05.06.2026

 img

Тавре иттилоъ дода будем санаи 28 майи соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ даври ҷумҳуриявии озмуни "Беҳтарин иншо ва расми экологӣ" бахшида ба Рӯзи замин ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида буд.

 

5 июни соли ҷорӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ дар толори Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо иштироки муовини раиси кумита Л. Раҳмонзода, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ М. Давлатзода маросими қадрдонии ғолибони озмуни мазкур баргузор гардид.

 

Ғолибон вобаста ба синну сол аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

  • МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "БЕҲТАРИН ИНШО ВА РАСМИ ЭКОЛОГӢ" img
  • МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "БЕҲТАРИН ИНШО ВА РАСМИ ЭКОЛОГӢ" img
  • МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "БЕҲТАРИН ИНШО ВА РАСМИ ЭКОЛОГӢ" img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.   Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, раиси комиссияи даври ноҳиявии озмун - Манижабону Аминзода, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Боронзода Давлатманд, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, масъулини соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия, ҳайати ҳакамон, омӯзгорон, ғолибони озмун ва волидайни онҳо иштирок намуданд.   Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» яке аз ташаббусҳои муҳим ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба рушди тафаккури илмӣ, густариши ҷаҳонбинии техникӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва дарёфту дастгирии истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд.   Қайд карда шуд, ки дар даври ноҳиявии озмун зиёда аз 530 нафар хонандагон, донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, аз рӯи ҳашт номинатсияи муқарраргардидаи низомномаи озмун донишу малака ва маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.   Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибони арзанда муайян гардида, барои иштирок дар даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.   Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибон ва ҷоизадарон, инчунин омӯзгороне, ки шогирдонашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, волидайни онҳо бо "Сипоснома"-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

    21

    06.06.2026
  •  img
    ДАР РОҲИ ПОСДОРИИ ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ 6 июни соли 2026 ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихӣ ва мондагори фарзандони барӯманди миллат ба оромгоҳи Лучоб дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд.   Ҳайати устодон бо гузоштани гулчанбар ва адои эҳтиром ба оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад, аз корномаҳои пуршарафи онҳо дар роҳи ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуданд.   Зимни маросими арҷгузорӣ таъкид гардид, ки бо ибтикор ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муште аз хоки оромгоҳи ин шахсиятҳои барҷаста ба Ватан оварда шуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ аз хизматҳои таърихии онҳо дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.   Дар ҷараёни боздид иштирокчиён таъкид намуданд, ки гиромидошти хотираи шахсиятҳои фидокори миллат, посдории арзишҳои таърихӣ ва арҷгузорӣ ба саҳми онҳо дар рушди давлату миллат, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, болоравии эҳсоси ватандӯстӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба шумор меравад.   Ин иқдом бозгӯи пайванди устувори гузаштаву имрӯз ва нишонаи эҳтироми амиқ ба шахсиятҳое мебошад, ки бо ҷоннисорӣ ва садоқати худ дар бунёди пояҳои давлатдории тоҷикон нақши таърихӣ гузоштаанд.

