23.07.2026
23 июли соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар биоинформатика, физика ва модели иқлим» баргузор гардид.
Дар кори конференсия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, роҳбарони сохторҳои дахлдори вазорат, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, сипас вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро заминаи мусоид барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор арзёбӣ намуда, қабули қатъномаи махсусро оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нави рушди иқтисодиву иҷтимоии Осиёи Марказӣ пешниҳод карда буданд.
Дар натиҷаи ин ташаббуси байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо иттифоқи оро қабул намуд. Қабули қатъномаи мазкур нишонаи эътирофи ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ва мавқеи фаъоли кишвар дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии рушди рақамӣ ва истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад.
Зикр шуд, ки татбиқи ҳадафҳои қатъномаи мазкур барои рушди инфрасохтори рақамӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос, васеъ намудани таҳқиқот дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои маориф, илм, иқтисод ва идоракунии давлатӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Дар идома сардори шуъбаи низоми ахбороти идоракунии маориф ва илм Н. Убайдуллозода дар мавзуи «Истифодаи зеҳни сунъӣ ва BIG DATA дар соҳаи маориф: масъалаҳои назариявӣ ва дурнамои татбиқ» маъруза пешниҳод намуд. Дар маъруза масъалаҳои назариявии истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ, имкониятҳои коркарди маълумоти бузург ва дурнамои татбиқи онҳо дар низоми маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сипас, Р. Назарзода, сардори идораи корҳои илмӣ-татбиқотӣ, номзади илмҳои педагогӣ ва дотсенти кафедраи барномасозӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ дар таълими фанҳои табиатшиносӣ: таҷрибаҳо ва тавсияҳои амалӣ барои омӯзгорон» маъруза кард.
Ҳамчунин, барномасози Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Авезов Абдулазиз портали озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат»-ро рӯнамоӣ намуд.
Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён доир ба имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ, BIG DATA ва технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои илму маориф, инчунин роҳҳои татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар амал мубодилаи афкор намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон