07.07.2025

Рӯзи 7-уми июли соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими навбатии супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратура бо иштироки роҳбарият, ҳайати профессорону устодон ва волидони хатмкунандагон баргузор гардид.
Ҷаласаро ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор оғоз бахшида, сараввал хатмкунандагонро бо хатми бомуваффақияти донишгоҳ бо дипломи аъло табрик намуда, иброз дошт: «Боиси хушнудист, ки ҳамасола раёсати ДДМИТ дипломи донишҷӯёнеро, ки донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, сазовори дипломи аъло гардидаанд, тантанавор тақдим менамояд. Ин навбат, Шумо шогирдони азиз, аз ҷумлаи хушбахттарин донишҷӯёне ҳастед, ки ДДМИТ-ро бомуваффақият хатм намуда, сазовори дипломи аъло гардидаед. Солҳо мегузаранд, вале ин лаҳза барои Шумо чун хотироти бебаҳо боқӣ мемонад. Мо таманно дорем, ки донишу маҳорат, таҷрибаву матонати ҳар яки Шумо ба хотири ояндаи неки рӯзгоратон ва рушду пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон истифода карда шавад", - афзуд ректор.
Ректори муассиса, инчунин қайд намуд, ки имрӯзҳо ба масъалаи рушду ташаккули маърифату дониши ҷомеа, махсусан ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, илму дониш ба манбаи арзишманду пурқимати зиндагонии инсоният табдил ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои донишманд шудани насли ҷавон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дар паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳлуҳои нав ба нави илму маориф, махсусан баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилотро пайваста таъкид менамоянд.
Ректор дар идомаи суханронии хеш илова кард, хурсандиовар аст, ки ҳамасола шумораи гирандагони дипломҳои аъло дар донишгоҳ афзоиш ёфта, онҳо дар муассисаҳои гуногуни иқтисодиву молиявӣ фаъолият намуда, баҳри тадбиқи бомароми ҳадафҳои миллии рушди кишварамон саҳмгузорӣ менамоянд. Мо натиҷаи фаъолияти босамари хатмкунандагони донишгоҳро омӯхта, хушнуд аз он мешавем, ки шогирдонамон моҳияти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда, бо як ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ дар раванди татбиқи ҳадафмандонаи ин сиёсат чун пайравони асили Пешвои миллат фаъолона ширкат меварзанд.
Раёсати донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳои худ имкон дорад, ки хатмкунандагонро барои таъмин гардидан ба ҷойи кори доимӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектони зертобеи он ва дигар вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, махсусан муассисаҳои бонкиву молиявӣ пешбарӣ намояд.
Дар идомаи маросими хатм, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Эмомалӣ Нуралӣ хатмкунандагонро табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар фаъолиятҳои минбаъдаашон барору муваффақият таманно кард.
Аз номи хатмкунандагон бошад, Манижа Солеҳзода, Ҳусейнҷон Илҳомзода, Бузургмеҳр Ғаффорзода ва Зарина Зиёзода баромад намуд, ба роҳбарият ва коллективи меҳнатии донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар фарҷом дар шароити тантанавӣ ба 82 нафар хатмкунандагоне, ки донишгоҳро соли таҳсили 2024-2025 бомуваффақият хатм намуданд, дипломи аъло тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия