19.03.2025

 img

19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Кори иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати нави вакилони мардумӣ, ки рӯзи 2 марти соли равон интихоб шуданд, аз ҷониби вакили аз ҳама калонсол, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода кушода эълон гардид.

 

Дар оғози иҷлосия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Аз ҷониби вакилон регламент тасдиқ, тартиби баргузории иҷлосия ва инъикоси ҷараёни кори иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма муайян шуда, Комиссияи муваққатии баҳисобгuрии овозҳо оид ба интихоби роҳбарони сохторҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

 

Сипас, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овози ҳамаи вакилон вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 Идизода Файзалӣ интихоб карда шуд.

 

 Пас аз ин Котиботи иҷлосия, Муовини якум ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон тавассути воситаҳои овоздиҳии электронӣ интихоб карда шуданд.

 

Ба вазифаи Муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовинҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, рақами 13 Мавсума Муинӣ ва вакил аз ҳавзаи интихоботии № 41 -Хоруғ Гиёзода Азиз интихоб гардиданд.

 

Пас аз интихоби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, пеш аз ҳама вакилони нави парлумони кишварро бо интихоб шуданашон ба ин мақоми баланду пурмасъулият табрику таҳният гуфтанд.

 

Таъкид гардид, ки вакилон бояд тамоми кӯшишу талош ва донишу таҷрибаи худро ба он равона созанд, ки ба эътимоди мардуми кишвар сазовор бошанд.

 

Роҳбари давлат аз натиҷаҳои интихобот, ки рӯзи 2 марти соли ҷорӣ дар фазои озоду демократӣ ва шаффоф баргузор гардид, изҳори қаноат намуданд.

 

Аз вакилон талаб карда шуд, ки барои амалӣ кардани барномаи пешазинтихоботии худ саъю талош намоянд, зимни қабули қонунҳо ва ҳалли дигар масъалаҳо манфиати ҷомеа, давлат ва шаҳрвандонро меҳвари фаъолияти хеш қарор диҳанд, инчунин барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат содиқона кӯшиш намоянд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ба ҳайати нави парламент олимон, ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо, саноатчиён ва кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетикаву сохтмон ва намояндагони касбу корҳои дигар интихоб гардиданд, ки ҳар яки онҳо мутахассиси соҳибтаҷриба ва шахсиятҳои обрӯманду шинохтаи ҷомеа мебошанд.

 

Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ба ҳайати парламенти даъвати нав 18 нафар бонувон интихоб шуданд ва ин шумора аз вакилони даъвати гузашта 4 нафар зиёд буда, аз иштироки фаъоли онҳо дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ ва баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа дарак медиҳад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши қонунгузориро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар муҳим арзёбӣ намуда, талаб карданд, ки фаъолияти парламенти Тоҷикистон дар ин самт боз ҳам тақвият дода шавад.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки мақоми қонунгузор ҳамкориро бо мақомоти дахлдор, хусусан, бо субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ вусъат бахшад.

 

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияту афзалияти қабули барномаву стратегияҳо андешаронӣ намуда, зарур шумурданд, ки барои иҷрои босифату саривақтии Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 тамоми захираву имкониятҳо сафарбар карда шаванд.

 

Пешвои миллат ба вакилони Маҷлиси намояндагон дастур доданд, ки ба рақамикунонии фаъолияти худ ва гардиши электронии ҳуҷҷатҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. Зикр гардид, ки вакилони Маҷлиси намояндагон бояд ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо, аз ҷумла дар самти дастгирии соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби бештари сармоя, иқтисоди рақамӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба масъалаи механизми мукаммали иҷрои қонунҳо, аз ҷумла асосҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангии амалишавии онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

 

Аз ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба пешбурди масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, Сарвари давлат зарур донистанд, ки парламент дар ин самт саҳми босамари худро гузорад.

 

Густариши ҳамкории вакилони мардумӣ бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ - ҳокимияти иҷроия ва судӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин, интихобкунандагон амри муҳим дониста шуд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вакилон даъват намуданд, ки дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, корҳои хайру созанда пешсаф бошанд, аз худ фарҳанги баланди сиёсӣ нишон диҳанд, дар риояи қонун, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон намунаи ибрат ва бо ҳама гуна қонунвайронкунӣ, аз ҷумла коррупсия оштинопазир бошанд.

 

Зарурати иштироки фаъоли вакилон дар раванди омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии истиқлоли давлатӣ таъкид карда шуд.

 

Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз намуданд, ки вакилон вазифаи дар Конститутсия ва қонунҳо муайяншудаи худро бо ҳисси баланди ватандорӣ ва дарки масъулият ба хотири пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистон, рушди устувору босуръати иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи баланд ва босамар амалӣ мекунанд.

  • Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум img
  • Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум img
  • Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи “Дӯстии абадӣ” 8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Қирғизистон бо номи “Дӯстии абадӣ” баргузор гардид.   Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров иштирок намуданд.   Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.   Консерти ҷаззоби “Дӯстии абадӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.   https://president.tj/event/news/51785

    33

    09.07.2025
  •  img
    Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон 8 июл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.   Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.   Ҳамчунин, баҳри пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр аз ҷониби ҷавонон ва аҳли ҳунар як барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ таҳия ва пешкаш карда шуд.   Зимни суҳбати кӯтоҳи дар толори фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат доир ба барномаи сафари давлатии Садир Жапаров ба Тоҷикистон табодули назар намуда, аз ҷумла изҳори бовар намуданд, ки он дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя саҳифаҳои нав боз мекунад.   Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз 8 то 9 июл дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ дар назар аст.

    55

    08.07.2025
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ВОХУРӢ БО МАСЪУЛИНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ Санаи 7 июли соли ҷорӣ дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе якҷо бо роҳбарияти муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва томактабии ҳудуди ноҳия (новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ) вохӯрӣ доир гардид.   Сараввал, раиси ноҳияи Фирдавсӣ муҳтарам Сафарзода Д. Ғ. оид ба муваффақияту мушкилоти соҳа андешаҳои худро баён намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои қатъӣ доданд.   Сипас, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муҳтарам Исмоилзода Б. М. доир ба дурнамо ва тарзу усулҳои муосири таълим, ислоҳи мушкилоти соҳа ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти таълимии муассисаҳои ҳарду зина ибрози андеша намуда, аз масулин даъват ба амал оварданд, ки дар пешбурди фаъолияти пурмаҳсул масъулият ва ҷиддияти худро дучанд намуда, рушди муназзами соҳаро таъмин намоянд.   Дар охир, муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одилзода Д. Р. ба сухан баромада, ҳамаи он дастуру супоришҳои вобаста ба соҳаи маорифи шаҳр додаи Раиси шаҳри Душанберо ба самъи ҳозирин расониданд. Бо овардани иқтибосот аз гуфтори наҷиби Пешвои муаззами миллат мавсуф зикр намуданд, ки ягона роҳи расидан ба ҳадафҳои олиамон, ин рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар равандҳои пуртаззоди ҷории замон роҳи санҷида ва бовариноки ҳимояи манфиатҳои миллиамон ин устувории низоми маорифи мамлакат мебошад. Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода, дар охир иброз доштанд, ки аҳли маорифчиёни ноҳия гуфтаҳои болозикрро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри ислоҳи мушкилоти ҷойдошта, ҳамаҷониба камари ҳиммат мебанданд.

    52

    07.07.2025