18.08.2026
Имрӯз, 18 августи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Дабири кулли Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромиллӣ ва Раиси Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ниси Бай, директори иҷроияи «ITEA Jobs» Чжан Чжи Ҳао ва муовини директори иҷроия Бенҷамин Леонг вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ вазири маориф ва илм меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки мулоқоти мазкур идомаи мантиқии муколамаи созандаи ҷонибҳо буда, барои гузариш ба марҳалаи нави ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.
Таъкид гардид, ки натиҷаҳои сафари намояндагони Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромиллӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 апрели соли 2026 ва мулоқотҳои баргузоршуда имкониятҳои воқеии роҳандозии ҳамкориҳои дарозмуддат, татбиқи барномаҳои муосири таълимӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро нишон доданд.
Дар идома ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориро дар самтҳои табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, таъсиси барномаҳо ва марказҳои муштараки таълимӣ, рушди таҳсилоти фаромиллӣ, татбиқи барномаҳои дудиплома, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат, такмили ихтисос, баргузории чорабиниҳои илмию таълимӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, вобаста ба ҷалби муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, татбиқи барномаҳои байналмилалии бурсиявӣ ва таъсиси озмоишгоҳҳои муосири таълимию инноватсионӣ дар самтҳои STEM, зеҳни сунъӣ, технологияҳои таълимӣ ва таҳсилоти касбӣ табодули афкор сурат гирифт.
Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, бо роҳнамоӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди сармояи инсонӣ, рақамикунонии раванди таълим, дастгирии илму инноватсия ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мегардад.
Зикр шуд, ки ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромиллӣ ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия метавонад барои ворид намудани таҷрибаи пешқадам, технологияҳои муосири таълим ва моделҳои самараноки омодасозии кадрҳо мусоидат намояд.
Дар доираи вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия ба имзо расонида шуд. Санади мазкур барои рушди ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорону мутахассисон, рушди малакаҳои касбӣ ва идоракунӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи ҳуқуқию ташкилӣ фароҳам меорад.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои таҳияи нақшаи муштараки чорабиниҳо бо муайян намудани самтҳои афзалиятнок, муҳлатҳои иҷро, масъулон ва натиҷаҳои интизоршаванда изҳор дошта, ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда, амалӣ ва натиҷамеҳвар дар соҳаи маориф ва илм изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон