иқтисодиёти пуриқтидор ва фарҳанги устувор мегардад. Баръакс, ҳар ҷомеае, ки масъалаи тарбияро нодида мегирад, дер ё зуд ба буҳрони ахлоқӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешавад.

 

Дар ин миён, нақши падару модар аз ҳама муҳим ва ҳалкунанда мебошад. Мактаб, ҷомеа, давлат, воситаҳои ахбори омма ва дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ метавонанд дар ташаккули шахсияти инсон саҳм гузоранд, аммо ҳеҷ яке аз онҳо ҷойгоҳи оиларо гирифта наметавонанд. Аввалин дарси зиндагӣ, сухан, андеша, эҳсоси муҳаббат, дарки неку бад ва шиносоӣ бо ҷаҳон маҳз аз оғӯши падару модар оғоз мегардад.

 

Беҳуда нест, ки мутафаккирони бузурги ҷаҳон оиларо «аввалин мактаб» ва падару модарро «аввалин омӯзгорон» номидаанд. Воқеан, шахсияти инсон, пеш аз он ки вориди муассисаи таълимӣ шавад, дар муҳити хона шакл мегирад. Агар ин муҳит солим бошад, ҷомеа низ солим хоҳад буд. Агар оила рисолати худро дуруст иҷро намояд, бисёре аз мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардаанд, аз байн хоҳанд рафт.

 

Дар шароити муосир, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногуни маънавӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ рӯ ба рӯ шудааст, масъулияти падару модар боз ҳам бештар гардидааст. Имрӯз волидон вазифадоранд фарзанди худро донишманд, худогоҳ, ватандӯст, масъулиятшинос, соҳибкасб ва дорои ҷаҳонбинии солим ба камол расонанд.

 

ОИЛА-АВВАЛИН МУҲИТИ ТАШАККУЛИ ИНСОН

 

Ҳар кӯдак дар зиндагӣ шабеҳи саҳифаи сафед аст. Ин саҳифа дар солҳои аввал бо қалами падару модар пур мешавад. Пеш аз он ки кӯдак ба ҷомеа ворид гардад, ӯ муҳити хонаводаро мешиносад ва ҷаҳонро тавассути чашмони волидони худ мебинад.

 

Боз ҳам таъкид мекунем, ки оила нахустин муассисаи иҷтимоӣ мебошад, ки дар он асосҳои шахсияти инсон гузошта мешаванд. Дар ҳамин муҳит кӯдак сухан гуфтанро меомӯзад, муносибат бо дигаронро дарк мекунад, ҳисси муҳаббатро эҳсос менамояд ва мефаҳмад, ки кадом рафтор дуруст ва кадомаш нодуруст аст.

 

Пажуҳишҳои равоншиносӣ нишон медиҳанд, ки қисми зиёди хусусиятҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии инсон дар солҳои аввали ҳаёт ташаккул меёбанд. Агар кӯдак дар муҳити ором, меҳрубон ва солим ба воя расад, эҳтимоли он ки дар оянда шахси муваффақ гардад, хеле зиёд аст. Аммо агар муҳити оилавӣ пур аз низоъ, беэътиноӣ ва бепарвоӣ бошад, ин ҳолат метавонад ба тамоми зиндагии инсон таъсири манфӣ расонад.

 

Маҳз дар оила эҳтиром ба калонсолон, муносибат ба меҳнат, эҳсоси масъулият, ростқавлӣ ва дигар арзишҳои муҳим ташаккул меёбанд. Кӯдак бештар аз сухан ба амал назар мекунад. Ӯ ончиро, ки мебинад, аз худ мекунад. Агар падар ростқавл бошад, фарзанд низ ростқавл мешавад. Агар модар меҳнатдӯст бошад, фарзанд низ ранҷу заҳматро қадр мекунад.

 

Аз ҳамин рӯ, дилхоҳ рафтори волидон дар назди фарзанд аҳаммияти тарбиявӣ дорад. Падару модар хоҳанд ё нахоҳанд, дар назди фарзанд ҳамеша дар нақши омӯзгор қарор доранд.

 

ТАРБИЯИ КӮДАК АЗ РӮЗҲОИ НАХУСТИНИ ЗИНДАГӢ 

 

Бисёре аз одамон гумон мекунанд, ки тарбия аз синни мактабӣ оғоз мешавад. Дар асл, тарбия аз лаҳзаҳои аввалини ҳаёти инсон оғоз мегардад.

 

Кӯдак ҳанӯз дар синни хурдсолӣ суханони волидонро пурра намефаҳмад, аммо муносибат, меҳрубонӣ, муҳаббат ва рафтори онҳоро эҳсос мекунад. Муҳити равонии хона барои ташаккули шахсияти ӯ нақши муҳим мебозад.

 

Муҳаббат асоси тарбия мебошад. Кӯдаке, ки муҳаббати воқеии падару модарро эҳсос мекунад, одатан эътимоди бештар ба худ дорад ва дар ҷомеа фаъолтар мешавад. Аммо муҳаббат набояд бо аз ҳад зиёд нозпарвару эрка кардан омехта шавад. Тарбияи дуруст ҳам меҳрубонӣ ва ҳам талаботро дар бар мегирад.

 

Баъзе волидон тамоми шароити моддиро барои фарзанд фароҳам меоранд, вале барои суҳбат кардан, гӯш додан ва ҳамроҳӣ намудан вақт намеёбанд. Дар ҳоле ки кӯдак, пеш аз ҳама, ба муҳаббат, таваҷҷуҳ ва ҳузури волидон ниёз дорад.

 

Тарбияи воқеӣ аз сухан камтар ва аз намуна (улгу) бештар таъсир мегирад. Агар падар ба фарзанд ростқавлӣ омӯзонад, вале худ дурӯғ гӯяд, фарзанд ба сухан не, ба амали ӯ пайравӣ мекунад. Агар модар фарзандро ба китобхонӣ даъват кунад, вале худ ҳеҷ китоб нахонад, таъсири тарбия маҳдуд хоҳад буд.

 

Аз ин рӯ, беҳтарин усули тарбия он аст, ки шахсан падару модар худ намуна бошанд.

 

ВАЗИФАИ ВОЛИДОН ДАР ТАЪЛИМУ ДОНИШОМӮЗИИ ФАРЗАНД

 

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷомеаи донишбунёд табдил ёфтааст. Дар чунин шароит муваффақияти инсон, пеш аз ҳама, ба сатҳи дониш ва малакаҳои ӯ вобаста мебошад.

 

Аз ҳамин сабаб, яке аз муҳимтарин вазифаҳои падару модар фароҳам овардани шароити мусоид барои донишомӯзии фарзанд аст.

 

Волидон набояд дар рӯзи аввал фарзандро ба мактаб равон карда, масъулияти худро анҷомёфта ҳисоб намоянд. Таълим раванди муштарак байни оила ва мактаб мебошад. Агар яке аз ин ду ҷониб бетараф бошад, натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд.

 

Падару модар бояд пайваста аз раванди таҳсили фарзанд огоҳ бошанд, бо омӯзгорон ҳамкорӣ намоянд, мушкилоти таҳсилро баррасӣ кунанд ва ӯро ба омӯзиш ҳавасманд созанд.

 

Хусусан, дар замони муосир фарҳанги китобхонӣ аҳаммияти махсус пайдо кардааст. Телефонҳои ҳушманд, шабакаҳои иҷтимоӣ ва бозиҳои онлайнӣ қисми зиёди вақти наврасонро ишғол менамоянд. Агар волидон ин равандро идора накунанд, кӯдак метавонад аз мутолиа ва дониш дур шавад.

 

Дар ҳар хона бояд китоб ҷойгоҳи махсус дошта бошад. Фарзанд бояд бубинад, ки падару модараш китоб мехонанд, ба омӯзиш эҳтиром мегузоранд ва донишро арзиши олӣ мешуморанд.

 

ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ ВА МАЪНАВИИ ФАРЗАНД

 

Агар дониш инсонро неруманд созад, ахлоқ ӯро арзишманд мегардонад. Таърих борҳо исбот кардааст, ки ҷомеа на аз норасоии дониш, балки бештар аз камбуди ахлоқ зарар мебинад. Аз ҳамин сабаб, дар баробари таълим, масъалаи тарбияи ахлоқии фарзанд яке аз муҳимтарин вазифаҳои падару модар ба ҳисоб меравад.

 

Дар фарҳанги миллии тоҷикон ҳамеша ахлоқ бар дониш муқаддам дониста шудааст. Бузургони мо пеш аз он ки фарзандро ба донишомӯзӣ даъват кунанд, ӯро дар рӯҳияи ростқавлӣ, инсондӯстӣ, хоксорӣ ва эҳтироми дигарон тарбия менамуданд. Беҳуда нест, ки дар осори классикони тоҷик мафҳуми «одамият» аз мафҳуми «донишмандӣ» ҷудо нест. Инсон метавонад донишманд бошад, аммо агар дорои виҷдон, инсоф ва ахлоқи ҳамида набошад, донишаш метавонад ба зарари ҷомеа хидмат кунад.

 

Нақши падару модар дар ташаккули ахлоқи фарзанд хеле бузург аст. Маҳз онҳо нахустин бор ба кӯдак меомӯзонанд, ки ба калонсолон эҳтиром гузорад, ба хурдсолон меҳрубон бошад, ҳаққи дигаронро поймол накунад, ба ваъдаи худ вафо намояд ва дар ҳама ҳолат ростқавл бошад.

 

Яке аз мушкилоти ҷомеаи муосир он аст, ки баъзе волидон бештар ба дастовардҳои таълимии фарзанд аҳаммият медиҳанд, аммо масъалаи ахлоқро дар ҷойи дуюм мегузоранд. Барои онҳо муҳим аст, ки фарзанд баҳои аъло дошта бошад, вале камтар меандешанд, ки оё ӯ инсони боодоб, масъулиятшинос ва дорои виҷдони солим ҳаст ё не.

 

Дар ҳоле ки шахсияти комил аз ҳамоҳангии дониш ва ахлоқ ба вуҷуд меояд. Дониш бе ахлоқ метавонад инсонро мағрур, худхоҳ ва ҳатто хатарнок гардонад. Ахлоқ бошад, донишро ба манфиати ҷомеа равона месозад.

 

Муҳимтар аз ҳама, волидон бояд фарҳанги масъулиятшиносиро дар ниҳоди фарзанд тарбия кунанд. Фарзанд бояд аз хурдӣ дарк намояд, ки ҳар амал натиҷа дорад ва ҳар инсон барои рафтори худ ҷавобгар аст. Мутаассифона, баъзе падару модарон хатои фарзандро пай бурда, ҳамеша ӯро сафед мекунанд ва аз масъулият дур нигоҳ медоранд. Дар натиҷа кӯдак ба чунин андеша одат мекунад, ки ҳамеша шахсе иштибоҳҳои ӯро ислоҳ мекунад.

 

Тарбияи дуруст инсонеро ба камол мерасонад, ки барои гуфтор, рафтор ва қарорҳои худ масъулият эҳсос менамояд.

 

ТАРБИЯИ МИЛЛӢ ВА ХУДШИНОСИИ ФАРЗАНД

 

Дар ҷаҳони имрӯз, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат идома доранд, масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ аҳаммияти махсус касб кардааст. Ҳар миллате, ки таърих, фарҳанг ва арзишҳои худро ҳифз карда наметавонад, тадриҷан симои миллии худро аз даст медиҳад.

 

Аз ҳамин сабаб, яке аз вазифаҳои муҳимми падару модар тарбияи худшиносии миллӣ дар фарзанд мебошад.

 

Худшиносӣ аз шинохти забон оғоз меёбад. Забони модарӣ оинаи таърих, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури миллат мебошад. Фарзанде, ки забони модарии худро дӯст намедорад ва онро дуруст намедонад, тадриҷан аз решаҳои фарҳангиаш дур мешавад.

 

Волидон бояд фарзандро аз хурдӣ бо забони ноби тоҷикӣ сухан гуфтан омӯзонанд, ӯро ба мутолиаи адабиёти миллӣ ҷалб намоянд ва муҳаббат ба сухани нобро дар қалбаш ҷой диҳанд.

 

Дар баробари забон, шинохти таърихи миллат низ аҳаммияти бузург дорад. Кӯдак бояд бидонад, ки ба кадом миллат тааллуқ дорад, гузаштагонаш киҳо буданд, барои ҳифзи давлат ва фарҳанг чӣ хидматҳо кардаанд ва имрӯз ӯ чӣ масъулияте дар назди Ватан дорад. Маҳз аз ҳамин шинохт ҳисси ифтихори миллӣ пайдо мешавад.

 

Фарзанде, ки аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Ҷомӣ, Айнӣ, Б. Ғафуров ва дигар шахсиятҳои бузурги миллат огоҳ аст, эҳсоси мансубият ба тамаддуни бузургро дарк мекунад. Ин эҳсос ӯро аз бегонапарастӣ ва худбохтагӣ муҳофизат менамояд.

 

Дар ин раванд, оила нақши аввалиндараҷа дорад. Вақте ки падар аз таърихи миллат ифтихор мекунаду модар фарзандро бо анъанаҳои миллӣ ошно месозад, дар хона сухан аз арзишҳои миллӣ меравад, фарзанд низ тадриҷан соҳиби худшиносии миллӣ мегардад.

 

Дар маҷмуъ, шахси худшиносу худогоҳ аст, зери таъсири ғояҳои бегона қарор намегирад.

 

ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

 

Яке аз мушкилоти ҷиддии асри XXI густариши ғояҳои ифротгароӣ ва кӯшиши гурӯҳҳои гуногун барои ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои харобиовар мебошад.

 

Таҷрибаи кишварҳои гуногун нишон медиҳад, аксари ҷавонони ба чунин гурӯҳҳо шомил шуда, аз оилаҳое баромадаанд, ки дар онҳо камбуди назорат, тарбия ё муҳаббати оилавӣ вуҷуд доштааст. Албатта, танҳо оила масъули ҳамаи мушкилот нест, аммо нақши он дар пешгирии ин падида ҳалкунанда мебошад.

 

Ҷавоне, ки аз хурдӣ муҳаббати падару модарро эҳсос кардааст, дониш гирифтааст, ҷаҳонбинии солим дорад ва мақсаду мароми хубро дар зиндагӣ интихоб намудааст, камтар ба таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ дода мешавад. Баръакс, вақте ҷавон худро танҳо эҳсос мекунад, аз ҷомеа ранҷидааст, дониш ва ҷаҳонбинии кофӣ надорад, эҳтимоли таъсирпазирии ӯ бештар мегардад.

 

Имрӯз хатари асосӣ на танҳо дар кӯча, балки дар фазои маҷозӣ вуҷуд дорад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз воситаҳои асосии паҳн намудани ғояҳои ифротӣ табдил ёфтаанд. Аз ҳамин сабаб, волидон бояд ба фаъолияти интернетии фарзандони худ таваҷҷуҳ намоянд. Ин маънои маҳдуд кардани озодии фарзандро надорад. Баръакс, сухан дар бораи ҳамроҳӣ ва роҳнамоӣ меравад. Волидон бояд донанд, ки фарзандашон ба чӣ амалҳо машғул аст, кадом саҳифаҳоро мутолиа мекунад, ба кадом шахсон пайравӣ менамояд ва ҷаҳонбинии ӯ чӣ гуна шакл мегирад.

 

Беҳтарин роҳи мубориза бо ифротгароӣ андӯхтани илму дониш мебошад. Ҷавоне, ки дониш дорад, метавонад ҳақиқат­ро аз дурӯғ, илмро аз хурофот ва динро аз ифротгароӣ фарқ кунад.

 

Дар ҳамин замина, масъалаи пешгирии таҳсили ғайриқонунии динӣ низ аҳаммияти калон дорад. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон дод, ки баъзе ҷавонон зери таъсири афроде қарор гирифтаанд, ки ба ҷойи таълими донишҳои воқеии динӣ, андешаҳои тундравонаро тарғиб мекарданд.

 

Аз ин рӯ, волидон вазифадоранд, ки дар масъалаи таҳсил ва тарбияи динӣ низ масъулиятшинос бошанд. Дониши динӣ бояд дар асоси қонунгузорӣ, арзишҳои миллӣ ва таҳаммулгароӣ ба фарзанд омӯзонида шавад.

 

Дар ниҳоят, бояд гуфт, ки муҳофизати фарзанд аз ғояҳои харобиовар танҳо бо назорат имконнопазир аст. Муҳаббат, эътимод, дониш ва тарбияи дуруст муҳимтарин сипари ҷавонон дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳои идеологӣ мебошанд.

 

ҲАМКОРИИ ВОЛИДОН БО МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

 

Таълиму тарбияи фарзанд раванди бисёрҷанба ва мураккаб аст, ки танҳо бо талоши як ҷониб натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Ҳатто беҳтарин муассисаи таълимӣ наметавонад камбудиҳои ҷиддии тарбияи оилавиро пурра ҷуброн намояд. Ҳамзамон, оила низ бе пуштибонӣ ва фаъолияти касбии омӯзгорон наметавонад ҳамаи талаботи таълиму тарбияи муосирро таъмин кунад. Аз ҳамин сабаб, дар тамоми низомҳои пешрафтаи маорифи ҷаҳон ҳамкории оила ва мактаб яке аз омилҳои асосии муваффақияти таҳсил ба ҳисоб меравад.

 

Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо муносибати волидон бо муассисаи таълимӣ ба иштирок дар маҷлисҳои падару модарон ё гирифтани дафтарчаи баҳогузории фарзанд маҳдуд мешавад. Баъзеҳо ҳатто чунин мепиндоранд, ки пас аз ворид шудани фарзанд ба мактаб тамоми масъулияти таълиму тарбия ба зиммаи омӯзгор мегузарад. Ин андеша аз нигоҳи педагогӣ комилан нодуруст аст.

 

Омӯзгор метавонад дониш диҳад, роҳнамоӣ кунад, қобилиятҳоро ошкор намояд ва дар ташаккули ҷаҳонбинии хонанда саҳм гузорад, аммо ӯ ҷойи падару модарро гирифта наметавонад. Фарзанд қисми зиёди вақти худро дар оила сипарӣ мекунад ва маҳз муҳити хонаводагӣ ба таҳким ё заиф гардидани таъсири тарбиявии мактаб мусоидат менамояд.

 

Дар шароити муосир, ки наврасон зери таъсири манбаъҳои гуногуни иттилоотӣ қарор доранд, робитаи доимии омӯзгор ва волидон аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Волидон бояд аз натиҷаҳои таҳсил, рафтор, муносибат бо ҳамсинфон, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ва вазъи равонии фарзанд пайваста огоҳ бошанд. Бисёр вақт омӯзгор аввалин шахсе мегардад, ки тағйироти рафторӣ ё мушкилоти муайяни хонандаро мушоҳида мекунад. Дар чунин ҳолат ҳамкории саривақтии мактаб ва оила метавонад аз пайдоиши мушкилоти ҷиддӣ пешгирӣ намояд.

 

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз диққати махсусро талаб мекунад, баланд бардоштани нуфузи омӯзгор дар назари фарзандон мебошад. Вақте ки кӯдак мебинад, падару модараш ба омӯзгор эҳтиром мегузоранд, суханони ӯро қадр мекунанд ва бо муассисаи таълимӣ муносибати созанда доранд, худи ӯ низ ба таҳсил ҷиддӣ муносибат мекунад. Аммо агар волидон дар назди фарзанд пайваста омӯзгорро танқид кунанд ё нуфузи мактабро паст зананд, ин ҳолат ба муносибати кӯдак нисбат ба омӯзиш таъсири манфӣ мерасонад.

 

Дар воқеъ, муваффақияти ҳар як хонанда натиҷаи ҳамкории се неру мебошад: оила, мактаб ва худи хонанда. Ҳар қадар ин ҳамкорӣ мустаҳкам бошад, ҳамон андоза имконияти ташаккули шахсияти комил бештар мегардад.

 

ТАРБИЯИ МЕҲНАТДӮСТӢ ВА МУСТАҚИЛИЯТ

 

Яке аз вазифаҳои муҳимми падару модар, омода намудани фарзанд ба зиндагии мустақил мебошад. Мутаассифона, баъзе волидон муҳаббатро бо ҳимояи аз ҳад зиёди фарзанд омехта мекунанд. Онҳо мекӯшанд, тамоми мушкилашро ҳал кунанд, ҳамаи корҳои рӯзгорро ба ҷойяш анҷом диҳанд ва ӯро аз ҳар гуна душворӣ дур нигоҳ доранд. Дар назари аввал чунин муносибат аз муҳаббат сарчашма мегирад, аммо дар асл, метавонад ба ташаккули шахсияти вобаста ва нотавон сабаб гардад.

 

Зиндагӣ аз инсон дониш, масъулият, ирода ва қобилияти мустақилона ҳал намудани мушкилотро талаб мекунад. Аз ҳамин рӯ, кӯдак бояд аз синни хурдӣ ба меҳнат одат кунад. Ин маънои истифодаи меҳнати кӯдакро надорад, балки сухан дар бораи ташаккули фарҳанги меҳнат меравад.

 

Фарзанд бояд дарк намояд, ки ҳар неъмат бо заҳмат ба даст меояд. Ӯ бояд қадри нон, либос, китоб ва дигар арзишҳои зиндагиро донад. Кӯдаке, ки меҳнатро эҳтиром мекунад, дар оянда низ барои расидан ба ҳадафҳои худ талош хоҳад кард.

 

Дар ҷомеаи имрӯз гоҳе чунин ҳолат мушоҳида мешавад, ки баъзе ҷавонон мехоҳанд бе заҳмат ба муваффақият ноил гарданд. Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва таблиғи зиндагии осону пурҳашамат дар баъзе ҳолатҳо чунин тасаввуротро ба вуҷуд овардааст, ки муваффақиятро метавон бе меҳнат ба даст овард. Аммо таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки ҳамаи дастовардҳои воқеӣ натиҷаи дониш, меҳнат ва сабр мебошанд. Аз ин рӯ, волидон бояд фарзандро ба меҳнати ҷисмонӣ ва зеҳнӣ одат кунонанд. Вай бояд дар корҳои хона саҳм гузорад, масъулиятҳои муайян дошта бошад ва тадриҷан ба мустақилона қабул кардани қарорҳо таҷриба ҳосил кунад.

 

Меҳнатдӯстӣ воситаи таъмини рӯзгор ва яке аз муҳимтарин сифатҳои ахлоқии инсон мебошад. Меҳнат инсонро масъулиятшинос, босабр, қавиирода ва худбовар мегардонад. Беҳуда нест, ки дар фарҳанги тоҷикӣ меҳнат ҳамеша ҳамчун яке аз арзишҳои олии инсонӣ ситоиш шудааст. Ҳамзамон, волидон бояд ба фарзанд интихоби дурусти касбро омӯзонанд. Дар ҷаҳони муосир касб воситаи худшиносӣ ва хидмат ба ҷомеа мебошад. Аз ҳамин сабаб, ҳангоми интихоби касб бояд манфиатҳои моддӣ, қобилият, шавқу рағбат ва эҳтиёҷоти ҷомеа низ ба назар гирифта шаванд.

 

Фарзанде, ки ба меҳнат эҳтиром дорад ва мустақилона зиндагӣ карданро омӯхтааст, дар ҳар шароит роҳи худро пайдо хоҳад кард.

 

МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР НАЗДИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

 

Тарбияи фарзанд дар назари аввал масъалаи шахсии ҳар як оила менамояд. Вале дар асл, натиҷаи тарбия аз доираи як хонаводае фаротар аст. Кӯдаке, ки имрӯз дар оғӯши оила ба воя мерасад, фардо узви фаъоли ҷомеа, корманди соҳаҳои гуногун: омӯзгор, табиб, муҳандис, олим, соҳибкор ё роҳбари ниҳоде хоҳад шуд.

 

Аз ҳамин ҷост, ки тарбияи фарзандро метавон сармоягузории муҳимтарин ба ояндаи миллат номид.

 

Давлат метавонад беҳтарин қонунҳо, барномаҳо ва стратегияҳоро қабул, муассисаҳои таълимии нав ва барои рушди соҳаи маориф маблағҳои зиёд ҷудо кунад, аммо агар оила дар иҷрои рисолати худ саҳлангорӣ намояд, ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ душвор мегардад.

 

Дар воқеъ, бисёре аз мушкилоти иҷтимоӣ реша дар камбудиҳои тарбияи оилавӣ доранд. Ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, ифротгароӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба қонун ва дигар падидаҳои номатлуб аксаран дар муҳите шакл мегиранд, ки дар он ба тарбия аҳаммияти кофӣ дода нашудааст.

 

Баръакс, ҳар як ҷавони донишманд, соҳибахлоқ ва ватандӯст натиҷаи заҳмати чандинсолаи падару модар мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як падару модар бояд дарк намояд, ки ӯ барои тарбияи фарзанди худ не, балки барои ояндаи ҷомеа низ масъул аст. Ҳар амале, ки имрӯз дар муҳити оила анҷом дода мешавад, фардо метавонад ба рушди давлат ё ба пайдоиши мушкилоти иҷтимоӣ таъсир расонад.

 

Махсусан, дар шароити Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаи тарбияи дурусти насли нав­рас аҳаммияти стратегӣ дорад. Пешрафти иқтисодӣ, рушди илм, таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таъмини амнияти кишвар, пеш аз ҳама, аз сатҳи дониш, маърифат ва ахлоқи ҷавонон вобаста мебошад. Дар ин раванд нақши падару модарро ҳеҷ ниҳоди дигар иваз карда наметавонад.

 

ХУЛОСА

 

Тавре ки гуфтем, ҳақиқати бузурги зиндагӣ он аст, ки ояндаи ҳар миллат дар оғӯши оилаҳо шакл мегирад. Мактаб метавонад дониш диҳад, ҷомеа таҷриба омӯзонад ва давлат шароити рушдро фароҳам созад, аммо асосҳои шахсияти инсон дар муҳити оила гузошта мешаванд.

 

Падару модар аввалин омӯзгорон, мураббиён ва роҳнамоёни фарзанд мебошанд. Аз лаҳзаи таваллуд то расидан ба камолот фарзанд аз онҳо зиндагӣ кардан, дӯст доштан, меҳнат намудан, эҳтиром гузоштан, дониш омӯхтан ва дар хидмати ҷомеа буданро меомӯзад. Ҳар як сухан, рафтор ва амали волидон ба ташаккули ҷаҳонбинии фарзанд таъсир мерасонад.

 

Тарбияи фарзанд раванди мураккаби ташаккули шахсият мебошад, ки тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, миллӣ, шаҳрвандӣ, меҳнатӣ ва зеҳниро дар бар мегирад. Волидон вазифадоранд, дар ниҳоди фарзанд муҳаббат ба дониш, эҳтиром ба қонун, садоқат ба Ватан, худшиносии миллӣ, фарҳанги муошират ва масъулиятшиносиро тарбия намоянд.

 

Имрӯз, дар замоне ки ҷаҳон бо таҳдидҳои гуногуни маънавӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ рӯ ба рӯ гардидааст, нақши падару модар боз ҳам муҳимтар шудааст. Танҳо оилае метавонад фарзанди худро аз таъсири ғояҳои бегона ва падидаҳои номатлуб муҳофизат намояд, ки худ соҳиби ҷаҳонбинии солим, фарҳанги баланд ва эҳсоси масъулияти волои шаҳрвандӣ бошад.

 

Дар ниҳоят, бояд гуфт, ки фарзанди боодобу донишманд, ватандӯсту худшинос ва заҳматқарин ифтихори падару модар, сарвати миллат ва такягоҳи давлат мебошад. Агар мо хоҳони ҷомеаи пешрафта, давлати неруманд ва ояндаи дурахшон бошем, бояд, пеш аз ҳама, ба таҳкими оила ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоем.

 

Эҳсон САФАРЗОДА,

номзади илми филология

  • НАҚШИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ ФАРЗАНД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Дар маркази ноҳияи Кӯшониён ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта ва идона баргузор гардид.   Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Кӯшониён, роҳбарону намояндагони мақомоти маҳаллӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону ҷавонон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.   Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии Ватан дар масири муайяншуда ҳаракат намуда, бо худ парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳои тантанавӣ ва табрикотӣ доштанд. Чеҳраи шоду болидаи иштирокчиён ва фазои идона аз муҳаббату садоқати мардум ба Ватан ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дарак медод.   Дар ин роҳпаймоии идона кормандони соҳаи маориф низ иштироки фаъолона дошта, бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ арзиши бузурги Истиқлоли давлатиро таҷассум намуданд.   Иштироки васеи сокинон дар чунин чорабиниҳои идона аз он шаҳодат медиҳад, ки Истиқлол, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон арзишҳои муқаддас ва дастовардҳои бузурги давлатдории миллӣ мебошанд.   Роҳпаймоӣ дар фазои тантанавӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар баргузор гардида, ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шукӯҳи хос бахшид.   Ёдовар мешавем,ки давоми чанд рӯз аст,ки ба ифтихори 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат тантанаҳои истиқбол аз Истиқлол бо шукӯҳу шаҳомати хоса идома дорад.

