11.11.2024

 img

Имрӯз, 11-уми ноябри соли 2024 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ифтитоҳи номинатсияҳои эҷоди назм ва наср дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуд.

 

Вазири маориф ва илм ба иштирокчиёни озмун муваффақият таманно намуда, таъкид дошт, ки барои дар сатҳи хуб баргузор намудани озмун шароити мусоид муҳайё буда, иштирокчиёни озмун метавонанд, дар фазои осоиштаю шаффоф мувофиқи донишу маҳораташон сабқат намоянд.

  • ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ИФТИТОҲИ НОМИНАТСИЯҲОИ ЭҶОДИ НАЗМ ВА НАСР img
  • ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ИФТИТОҲИ НОМИНАТСИЯҲОИ ЭҶОДИ НАЗМ ВА НАСР img
  • ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ИФТИТОҲИ НОМИНАТСИЯҲОИ ЭҶОДИ НАЗМ ВА НАСР img
  • ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ИФТИТОҲИ НОМИНАТСИЯҲОИ ЭҶОДИ НАЗМ ВА НАСР img
  • ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ИФТИТОҲИ НОМИНАТСИЯҲОИ ЭҶОДИ НАЗМ ВА НАСР img
  • ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ИФТИТОҲИ НОМИНАТСИЯҲОИ ЭҶОДИ НАЗМ ВА НАСР img
  • ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ИФТИТОҲИ НОМИНАТСИЯҲОИ ЭҶОДИ НАЗМ ВА НАСР img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «АЛ-ХОРАЗМӢ» ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН Аз 1 то 7 июни соли 2026 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олимпиадаи 4-уми байналмилалии «Ал-Хоразмӣ» аз фанҳои математика ва информатика баргузор гардид, ки дар он наврасон аз 10 давлати ҷаҳон байни ҳам рақобати илмӣ намуданд.   Дар ин олимпиадаи бонуфуз Ҷумҳурии Тоҷикистонро 28 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар намояндагӣ намуда, бо нишон додани донишу маҳорати баланд сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.   Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон 1 медали тилло (ҷойи якум), 2 медали нуқра (ҷойи дуюм) ва 8 медали биринҷӣ (ҷойи сеюм) ба даст овард.

    33

    08.06.2026
  •  img
    МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.   Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, раиси комиссияи даври ноҳиявии озмун - Манижабону Аминзода, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Боронзода Давлатманд, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, масъулини соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия, ҳайати ҳакамон, омӯзгорон, ғолибони озмун ва волидайни онҳо иштирок намуданд.   Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» яке аз ташаббусҳои муҳим ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба рушди тафаккури илмӣ, густариши ҷаҳонбинии техникӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва дарёфту дастгирии истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд.   Қайд карда шуд, ки дар даври ноҳиявии озмун зиёда аз 530 нафар хонандагон, донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, аз рӯи ҳашт номинатсияи муқарраргардидаи низомномаи озмун донишу малака ва маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.   Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон ғолибони арзанда муайян гардида, барои иштирок дар даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.   Дар идомаи чорабинӣ ба ғолибон ва ҷоизадарон, инчунин омӯзгороне, ки шогирдонашон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, волидайни онҳо бо "Сипоснома"-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

    36

    06.06.2026
  •  img
    ДАР РОҲИ ПОСДОРИИ ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛАТ 6 июни соли 2026 ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихӣ ва мондагори фарзандони барӯманди миллат ба оромгоҳи Лучоб дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд.   Ҳайати устодон бо гузоштани гулчанбар ва адои эҳтиром ба оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад, аз корномаҳои пуршарафи онҳо дар роҳи ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуданд.   Зимни маросими арҷгузорӣ таъкид гардид, ки бо ибтикор ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муште аз хоки оромгоҳи ин шахсиятҳои барҷаста ба Ватан оварда шуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ аз хизматҳои таърихии онҳо дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.   Дар ҷараёни боздид иштирокчиён таъкид намуданд, ки гиромидошти хотираи шахсиятҳои фидокори миллат, посдории арзишҳои таърихӣ ва арҷгузорӣ ба саҳми онҳо дар рушди давлату миллат, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, болоравии эҳсоси ватандӯстӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба шумор меравад.   Ин иқдом бозгӯи пайванди устувори гузаштаву имрӯз ва нишонаи эҳтироми амиқ ба шахсиятҳое мебошад, ки бо ҷоннисорӣ ва садоқати худ дар бунёди пояҳои давлатдории тоҷикон нақши таърихӣ гузоштаанд.

    39

    06.06.2026