15.10.2025

 img

Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Конгресси якуми ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти фарогир бо иштироки вазирони маориф ва илми як қатор давлатҳо, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ баргузор гардид.

 

Имрӯз, 15 октябри соли 2025 қабл аз ифтитоҳи расмии кори конгресс таҳти унвони “Тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар таҳсилоти фарогир: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” мизи мудаввар баргузор гардид.

 

Зимни баргузории мизи мудаввар вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода вобаста ба таҷрибаи рушди таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани муҳити мусоид барои таҳсил ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон суханронӣ намуд.

 

Сипас, Конгресси якуми ҷаҳонӣ оид ба таҳсилоти фарогир кори худро расман оғоз намуда, дар қисмати пленарии он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

 

Вазири маориф ва илм дар суханронии худ қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими асоси ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм, бахусус дар самти таҳсилоти фарогир, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Гуфта шуд, ки имрӯз дар кишвари мо дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” ислоҳоте татбиқ мешавад, ки ҳадафи онҳо таъмини дастрасии бештари кӯдакон ба таҳсилот, аз ҷумла, кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус, мебошад. Ҳамзамон, дар доираи Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 тадбирҳои мушаххас барои густариши таҳсилоти фарогир, аз ҷумла, рушди инфрасохтор, навсозии барномаҳои таълимӣ, таҳияи китобҳои насли нав ва таҳкими нақши омӯзгорон, пешбинӣ шуда, давра ба давра амалӣ шуда истодаанд. Дар доираи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои амалии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо дар самти беҳтарсозии омодагии кӯдакон ба мактаб, навсозии барномаҳои томактабӣ бо дарназардошти ниёзҳои кӯдакони маъюб аз ақаллиятҳои миллӣ, таҷҳизонидани муассисаҳои томактабӣ, боло бурдани савияи тахассусии кормандони соҳа, ҷалби волидон ва ҷомеа идома дорад.

 

Вазири маориф ва илм дар идома иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи таҳия ва нашри китобҳо барои намояндагони ақаллиятҳои миллӣ мавқеи пешсафро соҳиб аст, ки ин нишондиҳандаи муҳимми пешрафт дар соҳаи таҳсилоти фарогир мебошад.

 

Дар фароварди суханронии худ вазир иброз намуд, ин ҳамоиши байналмилалӣ ба таҳкими муносибатҳои устувор дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм мусоидат намуда, бешак дӯстӣ ва эътимод байни кишварҳоро боз ҳам мустаҳкамтар месозад.

 

Дар идомаи чорабинӣ вазирони маорифи дигар давлатҳо, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои давлатӣ бо гузоришҳои худ баромад намуданд.

 

Дар анҷом иштирокчиён Декларатсияи Алмато оид ба таҳсилоти фарогирро муҳокима намуданд, ки ҳадафи он таҳкими ҳамкорӣ миёни кишварҳо барои фароҳам овардани таҳсилоти босифат ва баробар барои тамоми кӯдакон мебошад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР КОНГРЕССИ ЯКУМИ ҶАҲОНӢ ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР ШАҲРИ АЛМАТО img
  • ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР КОНГРЕССИ ЯКУМИ ҶАҲОНӢ ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР ШАҲРИ АЛМАТО img
  • ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР КОНГРЕССИ ЯКУМИ ҶАҲОНӢ ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР ШАҲРИ АЛМАТО img
  • ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР КОНГРЕССИ ЯКУМИ ҶАҲОНӢ ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР ШАҲРИ АЛМАТО img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВАЗЪИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2044 15 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи корӣ вобаста ба вазъи иҷрои бандҳои Нақшаи амали Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 баргузор гардид.   Дар ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.   Ҷаласа бо шунидани ҳисоботи А.Холиқзода, сардори шуъбаи сифати таҳсилот, оғоз ёфт. Дар ҳисобот оид ба ҷараёни татбиқи марҳилаи навбатии нақшаи амал, дастовардҳо, мушкилоти ҷойдошта ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда дар самти арзёбии сифати таҳсилот маълумот дода шуд.   Таъкид гардид, ки иҷрои самараноки нақшаи амал ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълим, таҳкими механизмҳои мониторинг ва арзёбии мунтазами натиҷаҳои таълимӣ мусоидат менамояд.   Муовини якуми вазири маориф ва илм зарурати таҳким бахшидани ҳамкорӣ миёни сохторҳои дахлдори вазоратро дар самти татбиқи саривақтии стратегия таъкид намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.   Дар интиҳои ҷаласа миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои мубрам оид ба амалисозии мақсадноки Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    20

    15.10.2025
  •  img
    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул шуд Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.   Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асим» оид ба барқарорсозӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати маъдантозакунии Адрасмон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.   Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Фаррух, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳамадулло, аъзоёни Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Мусоҷонзода Ҷамила ва Наҷмиддиниён Асадулло, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Бобоиён Мадина, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зиёӣ Баҳриддин ва узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Собирзода Ғафурҷон муаррифӣ намуданд.

    126

    15.10.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ 15 октябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Муовини вазири маориф ва илм дар оғози ҷаласа доир ба нақши муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар рушди шахсияти хонандагон, ташаккули малакаҳои ҳаётӣ, баланд бардоштани сатҳи эҷодкорӣ ва тарбияи зеҳнии насли наврас андеша ронда, зикр намуд, ки ин самт яке аз унсурҳои муҳимми низоми таҳсилоти умумӣ буда, барои фароҳам овардани имкониятҳои баробар дар рушди қобилиятҳои табиии кӯдакон ва ҷавонон нақши муассир дорад.   Дар ҷараёни ҷаласа директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Бохтар, Ҳисор ва ноҳияи Сино доир ба натиҷаи фаъолияти нуҳмоҳаи худ ҳисобот дода, дар бораи дастовардҳо, таҷрибаи корӣ ва мушкилоти мавҷуда маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба тақвияти пойгоҳи моддиву техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва ҷалби васеи хонандагон ба фаъолияти эҷодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Муовини вазир дар рафти муҳокима як қатор пешниҳодҳои муфид ва амалӣ барои рушди минбаъдаи таҳсилоти иловагӣ ироа намуда, таъкид дошт, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бояд дар асоси барномаҳои давлатӣ ва талаботи замони муосир роҳандозӣ гардида, натиҷаҳои мушаххаси таълимӣ ва тарбиявиро таъмин намоянд.   Дар анҷоми ҷаласа аз масъулин даъват гардид, ки камбудиву норасоиҳои зикршударо бартараф намоянд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    51

    15.10.2025