ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №41-И ШАҲРИ КӮЛОБ

26.11.2024

Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, вазири маориф ва илм ва раиси вилояти Хатлон дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41-ро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

 

Иттилоъ дода шуд, ки синфхонаҳои иловагӣ барои 96 ҷойи нишаст дар назди филиали Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 аз ҷониби падару модарон ба маблағи умумии 990 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, иншооти мазкур аз як ошёна иборат буда, дорои 4 синфхона мебошад.

 

Дар муассисаи мазкур барномаи “eDonish” ба намоиш гузошта шуда, дар бораи фаъолияти таҷрибавӣ маълумот доданд.

 

Бо ба истифода додани бинои иловагии муассисаи мазкур хонандагон бо шароити мусоиди таълимӣ фаро гирифта шуданд.

  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №41-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №41-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №41-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №41-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №41-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №41-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №41-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
  • ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №41-И ШАҲРИ КӮЛОБ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАВЛАТАЛӢ САИД: "СОЛИ 2025 ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ ЭЪЛОН КАРДА ШАВАД" 4 декабр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Ба ин маросими шукуҳманд тамоми ғолибони озмунҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷҷумҳуриявӣ, инчунин омӯзгорону волидони онҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанги вилоят даъват шуда буданд.   Нахуст, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз намоиши дастовардҳои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар густурда буданд, дидан намуд.   Қисмати тантанавии ҳамоиш бо сухани шодбошии раиси вилоят Давлаталӣ Саид ифтитоҳ ёфт. Бо арзи ифтихор қайд гардид, ки инак, 6 сол боз дар Тоҷикистони азизамон бо ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ҷараён доранд, ки инқилоби маънавиро дар соҳаи илму маърифат ва фарҳангу ҳунар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба миён овардааст.   Баргузории ин озмунҳои сатҳи баланд, ки ҷиҳати рушди маънавии ҷомеа, дарку фаҳмиши ҷавонону наврасон ва ривоҷи фарҳангу санъати асили тоҷик мусоидат менамояд, дар самти омода намудани кадрҳои соҳибтахассус дар соҳаи илму фарҳанг заминаҳои созгорро фароҳам месозанд.   - Боиси қаноатмандӣ аст, ки сатҳи баргузории даврҳои гуногуни озмун сол то сол беҳтар гардида, чеҳраҳои нави суханвару сухандон, донишманду соҳибзавқ дарёфт ва муаррифӣ мегарданд, - зикр намуд раиси вилоят. - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамасола ҷиҳати ҳавасмандгардонии ғолибони даврҳои вилоятии озмунҳои зикршуда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, соли равон барои дастгирӣ ва қадршиносии ғолибону устодони онҳо, дар маҷмуъ, 1 миллиону 572 ҳазору 875 сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбати соли гузашта 375 ҳазору 375 сомонӣ зиёд мебошад.   Таҷрибаи озмун нишон дод, ки он воқеан сабқате мебошад, ки барои таҳкими худшиносии миллӣ ва огоҳӣ пайдо кардан аз осори адибони классику муосири тоҷику форс миёни тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан, ҷавонон мусоидат мекунад.   Соли равон довталабони вилояти Хатлон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба дастовардҳои назаррас мушарраф шуда, 35 нафар (29%-и иштирокчиён) ғолибият ба даст овардаанд. Онҳо тавонистанд ба нишондоди баландтарин дар солҳои баргузории озмун ноил гардида, соҳиби 2 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм ва 19 ҷойи сеюм шаванд.   Дар сатҳи ниҳоии озмун вилояти Хатлон бо дастовардҳои намоён миёни дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мақоми дуюмро ишғол намуда, аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 9 нафар, Данғара 8, Восеъ 7, Бохтар 6, Норак, Ёвон, Вахш, Панҷ ва Фархор 1-нафарӣ ғолиби даври ҷумҳуриявӣ дониста шуданд.   - Бо гузашти шаш соли баргузории ин сабқати зеҳнӣ, мо тавонистем завқи китобхонии наврасонро тақвият бахшида, майлу рағбати онҳоро ба омӯхтани илм ва андӯхтани дониш зиёд намоем, ки дар ин кори пурмасъул саҳми омӯзгорон, падару модарон ва кӯшиши ҳамешагии худи довталабон хеле калон аст, - афзуд Давлаталӣ Саид.   Қайд гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” аз соли 2021 миёни шавқмандони фанҳои дақиқ эълон гардида, соли 2023 аз вилояти Хатлон 21 нафар ғолиб гардиданд, ки сол то сол зиёд шудани шумораи довталабон ва болоравии нишондодҳо ба назар мерасад.   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фарҳангу ҳунар тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, тавассути баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” наврасону ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд тарбия мешаванд, ки василаи муҳими муаррифии ҳунари асили тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар тӯли шаш соли баргузории даврҳои гуногуни озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо нафар дӯстдорони санъату ҳунар ба камол расида, ба саҳнаҳои калони ҳунарӣ роҳ ёфта истодаанд.   Соли равон теъдоди иштирокчиёни Озмун дар вилоят ба 1388 нафар расида, нишондодҳо низ аз 7 ҷойи ифтихорӣ дар соли 2019 ба 16 ҷой дар соли равон баробар гардид.   Рафти баргузории озмунҳо нишон дод, ки шавқу ҳаваси на фақат хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону кормандони фарҳангу санъат, балки намояндагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёну магистрҳо, омӯзгорон, шоирону нависандагон, кишоварзон, нафақагирон ва намояндагони касбу кори гуногун ба мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср афзун гаштааст. Ҳамзамон, ин озмунҳо дар муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути илму ҳунар василаи беҳтарин дониста мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёмҳояшон таъкид менамоянд: «Ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замон бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст».   Вобаста ба ин, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид пешниҳод намуд, ки бо мақсади тақвият додани сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон, дар вилояти Хатлон соли 2025 - Соли фарҳанги китобхонӣ эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкурро иштирокчиёни ҳамоиш гарм истиқбол ва ҷонибдорӣ намуданд.   Раиси вилоят барои таваҷҷуҳи минбаъда ба заҳмату талош ва ҳавасмандии тамоми иштирокчиёни озмун ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, тамоми иштирокчиёни даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро барои сазовор шуданашон ба ҷойҳои ифтихорӣ самимона табрику таҳният гуфт.   Ба ҳамаи ҷоизадорон аз номи раиси вилоят Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.   Дар идома барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ, ки асосан аз ҳунарнамоии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таркиб ёфта буд, манзури аҳли толор гардид.   РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"

    47

    04.12.2024
  •  img
    ҶАЛАСАИ ТАҲЛИЛӢ ВА ВАЗИФАГУЗОРӢ Дар толори маҷлисии раёсати маорифи вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур сардори раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода, муовини сардор, мудирони бахшу шуъбаҳои раёсат ва дигар кормандон иштирок доштанд.   Дар қисмати аввали ҷаласа вобаста ба иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон ҷиҳати омодагӣ барои қадрдонӣ шудани ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раванди баргузории озмуни вилоятии "Беҳтарин хонандаи китобҳои илмию бадеӣ байни кормандони соҳаи маориф", сатҳи омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таъминоти хонандагон бо китобҳои дарсӣ, ҳолати муассисаҳои нави таълимӣ, аттестатсияи омӯзгорон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлилу омӯзиш ва вазифагузорӣ қарор дода шуданд.   Сипас, барои беҳтар намудани фаъолияти корӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва бартараф намудани камбудию норасоиҳо масъулин вазифадор карда шуданд.   Хадамоти матбуоти  Раёсати маорифи вилояти Хатлон

    41

    03.12.2024
  •  img
    ТАШАККУЛИ ОЯНДА БО ИННОВАТСИЯҲОИ РАҚАМӢ 3 декабри соли 2024, рӯзи дуюми семинар-машварати омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе бо барномаи пурмуҳтаво ва интерактивӣ идома ёфт. Иштирокчиён, ки намояндагони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор буданд, ба омӯзиши амиқи истифодаи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф (EMIS) ва таҷрибаи амалии ҷорӣ кардани он машғул шуданд.   Дар рӯзи дуюм, диққати асосӣ ба қисмати амалии семинар равона шуда, барои иштирокчиён семинарҳои амалӣ ва тренингҳо баргузор гардиданд. Дар рафти чорабинӣ, иштирокчиён бо вазифаҳои зерин шинос шуданд:   Эҷод ва идоракунии пойгоҳи иттилоотии мактабӣ: Ҳар як муассиса чӣ гуна метавонад маълумотро бо сифати баланд ворид ва назорат намояд.   Гузоришдиҳӣ ва таҳлил: Таълими таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ бо истифода аз имкониятҳои EMIS.   Муоширати муассир бо истифода аз платформа: Чӣ гуна муассисаҳо метавонанд бо ҳамдигар маълумот мубодила кунанд ва барои таҳлили муштараки масъалаҳои таълимӣ кор кунанд.   Барномаи рӯзи дуюм бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баррасии стратегияҳои минбаъдаи рақамикунонии маориф дар кишвар пурратар гардид. Намояндагони маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро дар самти татбиқи системаҳои иттилоотии маориф муаррифӣ намуда, муҳимияти мутобиқсозии ин технологияҳо ба шароити маҳаллиро таъкид карданд.   Қисмати амалии семинар:   Тренерҳо барои ҳар як гурӯҳи иштирокчиён вазифаҳои мушаххас пешниҳод карданд, ки дар онҳо иштирокчиён системаҳои тестиро идора намуда, маълумот ворид мекарданд ва хатоҳои маъмулро таҳлил менамуданд. Дар натиҷаи ин машқҳо, иштирокчиён дарк карданд, ки ҷорӣ намудани системаҳои рақамӣ чӣ гуна метавонад кори маъмуриро сабук намуда, дастрасӣ ба маълумоти дурустро таъмин намояд.   Натиҷаҳои семинар:   Дар поёни рӯзи дуюм, иштирокчиён дониши худро бо пешниҳоди нақшаