20.05.2026

 img

Аз 17 то 20 майи соли 2026 дар шаҳри Лондон Форуми ҷаҳонии маориф – 2026 (Education World Forum - 2026) баргузор гардид, ки бузургтарин ҳамоиши байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва рушди малакаҳои касбӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

 

Форуми имсола таҳти унвони «Таълим барои ояндаи муштарак: сулҳ, сайёра, ҳадаф ва роҳҳо» баргузор шуда, намояндагони даҳҳо кишвари ҷаҳон, вазирони маориф, роҳбарони сохторҳои байналмилалӣ, коршиносон ва шарикони стратегии соҳаи маорифро гирди ҳам овард.

 

Дар кори форум ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода иштирок намуд.

 

Дар доираи форум масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз ҷумла, таҳкими сулҳ ва ҳамбастагии иҷтимоӣ тавассути маориф, таъсири тағйирёбии иқлим, рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин мутобиқсозии низоми таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Иштирокчиёни форум таъкид намуданд, ки дар шароити афзоиши буҳронҳои ҷаҳонӣ ва тағйироти босуръати технологӣ, маориф бояд ҳамчун воситаи асосии рушди устувор, навоварӣ ва ташаккули ҷомеаи одилона хизмат намояд.

 

Барномаи форум аз ҷаласаҳои пленарӣ, муҳокимаҳои соҳавӣ, семинарҳо ва мулоқотҳои дуҷониба иборат буда, барои мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам овард.

 

Дар ҳошияи форум муовини якуми вазири маориф ва илм як қатор мулоқотҳои судмандро бо намояндагони ташкилотҳо ва муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ анҷом дод.

 

Аз ҷумла, мулоқот бо намояндагони Шурои бритониёвӣ (British Council) баргузор гардида, зимни он масъалаҳои рушди омӯзиши забони англисӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳсилоти фарогир, рақамикунонии соҳаи маориф ва густариши мубодилаи академӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо омодагии худро барои ба сатҳи нави стратегӣ баровардани ҳамкориҳо иброз намуданд.

 

Ҳамчунин, мулоқот бо намояндагони Созмони байналмилалии донишгоҳҳои Британияи Кабир (Universities UK International) доир гардида, масъалаҳои байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, таъсиси низоми дудиплома, мубодилаи донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин рушди таҳқиқоти муштараки илмӣ баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, энергетика, иқтисоди сабз ва илмҳои дақиқ зоҳир гардид.

 

Дар доираи сафари корӣ инчунин мулоқот бо намояндагони Донишгоҳи Сити Сент Ҷорҷс, Лондон (City St George’s, University of London) баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ, молия, бонкдорӣ, менеҷмент, идоракунии давлатӣ ва инноватсияро муҳокима намуданд.

 

Масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ ҳамчунин дар мулоқот бо намояндагони Донишгоҳи Гринвич (University of Greenwich) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика, экология, тағйирёбии иқлим, рушди устувор, кишоварзии муосир ва технологияҳои сабз таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

 

Ҳамзамон, мулоқот бо намояндагони ширкати Эфекта (EFEKTA EDUCATION LTD) баргузор гардида, масъалаҳои татбиқи платформаҳои муосири омӯзиши забони англисӣ, рушди малакаҳои омӯзгорон ва ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ба низоми таҳсилот муҳокима шуданд. Қайд гардид, ки ҳамкорӣ бо ширкат метавонад барои баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ ва мутобиқсозии таҳсилот ба стандартҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

 

Дар идомаи барномаи форум мулоқот бо намояндагони Донишгоҳи Вестминстер (University of Westminster) баргузор шуда, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои рӯзноманигорӣ, технологияҳои рақамӣ, соҳибкорӣ, менеҷмент ва таҳқиқоти илмиро баррасӣ намуданд.

 

Дар ҷараёни форум мулоқот бо намояндагони Системаи донишгоҳҳои ҷаҳонӣ (Global Universities System) низ баргузор гардид. Ҷонибҳо ба масъалаҳои рушди шабакаҳои байналмилалии академӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва рушди таҳсилоти фаромиллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

 

Дар ҳамаи мулоқотҳо муовини якуми вазир таъкид намуд, ки Тоҷикистон имрӯз ба рушди таҳсилоти муосир, байналмилаликунонии донишгоҳҳо, рақамикунонии соҳаи маориф, рушди илм ва технология ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир аҳамияти афзалиятнок медиҳад.

 

Қайд гардид, ки густариши ҳамкориҳо бо ташкилотҳо ва донишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди сармояи инсонӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва мутобиқсозии низоми таҳсилоти кишвар ба талаботи ҷаҳони муосир заминаи мусоид фароҳам оварад.

 

Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷаҳонии маориф ҳамасола бо иштироки намояндагони маорифи кишварҳои ҷаҳон баргузор гардида, яке аз муҳимтарин платформаҳои байналмилалӣ дар самти сиёсати маориф, рушди малакаҳои асри XXI ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

  • ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ҶАҲОНИИ МАОРИФ – 2026 ВА ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ img
  • ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ҶАҲОНИИ МАОРИФ – 2026 ВА ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ img
  • ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ҶАҲОНИИ МАОРИФ – 2026 ВА ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ img
  • ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ ҶАҲОНИИ МАОРИФ – 2026 ВА ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРӢ БО НАШРИЁТИ ДОНИШГОҲИ КЕМБРИҶ ВА МАРКАЗИ АРЗЁБӢ Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии маориф (Education World Forum 2026), ки дар шаҳри Лондон баргузор гардида истодааст, мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода бо намояндагони бо намояндагони Нашриёти Донишгоҳи Кембриҷ ва Маркази арзёбӣ (Cambridge University Press & Assessment) доир гардид.   Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди омӯзиши забони англисӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии арзёбӣ дар муассисаҳои таълимии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самти таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, омодасозии омӯзгорон ва татбиқи усулҳои муосири баҳодиҳӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо иброз намуданд.   Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои ташаккули низоми таҳсилоти рақобатпазир, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагону донишҷӯён ва мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи ҷаҳони муосир заминаи мусоид фароҳам оварад.   Инчунин, ҷонибҳо аҳаммияти истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва арзёбии сатҳи донишро муҳим арзёбӣ намуда, изҳори умед карданд, ки ҳамкориҳои минбаъда ба рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшанд.

    37

    21.05.2026
  •  img
    АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ФАРЗАНДОНИ ФИДОИИ МИЛЛАТ 21 майи соли 2026 роҳбарият, ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо мақсади эҳтиром ва гиромидошти хизматҳои фарзандони содиқи миллат ба Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ҳозир шуданд.   Дар ҷараёни ин боздиди маънавӣ иштирокдорон аз оромгоҳҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин шахсияти маъруфи таъриху фарҳанги миллӣ Нисор Муҳаммад дидан намуда, ба рӯҳи поки онҳо арҷ ва гулчанбар гузошта, дуои хайр карданд.   Ин тадбири фарҳангиву тарбиявӣ дар руҳияи сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ватансозонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, барои таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърихи давлатдории тоҷикон аҳаммияти муҳим дорад.   Зикр шуд, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки ин фарзандони номдори миллат ба Тоҷикистон оварда шуда, номи онҳо ҳамчун муборизони роҳи истиқлол, озодӣ ва давлатдории миллӣ гиромӣ дошта мешавад.   Ҳамзамон, дар рафти маросим хотираи неки дигар намояндагони шинохтаи илму фарҳанг ва адабиёти тоҷик низ пос дошта шуд.

    24

    21.05.2026
  •  img
    ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2026» ДАР НОҲИЯИ ШУҒНОН Дар Муассисаи таҳсилоти томактабии «Пайравони Пешвои миллат»-и ноҳияи Шуғнон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон – 2026» ҷамъбаст гардид.   Дар озмуни мазкур 5 нафар довталаб аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа, Рӯшон ва Шуғнон иштирок намуда, маҳорати касбӣ, донишу малака ва таҷрибаи педагогии худро муаррифӣ карданд.   Пас аз ҷамъбасти натиҷаҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон ҷойи якум насиби намояндаи шаҳри Хоруғ гардида, ҷойи дуюмро намояндаи ноҳияи Шуғнон ва ҷойи сеюмро намояндаи ноҳияи Рӯшон соҳиб шуданд.   Таъкид гардид, ки ғолиби ҷойи якум ҳуқуқи иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон – 2026»-ро ба даст оварда, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар сатҳи ҷумҳурӣ намояндагӣ менамояд.   Ҳайати ҳакамон ба сатҳи омодагӣ, тарзи баргузории машғулиятҳо, истифодаи усулҳои муосири таълиму тарбия ва маҳорати касбии иштирокчиён баҳои баланд доданд.   Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун Ифтихорномаи Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуданд.   Ҳамчунин, мудири муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даври вилоятии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон – 2026» бо Ифтихорномаи Раёсати маорифи ВМКБ сарфароз гардонида шуд.

    23

    21.05.2026