01.11.2025

 img

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Фирдавсӣ маросими оғози даври дуюми (ноҳиявӣ) олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони муасссисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.

 

Дар маросими ифтитоҳ муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Шукурзода Саодат, мудири маорифи ноҳия Раҷабзода Дилафрӯз, директори Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Султонзода Нигора ва директори Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и ноҳияи Фирдавсӣ Зайнудинов Шаҳбоз баргузор гардид.

 

Дар оғоз меҳмонон зикр намуданд, ки чорабинии мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардида, дар заминаи баргузории олимпиадаи мазкур дастаи олимпии ноҳия барои иштирок дар даврҳои минбаъдаи олимпиадаҳои фаннии дохил ва хориҷи кишвар омода ва сафарбар карда мешаванд.

 

Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи нахустини баргузории даври дуюми (ноҳиявӣ) олимпиадаҳои фаннӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз 44 муассисаи таълимӣ зиёда аз 1000 нафар хонанда ширкат варзида байни ҳам рақобати зеҳнӣ намуданд.

  • ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 1000 НАФАР ХОНАНДА ДАР БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДУЮМИ (НОҲИЯВӢ) ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ img
  • ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 1000 НАФАР ХОНАНДА ДАР БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДУЮМИ (НОҲИЯВӢ) ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ img
  • ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 1000 НАФАР ХОНАНДА ДАР БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДУЮМИ (НОҲИЯВӢ) ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР МАРКАЗИ ТАҲИЯ, НАШР ВА МУОМИЛОТИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ, ИЛМИЮ МЕТОДӢ 3-уми ноябри соли 2025 дар Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ бо иштироки директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Умед Ҳасанзода, чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия баргузор гардид.   Директори Марказ ҳозиринро самимона табрик намуда, иброз намуд, ки Конститутсияи кишвари мо аз рӯзи қабули худ то имрӯз ҳамчун такягоҳи устувори давлатдорӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳамбастагии миллӣ хизмат мекунад. Он нахустин санаде буд, ки озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ваҳдати миллат ва соҳибихтиёрии давлатро дар як чаҳорчӯба ба ҳам овард. Маҳз дар заминаи Конститутсия мо тавонистем таҷрибаи давлатдории миллиро таҳким бахшем, сатҳи маърифат ва худшиносии ҳуқуқии ҷомеаро боло барем ва роҳ ба сӯйи рушди устуворро боз кунем.   Сипас, кормандони Марказ бахшида ба ин ҷашни бошукӯҳ маъруза намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсия шодбош намуданд.   Дар фарҷом аз тарафи директори Марказ ба якчанд корманди Марказ "Сипоснома" тақдим гардид.   МАРКАЗИ ТАҲИЯ, НАШР ВА МУОМИЛОТИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ, ИЛМИЮ МЕТОДӢ

    4

    03.11.2025
  •  img
    «Омӯзгорон ояндаро месозанд» Имрӯз дар шаҳри Аддис-Абебаи Ҷумҳурии Демократии Федеративии Эфиопия, таҳти сарпарастии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Африқо (UNECA), конфронси байналмилалӣ оид ба мубодилаи донишҳо зери унвони «Омӯзгорон ояндаро месозанд» оғоз гардид.   Ҳадафи асосии ҳамоиш баррасии роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти норасоии омӯзгорони соҳибихтисос дар саросари ҷаҳон ва тақвияти иқтидори кадрӣ дар низомҳои миллии таълим мебошад.   Дар кори конфронс аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илм Маҷидзода Ҷамшед ва ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Мирзозода Наврӯз иштирок доранд.

    18

    03.11.2025
  •  img
    Сафари корӣ ба Давлати Қатар 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар карданд.   Сипас, аз Давлати Қатар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ба шаҳри Вашингтон сафар хоҳанд кард.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

    14

    03.11.2025