    23

    06.06.2026
  •  img
    ИБНИ СИНО РАМЗИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ: БОЗТОБИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ВА АНДЕШАИ АДАБӢ. БОЗТОБИ СИЁСӢ Дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси таърихиву фарҳангӣ ва гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илмӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мақоми муҳим касб намудааст.   Дар ин замина, қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 майи соли 2026 «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» иқдоми дигари муҳими давлатӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад. Қабули ин санад на танҳо ифодаи эҳтироми амиқ ба мероси безаволи Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун яке аз бузургтарин мутафаккирон ва табибони таърихи башарият мебошад, балки барои ҳавасмандгардонии таҳқиқоти илмӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи тиб, ҷалби олимону муҳаққиқони варзида ва таҳкими ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вориси мероси тамаддунии ин нобиғаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Воқеан, Абуалӣ ибни Сино аз зумраи шахсиятҳои нодири тамаддуни тоҷикону форсизабонон маҳсуб ёфта, на танҳо дар рушди илми тиб, балки дар ташаккули фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми бузург ва мондагор гузоштааст. Осори гаронбаҳои ӯ дар тӯли қарнҳо ҳамчун сарчашмаи дониш ва маърифат хидмат намуда, дар пешрафти илм ва фарҳанги башарӣ нақши муассир бозидаанд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақом ва аҳаммияти мероси илмии Абуалӣ ибни Сино чунин таъкид намудаанд: «Бисёр олимону файласуфони аврупоӣ ва ҳакимону донишмандони Шарқ Ибни Синоро устоди хеш дониста, ба асарҳои тиббию фалсафиаш шарҳҳо навиштаанд, ки ин аз нуфуз ва эътибори ҷаҳонии ин шахси бузург гувоҳӣ медиҳад. Зиндагӣ ва осори Ибни Сино мактаби ҷасорат, тантанаи илму хирад, инсондӯстӣ ва худафрӯзӣ барои бахту саодати инсоният аст. Мо дар назди руҳи ин бузургвор имрӯз сари таъзим фуруд оварда, хотираи некашро бо таълиму таҳқиқоти тоза ва инкишофи афкори ӯ дар соҳаҳои мухталифи илм зинда нигоҳ медорем» [2, с. 251].   Ин андешаҳои Пешвои миллат бо муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» иртиботи мустақими маънавӣ, илмӣ ва таърихӣ доранд. Мазмуни асосии онҳо дар он ифода меёбад, ки мероси илмии Ибни Сино танҳо ба як миллат ё минтақа маҳдуд набуда, ҷузъи ҷудонашавандаи ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад ва имрӯз низ аҳаммияти илмӣ ва амалии худро нигоҳ доштааст.   Таъкиди Пешвои миллат дар бораи он ки олимон, файласуфон ва табибони Шарқу Ғарб Ибни Синоро устоди худ донистаанд, пеш аз ҳама, ба мақоми байналмилалии ин мутафаккири бузург ишора мекунад. Дар ҳақиқат, осори гаронбаҳои ӯ, бахусус, «Ал-Қонун фи-т-тиб» дар тӯли чандин аср ҳамчун дастури асосии таълимӣ дар донишгоҳҳои маъруфи Аврупо ва Шарқ истифода гардида, дар рушди назария ва амалияи тиб нақши муассир гузоштааст. Ин нуфузи ҷаҳонӣ собит месозад, ки Ибни Сино аз доираи шахсияти миллӣ фаротар рафта, ба яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи илм ва фарҳанги башарӣ табдил ёфтааст.   Ҳамчунин, таъкиди Пешвои миллат дар хусуси он ки «зиндагӣ ва осори Ибни Сино мактаби ҷасорат, тантанаи илму хирад, инсондӯстӣ ва худафрӯзӣ барои бахту саодати инсоният аст», моҳияти аслии фаъолияти ин донишманди бузургро инъикос менамояд. Тамоми ҳаёти ӯ ба ҷустуҷӯи ҳақиқат, омӯзиши илм, рушди дониш ва хидмат ба инсоният бахшида шуда буд. Арзишҳое чун донишпарварӣ, инсонгароӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва садоқат ба илм, ки дар осори Ибни Сино таҷассум ёфтаанд, имрӯз низ ҳамчун пояҳои асосии рушди илми муосир ва бахусус, соҳаи тиб аҳаммияти худро нигоҳ доштаанд.   Андешаи дигари муҳими Пешвои миллат, «мо дар назди руҳи ин бузургвор имрӯз сари таъзим фуруд оварда, хотираи некашро бо таълиму таҳқиқоти тоза ва инкишофи афкори ӯ дар соҳаҳои мухталифи илм зинда нигоҳ медорем», нишон медиҳад, ки арҷгузорӣ ба мероси Ибни Сино набояд танҳо бо баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ва ёдбудӣ маҳдуд гардад. Бузургдошти воқеии ин нобиға дар идомаи анъанаҳои илмии ӯ, густариши таҳқиқоти нав, дастгирии олимону муҳаққиқон ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амал ифода меёбад.   Аз ин нуқтаи назар, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таҷассуми амалии ҳамин сиёсати давлатдорӣ мебошад. Ин ҷоиза на танҳо барои қадршиносии хидматҳои олимону муҳаққиқони соҳаи тиб замина фароҳам меорад, балки ба рушди илмҳои тиб, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии ҳарчи бештари мероси илмии Ибни Сино дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.   Андешаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Абуалӣ ибни Сино на танҳо тавсифи ҷойгоҳи таърихии ин мутафаккири бузург, балки шарҳи амиқи моҳияти сиёсиву фарҳангии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» низ мебошанд. Фармони мазкур ҳамчун таҷассуми сиёсати давлатӣ дар самти арҷгузорӣ ба мероси илмии ниёгон, рушди илми муосир ва таҳкими мақоми байналмилалии Тоҷикистон аҳаммияти бузург дошта, бозгӯи он аст, ки давлат мероси илмии Ибни Синоро ҳамчун ҷузъи муҳими ҳувияти миллӣ ва сарвати арзишманди тамаддуни ҷаҳонӣ арзёбӣ менамояд.   БОЗТОБИ АДАБӢ Дар нимаи дуюми асри XX, махсусан, дар солҳои 70-80-уми аср, таваҷҷуҳи адибону шоирони тоҷик ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва бозшиносии мероси шахсиятҳои бузурги миллат густариши бесобиқа пайдо кард. Ин раванд, пеш аз ҳама, ба зарурати таҳкими ҳувияти миллӣ ва эҳсоси пайванди таърихии наслҳо иртибот дошт. Дар чунин шароит симои донишманди бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино ҳамчун яке аз рамзҳои асосии нубуғи илмӣ ва фарҳангии миллат дар осори намояндагони адабиёти муосири тоҷик мақоми хос пайдо намуд. Тавассути бозофаринии симои ин мутафаккири бузург адибон на танҳо аз гузашта ёд мекарданд, балки ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавиро таблиғ менамуданд. Аз ҷумла, Муъмин Қаноат дар достони «Гавҳораи Сино» [1], Лоиқ Шералӣ дар шеъри «Араб гӯянд Синоро гурӯҳе...» [5] ва Бозор Собир дар шеъри «Теғи Сино» [4] ба шахсият, осор ва ҷойгоҳи таърихии Ибни Сино муроҷиат намуда, ӯро ҳамчун таҷассуми ақлу заковат, фарҳангсолорӣ, донишпарварӣ ва иқтидори зеҳнии миллати тоҷик ба тасвир кашидаанд.   Дар ашъори шоирони мазкур симои Ибни Сино аз доираи як шахсияти таърихӣ фаротар рафта, ба рамзи худшиносии миллӣ, истиқлоли фикрӣ ва қудрати маънавии миллат табдил меёбад. Ӯ ҳамчун шахсияте муаррифӣ мешавад, ки тавассути мероси илмӣ ва фарҳангии худ на танҳо дар таърихи тоҷикон, балки дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштааст. Дар ин осор Ибни Сино ҳамзамон, нақши пули маънавиро миёни гузашта ва имрӯз иҷро намуда, пайванди наслҳоро бо таърихи пурифтихори миллӣ таҳким мебахшад. Аз ин рӯ, симои ӯ ба унвони нишонаи ҳувияти миллӣ, ифтихори таърихӣ ва далели саҳми тоҷикон дар ташаккул ва рушди тамаддуни башарӣ ҷилвагар мегардад.   Дар миёни ин осор шеъри «Теғи Сино»-и Бозор Собир низ мавқеи махсус дорад. Шоир бо истифода аз рамзу ишораҳои таърихӣ, тасвирҳои муассири бадеӣ ва андешаҳои амиқи фалсафӣ шахсияти Ибни Синоро ҳамчун неруи таконбахши шуури миллӣ ва ҳомии арзишҳои фарҳангии миллат ба қалам медиҳад. Аз ин рӯ, таҳлили ин шеър барои дарки амиқтари масъалаҳои худшиносии миллӣ ва таҷассуми симои Ибни Сино дар адабиёти муосири тоҷик аҳаммияти махсус дорад.   Адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода сабаби таваҷҷуҳи Бозор Собирро ба чеҳраҳои барҷастаи таърихиву фарҳангӣ чунин шарҳ медиҳад: «Устод Бозор дар осораш, пеш аз ҳама, аз адибону олимон ва ашхоси миллӣ ном мебарад, аз онҳо тамҷид мекунад, ба суханонашон арҷ мегузорад ва ба некӣ ёд менамояд. Адибону олимоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хоқонӣ, Саъдӣ, Аҳмади Дониш, Нодирпур, Фаррухи Яздӣ, Сиёвуши Касроӣ, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, ки дар тамаддун ва фарҳанги миллии мо нақши носутурданӣ гузоштаанд ва шоир аз онҳо на танҳо дарси маҳорати эҷодӣ, балки дарси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва хидмат ба миллатро омӯхтааст» [3, с. 96].   Шеъри «Теғи Сино» аз лиҳози муҳтаво дорои ғояҳои амиқи миллӣ, таърихӣ ва инсонгароёна мебошад. Дар маркази таваҷҷуҳи шоир масъалаи сарнавишти таърихии миллати тоҷик қарор гирифтааст. Бозор Собир бо эҳсоси дард ва масъулияти таърихӣ аз он ёд мекунад, ки тоҷикон дар тӯли асрҳо гирифтори истилову парокандагии сиёсӣ ва маҳрумиятҳои гуногун будаанд, вале маҳз илму фарҳанг тавонистааст ҳастии маънавии онҳоро ҳифз намояд.   Дар муқаддимаи шеър шоир мақоми нотакрори Ибни Синоро таъкид менамояд: Ину оне ҳар куҷо даъвои Сино мекунад, То ба боми шуҳрати олам гузорад нардбон. Лек Сино он қадар ин бомро бардоштааст, Ину он кай метавонад нардбон монад бар он? [4, с. 116] .   Дар ин байтҳо шоир ба масъалаи мансубияти фарҳангии Ибни Сино ишора намуда, таъкид мекунад, ки бисёр миллатҳо кӯшиш доранд, ӯро ба худ нисбат диҳанд. Аммо мақоми илмӣ ва ҷаҳонии Сино он қадар баланд аст, ки ҳеҷ кас наметавонад худро ҳамсанги ӯ қарор диҳад. Дар ин ҷо «боми шуҳрат» рамзи мақоми баланди илмӣ ва фарҳангии Ибни Сино мебошад.   Яке аз хусусиятҳои муҳимми шеър истифодаи густардаи образҳо ва ишораҳои таърихӣ аст. Шоир аз шахсиятҳо ва воқеаҳои таърихӣ ҳамчун воситаи бозтоб ва таҳлили сарнавишти миллат истифода мекунад. Ишора ба Искандари Мақдунӣ, Қутайба ибни Муслим, Маҳмуди Ғазнавӣ ва дигар чеҳраҳои таърихӣ баёнгари он аст, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих борҳо мавриди ҳамла ва истилои ғосибон қарор гирифтааст.   Махсусан, байтҳои зерин дар ин замина аҳаммияти махсус доранд: Дӯш мебоист тоҷик Бӯалӣ орад ба даст, Чун набудаш ғайри дарди бедаво нақди дигар. Гарчи ҳарфи дафтару девони ӯ машҳур буд, Дар сари девону дафтар Рӯдакияш кӯр буд [4, 117].   Дар ин ҷо шоир бо дарду алами зиёд ба сарнавишти устод Рӯдакӣ ишора мекунад. Ба андешаи ӯ, ҷомеае, ки бузургони худро ҳифз карда наметавонад ва қадри мероси фарҳангии худро намедонад ба буҳрони маънавӣ рӯ ба рӯ мегардад. Аз ин рӯ, муроҷиат ба симои Ибни Сино ва Рӯдакӣ дар шеър танҳо ёдоварии таърих нест, балки даъват ба худогоҳӣ ва эҳёи хотираи миллӣ мебошад.   Аз нигоҳи ҳунари шоирӣ низ «Теғи Сино» аз беҳтарин намунаҳои шеъри муосири тоҷик маҳсуб мешавад. Бозор Собир аз рамз, муқоиса, такрор, ташбеҳ ва образҳои фалсафӣ моҳирона истифода кардааст. Аз ҷумла, такрори калимаи «монд, монд» дар байтҳои: Рум агар аз қарни Искандар фаромӯш кард зуд, Дар Хуросону Бадахшон зарби кораш монд, монд. Гар Қутайба аз Бухоро бозпас баргашту рафт, Дар Бухоро решҳои зулфиқораш монд, монд [4, 116].   бар идомаи таъсири воқеаҳои таърихӣ ба сарнавишти миллат таъкид мекунад. Такрор дар ин ҷо на танҳо вазифаи зарбу ритму оҳанги шеърро иҷро мекунад, балки идомаи захмҳои таърихиро низ ифода менамояд.   Ҳамчунин, образи «мурғи самандар» яке аз рамзҳои марказии шеър мебошад: Қиссаи мурғи самандар пеши ман афсона нест, Саргузашти мардуми печидафарёди ман аст. Он ки умре мурда-мурда зиндагӣ карду намурд, Сӯхта носӯхтан эҷоди аҷдоди ман аст [4, 116].   Ин образ рамзи миллати тоҷик аст, ки бо вуҷуди ранҷу, истилои аҷнабиён ва маҳрумиятҳои таърихӣ тавонистааст ҳастии фарҳангӣ ва маънавии худро нигоҳ дорад. Аз ин ҷиҳат, мурғи самандар ба рамзи бақо, эҳё ва неруи зиндагисози миллат мубаддал мегардад.   Мафҳуми «теғ» низ дар шеър маънои амиқи рамзӣ дорад. Дар фарҳанги анъанавӣ теғ воситаи ҷанг ва нобудӣ маҳсуб мешавад, аммо шоир ин мафҳумро аз нав, бо диди хоси шоирона маънидод мекунад. «Теғи Сино» рамзи илму хирад, маърифат ва неруи созандаи фарҳанг аст. Ин теғ барои куштор не, балки барои наҷоти инсон ва мубориза бо ҷаҳолат хидмат мекунад.   Ин ғоя, махсусан, дар байтҳои ҷамъбастии шеър равшан таҷассум ёфтааст: Соате салчуқ ба сӯи Кофиён меронд асп, Дар миёнаш тиру теғи ҷонситон меронд асп. Халқи тоҷик теғи ҷонбахшои Синоро гирифт, Теғи ҷонбахшои Сино рӯи дунёро гирифт [4, с. 117].   Дар ин ҷо шоир ду навъи қудратро ба ҳам муқобил мегузорад: қудрати шамшер ва қудрати дониш. Салчуқиён рамзи истило, зӯрӣ ва харобкорӣ мебошанд, дар ҳоле ки «теғи Сино» рамзи илм, маърифат ва офариниш аст. Агар истилогарон сарзаминҳоро бо зури шамшер фатҳ мекарданд, Ибни Сино бо донишу хиради худ ҷаҳонро тасхир намудааст. Дар ин муқоисаи фалсафӣ шоир бартарии илму фарҳангро бар неруи харобиовари ҷанг нишон медиҳад.   Шеъри «Теғи Сино»-и Бозор Собир аз ҷумлаи беҳтарин намунаҳои шеъри миллӣ ва фалсафии адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад. Дар он масъалаҳои муҳимми таърих, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, мақоми илму маърифат ва сарнавишти миллат бо маҳорати баланди ҳунарӣ инъикос ёфтаанд. Шоир симои Абуалӣ ибни Синоро ҳамчун рамзи хирад, фарҳанг, дониш ва бақои миллат тасвир намуда, ғояи асосиро баён менамояд: бақо ва пешрафти миллат на дар неруи шамшер, балки дар қудрати дониш, маърифат ва фарҳанг аст. Аз ин ҷиҳат, «Теғи Сино» на танҳо як шеъри ватандӯстона, балки асари амиқи фалсафӣ, фарҳангӣ ва миллӣ мебошад, ки аҳаммияти ғоявии худро то имрӯз нигоҳ доштааст.   