26.11.2024

 img

26-уми ноябри соли ҷорӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазири маориф ва илм ва раиси вилояти Хатлон бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди истифода қарор дода шуд.

 

Тибқи лоиҳа бинои шуъбаи маориф аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

 

Корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2022 оғоз гардида, бино дар муҳлати муайяншуда бо тарҳи муосир ва риояи унсурҳои миллӣ сохта шудааст.

 

Шуъбаи маориф дорои утоқҳои корӣ, толор бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла, курсиҳои нав ҷиҳозонида шудааст. Минбаъд имкон аст, ки конфронсу мулоқот ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ин толор гузаронида шавад.

 

Атрофи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чароғон ва сабзу хуррам гардонида шуда, ба маркази ноҳия зебоии хос зам мекунад.

 

Бо бунёд ва мавриди истифода қарор додани бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои кормандону мутахассисони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд. Акнун, аҳли маорифи ин ноҳияи баландкӯҳ имкон доранд, ки фаъолиятро беҳтар ба роҳ монда, барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва таълиму тарбияи хонандагон саҳми муносиб гузоранд.

  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Таъиноти нави кадрӣ 1. Ғуломзода Зиёратшо – муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон 2. Иброҳимзода Илҳомуддин – муовини вазири маориф ва илм 3. Ёқубзода Сӯҳроб – муовини вазири нақлиёт 4. Яҳёзода Парвиз – муовини вазири энергетика ва захираҳои об 5. Давлатзода Азизуллоҳ – муовини сардори Хадамоти гумрук 6. Раҳмонзода Рамазон – директори Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 7. Золотухин Алексей – ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия 8. Фаррухҷони Саидҷафар – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб 9. Давлатзода Зафар – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон 10. Нуриддинзода Сайҷамолидин – директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон 11. Абдураҳмонзода Шовалӣ – муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 12. Хотамзода Каримхон – муовини раиси Раёсати КВД бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»

    44

    17.07.2026
  •  img
    ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ИДОМА ДОРАД Дар доираи омодагӣ ба соли нави таҳсили 2026-2027 дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ корҳои таъмиру навсозӣ бо маром идома доранд.   Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№5, 6, 7, 8, 9, 10, 75, 76, 77, 79, 114, 115, 130 ва 131-и ҷамоати деҳоти Чоргултеппа то имрӯз беш аз 70 фоизи корҳои таъмири дохилии биноҳо ба анҷом расонида шудааст. Ҳамзамон, корҳои таъмири берунии муассисаҳо ва ободонӣ ҳоло идома доранд.   Тибқи нақшаи тасдиқгардида, то 1 августи соли ҷорӣ ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бояд ба соли нави таҳсил пурра омода гардида, барои қабули хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.   Қобили зикр аст, ки омодасозии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ба ҳисоб рафта, барои таъмини муҳити муносиби таълим ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии соҳаи маориф мусоидат менамояд.

    46

    17.07.2026
  •  img
    ДАВРАИ СОЛИМГАРДОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ ВИЛОЯТИ СУҒД Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд давраи солимгардонии кӯдакон мутобиқ ба реҷаи тобистона ба таври муташаккилона идома дорад.   Дар доираи ин давра барои таҳкими саломатӣ ва ташкили истироҳати кӯдакон машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, оббозӣ дар ҳавзҳо, бозиҳои шавқовар, расмкашӣ, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар фаъолиятҳои инкишофдиҳанда баргузор мегарданд.   Ҳамзамон, ба таъмини муҳити бехатар, риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ ва ташкили ғизои босифат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, раванди давраи солимгардонӣ таҳти назорати доимии Раёсати маорифи вилояти Суғд қарор дорад.

    45

    17.07.2026