    25

    07.09.2026
  •  img
    ДАСТОВАРДҲОИ 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ: ТАЪМИНИ МИНБАЪДАИ РУШДИ УСТУВОР Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун марҳалаи сарнавиштсоз дар таърихи навини давлатдорӣ заминаи ташаккули давлати миллӣ, таҳкими пояҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муайян намудани самтҳои мустақили рушди кишварро фароҳам овард. Дар давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон марҳалаҳои ниҳоят мураккаби барқарорсозии сулҳу субот, эҳёи иқтисоди миллӣ, ташаккули институтҳои давлатдорӣ, рушди инфрасохтор ва гузариш ба модели нави иқтисодиро паси сар намуд. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои ин давра барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз сулҳу суботи сиёсӣ ва таъмини фазои мусоиди иҷтимоӣ имконият фароҳам овард, ки давлат сиёсати дарозмуддати иқтисодиву иҷтимоиро роҳандозӣ намуда, барномаҳои миллӣ ва стратегияҳои рушди кишварро таҳия ва амалӣ созад. Дар ин замина, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти ташаккули сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла сиёсати молиявӣ, иҷтимоӣ, тандурустиву маориф, андозу буҷет, қарзию бонкӣ, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва сайёҳӣ заминаҳои нави ҳуқуқию институтсионалӣ ба вуҷуд оварда шуданд. Қабули Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаҳои миёнамуҳлати рушди кишвар ва дигар стратегияву барномаҳои соҳавӣ имкон доданд, ки сиёсати иқтисодии давлат хусусияти дарозмуддат ва барномавӣ касб намояд. Дар соли 2025 бошад, ҳамчун марҳалаи муҳим, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 қабул гардид, ки марҳалаи ниҳоии татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 ба ҳисоб меравад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ иқтисоди Тоҷикистон аз марҳалаи барқарорсозии иқтисодии баъдиҷангӣ ба марҳалаи рушди устувор ва диверсификатсияи сохторӣ ворид гардид. Агар дар солҳои аввали истиқлолият масъалаи асосӣ барқарор намудани фаъолияти иқтисодӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ ва бартараф намудани оқибатҳои буҳрони сиёсиву иқтисодӣ бошад, дар солҳои минбаъда вазифаҳои рушди босуръат, саноатикунонӣ, рақамикунонӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз омилҳои беруна ба самти асосии сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ табдил ёфтанд. Натиҷаҳои соли 2025 ин тағйироти сохториро боз ҳам равшантар нишон медиҳанд. Тибқи маълумоти расмӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2025 ба 176,9 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоиз таъмин гардид. Ин нишон медиҳад, ки бо вуҷуди таъсири омилҳои беруна, иқтисоди миллӣ тавонист суръати нисбатан баланди рушдро нигоҳ дорад. Дар даҳ соли охир, ки давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишварро фаро мегирад, ҳаҷми ММД 3,4 баробар афзоиш ёфта, рушди иқтисодӣ ба ҳисоби миёна 7,6 фоизро ташкил додааст. ММД ба ҳар сари аҳолӣ низ аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расидааст. Аз ин рӯ, метавон хулоса кард, ки яке аз натиҷаҳои муҳими 35 соли Истиқлолият ташаккули низоми нисбатан устувори иқтисодӣ мебошад, ки дар он афзоиши истеҳсолот, сармоягузорӣ, даромади буҷет, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтор бо ҳамдигар алоқаманд мебошанд. Саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии миллӣ ба тағйири сохтори иқтисоди миллӣ ва гузариш аз модели аграрию саноатӣ ба модели саноатию аграрӣ равона гардидааст. Дар давраи татбиқи саноатикунонии босуръат, яъне солҳои 2019–2025, дар кишвар зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Танҳо дар соли 2025 фаъолияти 400 корхонаи нави истеҳсолӣ оғоз гардид. Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 66 миллиарду 726,1 миллион сомонӣ расида, суръати рушди он бо нархҳои муқоисавӣ 122,1 фоиз, ё 22,1 фоиз афзоишро ташкил дод. Дар сохтори саноатӣ афзоиши саноати истихроҷ 36,2 фоиз, саноати коркард 10,5 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ ва буғ зиёда аз 13 фоиз ва таъминоти обу коркарди партовҳо 22,8 фоизро ташкил дод. Ҷолиби диққат аст, ки соли 2025 дар саноати истихроҷи маъдан беш аз 20 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2024 бо нархҳои муқоисавӣ 36,2 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми истеҳсол дар саноати коркард ба 34,6 миллиард сомонӣ расид. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки саноатикунонии босуръат тадриҷан хусусияти сохторӣ гирифта, аз бунёди корхонаҳои нав ба ташаккули занҷираҳои истеҳсолӣ ва зиёд намудани арзиши иловашуда дар дохили кишвар мегузарад. Дар оянда вазифаи муҳим на танҳо зиёд намудани шумораи корхонаҳо, балки баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, истифодаи технологияҳои муосир, рушди истеҳсолоти илмталаб, коркарди амиқи ашёи хоми ватанӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ мебошад. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин самт бунёд ва ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», сохтмони НБО «Роғун», ба истифода додани агрегатҳои он ва рушди дигар иқтидорҳои энергетикӣ заминаи муҳим барои таъмини рушди иқтисодӣ фароҳам оварданд. Соли 2025 дар кишвар 13 лоиҳаи давлатии сармоягузории соҳаи энергетика ба маблағи умумии 14,9 миллиард сомонӣ амалӣ гардид. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар соли ҳисоботӣ ба 24 миллиард кВт соат расида, нисбат ба соли 2024 7 фоиз зиёд гардид. Рушди энергетика на танҳо ба беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо неруи барқ, балки ба рушди саноат, ҷалби сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мусоидат мекунад. Аз ин лиҳоз, дар марҳалаи минбаъда масъалаи истифодаи самараноки неруи барқ, кам намудани талафоти энергетикӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷалби технологияҳои каммасраф аҳамияти бештар пайдо мекунад. Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва сарчашмаи асосии шуғли аҳолии деҳот ба ҳисоб меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳа равандҳои диверсификатсияи истеҳсолот, рушди боғу токпарварӣ, васеъ намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди чорводорӣ ва истифодаи технологияҳои нави аграрӣ вусъат пайдо карданд. Соли 2025 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 84 миллиарду 653,8 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиши он 9,5 фоизро ташкил дод. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 9,9 фоиз ва маҳсулоти чорводорӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфт. Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо соли 2025 зиёда аз 1,74 миллион тонна ғалладона, 382,9 ҳазор тонна пахта, 1,33 миллион тонна картошка, 3,38 миллион тонна сабзавот ва 954,4 ҳазор тонна мева истеҳсол шудааст. Афзоиши истеҳсоли пахта, картошка, сабзавот, мева ва ангур аз имкониятҳои мавҷудаи рушди соҳа шаҳодат медиҳад. Дар баробари ин, барои рушди минбаъдаи соҳа зарур аст, ки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ, бастабандӣ, логистика ва содироти маҳсулоти дорои арзиши иловашуда бештар ба роҳ монда шавад. Ин раванд метавонад робитаи кишоварзиро бо саноати сабук ва саноати хӯрокворӣ тақвият бахшида, таъсири мултипликативии онро ба иқтисоди миллӣ афзоиш диҳад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ташаккули муҳити мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодӣ табдил ёфт. Қабули санадҳои ҳуқуқӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ, рушди инфрасохтори молиявӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуд. Соли 2025 ҳаҷми сармоягузории хориҷии воридшуда ба кишвар 59,5 миллиард сомонӣ арзёбӣ шуда, нисбат ба соли 2024 35 фоиз зиёд гардид. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ бошад, ба 28,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 23 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ пешниҳодшуда ба 30 миллиард сомонӣ расид. Ин нишондиҳандаҳо аҳамияти сармоягузории дохиливу хориҷиро дар рушди истеҳсолот, инфрасохтор ва ташкили ҷойҳои нави корӣ нишон медиҳанд. Ҳамзамон, самаранокии сармоягузорӣ бояд на танҳо аз рӯи ҳаҷми маблағҳои ҷалбшуда, балки аз рӯи натиҷаҳои иқтисодӣ - ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда, ҷойҳои нави корӣ, афзоиши содирот, интиқоли технология ва таъсири он ба рушди минтақаҳо арзёбӣ карда шавад. Дар давоми 35 соли Истиқлолият низоми молиявии мамлакат марҳалаи ташаккул ва такмили пайвастаро аз сар гузаронид. Ислоҳоти низоми андоз, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва такмили идоракунии молияи давлатӣ барои баланд бардоштани самаранокии низоми молиявӣ замина гузоштанд. Соли 2025 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 60,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ бошад, ба буҷет 26,5 миллиард сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нишондиҳандаи пешбинишуда 3 миллиарду 598 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Афзоиши имкониятҳои молиявии давлат ба зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, инфрасохтор, маориф, тандурустӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Дар ин замина масъалаи баланд бардоштани самаранокии хароҷоти давлатӣ ва пайвастани хароҷоти буҷетӣ ба натиҷаҳои мушаххаси иқтисодиву иҷтимоӣ аҳамияти хос дорад. Яке аз дастовардҳои назарраси давраи истиқлолият рушди инфрасохтори нақлиётӣ мебошад. Сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, пулҳо, нақбҳо ва дигар иншооти нақлиётӣ имконият доданд, ки алоқаи байни минтақаҳои кишвар беҳтар гардида, шароити мусоид барои ҳамлу нақли дохилӣ ва байналмилалӣ фароҳам оварда шавад. Соли 2025 дар соҳаи нақлиёт 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11,7 миллиард сомонӣ амалӣ гардид. Дар натиҷа тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт 155 миллион тонна бор ва 1,1 миллиард мусофир интиқол дода шуд, ки нисбат ба соли 2024 мутаносибан 15,2 ва 11 фоиз зиёд мебошад. Ин раванд барои табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва истифодаи имкониятҳои мавқеи ҷуғрофии он заминаи муҳим фароҳам меорад. Сайёҳӣ дар солҳои охир ба яке аз самтҳои муҳими диверсификатсияи иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Захираҳои табиӣ, кӯҳҳо, пиряхҳо, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои васеъ барои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳӣ, фарҳангӣ ва табобатиро фароҳам месозанд. Соли 2025 ба Тоҷикистон 2 миллиону 104,7 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ташриф оварданд, ки нисбат ба соли 2024 31,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ин шумора беш аз 1 миллиону 784,4 ҳазор нафар тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ арзёбӣ шудаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 27,4 фоиз зиёд аст. Афзоиши ҷараёни сайёҳон имконият медиҳад, ки дар кишвар хизматрасонии меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, нақлиёт, ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли маҳсулоти миллӣ ва дигар бахшҳои марбут ба сайёҳӣ рушд намоянд. Аз ин рӯ, вазифаи минбаъда аз баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ташаккули брендҳои сайёҳии миллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва зиёд намудани даромади воқеии кишвар аз ҳар як сайёҳ иборат мебошад. Яке аз меъёрҳои асосии самаранокии рушди иқтисодӣ беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар ин самт дар давраи истиқлолият коҳиши сатҳи камбизоатӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ, рушди соҳаи маориф аз нишондиҳандаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2025 сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар, афзоиш ёфт. Соли 2025 дар мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 280 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд. Ин нишондиҳанда аҳамияти рушди истеҳсолот, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар таъмини шуғли аҳолӣ нишон медиҳад. Бо вуҷуди ин, дар марҳалаи нави рушд масъалаи асосӣ танҳо ташкили ҷойи корӣ нест, балки таъмин намудани шуғли пурмаҳсул, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, музди меҳнати рақобатпазир ва ташаккули табақаи миёна мебошад. Ҳиссаи хароҷоти маориф нисбат ба ММД аз 5,2 фоиз дар соли 2020 ба 6,6 фоиз дар соли 2025 расидааст. Ҳиссаи хароҷоти маориф дар маҷмӯи хароҷоти буҷети давлатӣ низ аз 17,4 фоиз ба 21,1 фоиз зиёд шудааст. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки маориф дар сиёсати молиявии давлат мавқеи стратегӣ дорад. Маблағгузорӣ ба маориф дар асл сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ ва заминаи рушди дарозмуддати иқтисоди миллӣ мебошад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф беш аз 70 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ бошад 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Сифати маориф бевосита ба сатҳи касбӣ, мақоми иҷтимоӣ ва ҳавасмандии омӯзгорон вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дастгирии омӯзгор бояд ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳа арзёбӣ шавад. Дар 35 соли Истиқлолият шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона аз 1 миллиону 325,4 ҳазор нафар ба 2 миллиону 462,1 ҳазор нафар расидааст. Яъне, дар давраи истиқлол шумораи хонандагон беш аз 1 миллион нафар зиёд шудааст. Танҳо дар муқоиса бо соли таҳсили 2020–2021 шумораи хонандагон аз 2 миллиону 108,9 ҳазор нафар ба 2 миллиону 462,1 ҳазор нафар, ё 353,2 ҳазор нафар зиёд гардидааст. Шумораи духтарони муассисаҳои таҳсилоти умумии рӯзона низ аз 641,8 ҳазор нафар дар соли 1991–1992 ба 1 миллиону 195,1 ҳазор нафар дар соли 2025–2026 расидааст. Ин нишондиҳанда афзоиши дастрасии духтаронро ба таҳсил ва аҳамияти сиёсати давлатӣ дар самти таъмини имкониятҳои баробар барои таҳсилро нишон медиҳад. Агар соли 1991–1992 дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69,3 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошта бошад, дар соли таҳсили 2025–2026 шумораи муассисаҳо ба 51 адад ва шумораи донишҷӯён ба 226,2 ҳазор нафар расидааст. Яъне шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ нисбат ба оғози истиқлол 38 адад, ё тақрибан 3,9 баробар, зиёд гардида, шумораи донишҷӯён беш аз 156,1 ҳазор нафар, ё тақрибан 3,3 баробар, афзоиш ёфтааст, ки аз шумораи умумии донишҷӯён 94,3 ҳазор нафар духтарон мебошанд. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон дар баробари таъсири омилҳои беруна — тағйирёбии нархҳои ҷаҳонӣ, ноустувории бозорҳои молиявӣ, тағйирёбии талаботи беруна ва дигар хавфҳои геоиқтисодӣ — тавонист рушди мусбатро нигоҳ дорад. Соли 2025 суръати рушди воқеии иқтисоди миллӣ 8,4 фоиз, сатҳи таваррум 3,5 фоиз ва ММД 176,9 миллиард сомонӣ ташкил намуд. Ин нишондиҳандаҳо аз нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ шаҳодат медиҳанд. Аммо дар шароити тағйирёбии иқтисоди ҷаҳонӣ устувории воқеии иқтисод бештар ба диверсификатсияи истеҳсолот, рушди бахши хусусӣ, афзоиши маҳсулоти содиротӣ, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат вобаста хоҳад буд. 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ на танҳо фурсати арзёбии дастовардҳои гузашта, балки оғози марҳалаи нави рушди кишвар мебошад. Натиҷаҳои соли 2025 нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон бо заминаи нисбатан устувори макроиқтисодӣ, инфрасохтори рушдёбанда ва имкониятҳои нави истеҳсолӣ ба ин марҳала ворид мегардад. Қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 дар ин раванд аҳамияти махсус дорад. Ҳадаф гузошта шудааст, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми ММД ду баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз коҳиш ёбад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз расонида шавад. Дар ин замина самтҳои асосии рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ чунин арзёбӣ мешаванд: 1. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсоли неруи барқ. 2. Табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ тавассути рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ. 3. Таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути баланд бардоштани маҳсулнокии кишоварзӣ ва рушди коркарди маҳсулот. 4. Таъмини шуғли пурмаҳсул ва рушди бозори меҳнати рақобатпазир. 5. Саноатикунонии босуръат ва гузариш ба истеҳсолоти дорои арзиши баланди иловашуда. 6. Коҳиш додани вобастагии иқтисодӣ аз омилҳои беруна тавассути диверсификатсияи истеҳсолот ва содирот. 7. Рақамикунонии иқтисодиёт ва истифодаи технологияҳои муосир дар идоракунии давлатӣ ва бахши хусусӣ. 8. Рушди иқтисоди сабз, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҳифзи муҳити зист. 9. Рушди сармояи инсонӣ, илм, маориф ва технология ҳамчун омили асосии рақобатпазирии миллӣ. 10. Баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ, шаффофияти буҷетӣ ва самаранокии хароҷоти давлатӣ. Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки кишвар аз марҳалаи барқарорсозии баъдибуҳронӣ ба марҳалаи нави рушди иқтисодӣ ворид гардидааст. Барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ташаккули низоми давлатдорӣ, рушди инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётӣ, саноатикунонии босуръат, афзоиши истеҳсолоти кишоварзӣ, рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, таҳкими низоми молиявӣ ва густариши сайёҳӣ, таъмини рушди иҷтимоиёту маориф аз муҳимтарин дастовардҳои ин давра мебошанд. Нишондиҳандаҳои соли 2025 ин равандро тасдиқ мекунанд: ММД ба 176,9 миллиард сомонӣ расид, рушди воқеии иқтисодӣ 8,4 фоизро ташкил дод, таваррум дар сатҳи 3,5 фоиз нигоҳ дошта шуд, даромади буҷет ба 60,3 миллиард сомонӣ расид, истеҳсоли саноатӣ ба зиёда аз 66,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 84,7 миллиард сомонӣ расид ва ба кишвар беш аз 2,1 миллион шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд. Ҳамин тариқ, дастоварди муҳимтарини 35 соли Истиқлолиятро метавон на танҳо дар афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, балки дар ташаккули заминаҳои институтсионалӣ, инфрасохторӣ ва иқтисодии рушди минбаъдаи кишвар арзёбӣ намуд. Дар марҳалаи нави рушд вазифаи асосӣ аз табдил додани рушди миқдорӣ ба рушди босифат иборат мебошад. Яъне афзоиши ММД бояд бо баланд гардидани маҳсулнокии меҳнат, зиёд шудани даромади воқеии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул, рушди бахши хусусӣ, афзоиши содироти маҳсулоти коркардшуда ва баланд гардидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ҳамоҳанг бошад. Аз ин нуқтаи назар, 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ на танҳо ҷашни дастовардҳои таърихии миллат, балки марҳалаи муҳимми гузариш ба иқтисоди муосир, саноатикунонидашуда, рақамӣ, сабз ва ба дониш асосёфта мебошад. Боварӣ дорем, ки дар сурати идомаи татбиқи босифати стратегияҳо ва барномаҳои миллӣ, истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ, рушди сармояи инсонӣ, таҳкими илму маориф, густариши ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ ва такмили идоракунии давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар солҳои минбаъда мавқеи худро ҳамчун иқтисоди рӯ ба рушд таҳким бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаи боз ҳам устувортар фароҳам созад. Итминони комил дорем, ки таҳти сарварии хирадмандона ва ободкоронаву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо дар ояндаи наздик тамоми ҳадафҳои стартегии кишварро ба даст оварда, дар қатори давлатҳои рушдкунанда ҷойгоҳи сазоворро ноил мегардем. Илҳомуддин ИБРОҲИМЗОДА, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

    24

    07.09.2026
  •  img
    Суханронӣ дар Паради ҳарбӣ бахшида ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!   Ҳамватанони азиз!   Имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ қарор доранд.   Ин санаи таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди мамлакат рамзи ифтихор аз давлатдории миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси истиқлолу озодӣ ва масъулият дар назди имрӯзу ояндаи кишвар мебошад.   Зеро истиқлолу озодӣ барои мо бузургтарин дастоварди таърихӣ ва заминаи асосии рушди давлатдории миллӣ мебошад.   Ба ифтихори ин ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ кулли мардуми Тоҷикистон, афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи шумо – ширкаткунандагони паради ҳарбиро самимона табрик мегӯям.   Ҳозирини гиромӣ!   Тоҷикистон дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ роҳи басо сахту сангинро тай намуд ва аз санҷишҳои сахти таърих гузашт.   Хусусан, солҳои аввали соҳибихтиёрӣ барои кишвари мо давраи бисёр мураккаб буданд.   Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба давлати тоҷикон, ки нахустин қадамҳои мустақили худро мегузошт, зарари бузурги сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ расонид.   Дар он рӯзҳои вазнин масъалаҳои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу оромӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ваҳдати миллӣ ба вазифаи тақдирсоз табдил ёфта буданд.   Мардуми тоҷик ва фарзандони огоҳу бонангу номуси он, бо вуҷуди ҳамаи мушкилот, ба шарофати хиради миллӣ ва эҳсоси баланди масъулият тавонистанд давлати миллии худро аз нобудӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагӣ ҳифз намоянд, суботи сиёсиро таъмин созанд ва барои рушди устувори кишвар заминаи боэътимод гузоранд.   Дар амалӣ намудани ин вазифаи таърихӣ ва рисолати сарнавиштсоз хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши барҷаста бозида, ба хотири ҳимояи сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, оромии мардум ва пойдории қонуният ҷасорату фидокориҳои бесобиқа нишон доданд.   Таърихи 35 соли гузашта возеҳан нишон дод, ки миллати тоҷик аз давраҳои хеле қадим соҳиби тамаддун ва фарҳанги ғанӣ, тафаккури созанда, суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва арзишҳои сулҳпарваронаву инсондӯстона мебошад.   Дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ҳифзу таҳкими ин арзишҳо, инчунин, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносӣ, ҳимояи амнияти давлат, суботи ҷомеа, нигоҳ доштани фазои орому созандаи сиёсиву иҷтимоӣ барои давлат ва миллати тоҷик аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад.   Дар чунин шароит масъулияти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯз ба рӯз ва даҳчанд меафзояд.   Зеро онҳо яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва кафили амнияту суботи кишвар мебошанд ва Конститутсияи Тоҷикистон ҳимояи неъмати бузурги истиқлолу озодиро ба зиммаи афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузоштаанд.   Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба неруи муназзаму муосир, қудратманд ва касбӣ табдил ёфтаанд.   Ҳоло хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаҳои хизматии худро бо ҳисси баланди миллӣ, ҷавонмардона ва содиқона иҷро карда истодаанд.   Таъкид менамоям, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, дар иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ, эҳтироми қонун, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ зоҳир мегардад.   Аз ин рӯ, риояи қонун, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон вазифаи муҳимтарину муқаддаси ҳар як афсар ва сарбоз мебошад.   Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки хизмати ҳарбӣ танҳо иҷрои вазифаҳои касбӣ нест, балки нишонаи шараф, нангу номус ва иҷрои содиқонаи қарзи фарзандӣ дар назди сарзамини аҷдодӣ мебошад.   Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд дарк намояд, ки амнияти кишвар аз донишу малака, сатҳи баланди касбият, ҷасорату далерӣ ва зиракии ӯ вобастагии бевосита дорад.   Муҳтарам афсарону сарбозон!   Паради ҳарбии имрӯза рамзи интизому омодагии баланд ва садоқату вафодории фарзандони далеру шуҷои Тоҷикистон ба давлат, Ватан ва миллат мебошад.   Таърихи 35 соли соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амнияту суботи давлат ва зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистонро чун сипари боэътимод ҳимоя карда, ба эҳтирому ифтихори шаҳрвандони мамлакат сазовор гардидаанд.   Бовар дорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори мардуми Тоҷикистон минбаъд низ вазифаҳои худро содиқона, бо масъулияти баланд ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ иҷро хоҳанд кард.   Бори дигар тамоми мардуми шарафманди кишвар ва ҳамаи шумо – ҳомиёни далеру шуҷои Ватанро ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям.   Ба ҳар як хонадони кишвар, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва ба ҳар як хизматчии ҳарбӣ руҳи матин ва иродаи қавӣ орзу менамоям.   Пояндаву ҷовидон бод истиқлоли давлатии Тоҷикистон!   Шараф ба афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол!

    28

    07.09.2026