ХУЛОСА Тавре мушоҳида мешавад, ҳам дар сиёсати давлатӣ ва ҳам дар адабиёти муосири тоҷик симои Абуалӣ ибни Сино ҳамчун омили муҳими муттаҳидсозандаи шуури миллӣ ва василаи пайванди таърихии гузашта бо имрӯз зуҳур менамояд. Агар давлат тавассути ташаббусҳои фарҳангӣ ва илмӣ ба гиромидошти номи ин мутафаккири бузург ва истифодаи мероси гаронбаҳои ӯ дар рушди ҷомеа мусоидат намояд, адибон ва шоирон бо неруи сухани бадеӣ арзишҳои таҷассумёфтаро дар симои ӯ ба шуури ҷамъиятӣ ворид сохта, дар ташаккули эҳсоси ифтихори миллӣ ва худогоҳии таърихӣ саҳми муассир мегузоранд. Намунаи равшану олии чунин сиёсати фарҳангиву илмӣ таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб мебошад, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, ҳамчун иқдоми муҳим дар роҳи арҷгузорӣ ба мероси илмии ин нобиғаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Дар натиҷа, шахсияти Ибни Сино ба яке аз муҳимтарин рамзҳои ҳувияти миллӣ, худшиносии фарҳангӣ ва муаррифи тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ табдил меёбад.   Мероси илмӣ ва фарҳангии Абуалӣ ибни Сино имрӯз низ аҳаммияти бузурги миллӣ ва ҷаҳонӣ дошта, дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ метавонад ҳамчун сарчашмаи муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ, рушди илму маърифат, тарбияи наслҳои донишманд ва муаррифии саҳми тоҷикон дар тамаддуни башарӣ хидмат намояд. Аз ин рӯ, омӯзиш, таҳқиқ, таблиғ ва шинохту маърифати ҳамаҷонибаи осори ин донишманди бузург бояд аз вазифаҳои муҳимми муҳаққиқон, омӯзгорон ва муассисаҳои илмӣ ба ҳисоб равад. Дар ин самт сиёсати илмӣ ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳқиқи амиқи мероси Ибни Сино ва муаррифии он дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.   Ҳамзамон, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб имконоти нави илмӣ ва касбиро барои муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаи тиб фароҳам месозад. Аз ин рӯ, олимон ва пажуҳишгарони соҳа вазифадоранд аз ин имконот самаранок истифода намуда, ҷиҳати анҷоми таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, ҷалби муҳаққиқони варзидаи ҷаҳон ва таҳкими ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вориси мероси илмӣ ва тамаддунии Абуалӣ ибни Сино саҳми арзанда гузоранд. Маҳз тавассути чунин фаъолияти созанда метавон мероси ин нобиғаи башариро ба манфиати рушди илми муосир ва пешрафти ҷомеа истифода намуд ва номи Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ кард.   Адабиёт 1. Қаноат, Муъмин. Гавҳораи Сино // Ахтарони адаб. – Душанбе: Адиб, 2020. – С. 59-99. 2. Раҳмон, Эмомалӣ. Мутфаккири абадзинда // Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе: ЭР-граф. – 434 с. 3. Саидзода, Ҷамолиддин. Бозор Собир – шоири танҳои миллат. – Душанбе: Адиб, 2024. – 382 с. – С. 96 4. Собир, Бозор. Теғи Сино // Бо чамидан, бо чашидан. – Душанбе: Адиб, 1987. – С. 116-117. 5. Шералӣ, Лоиқ. Араб гӯянд Синоро гурӯҳе… // Ахтарони адаб. – Душанбе: Адиб, 2020. – С. 341-341.   Ноилшоҳ Нурализода номзади илмҳои филологӣ

    16

    05.06.2026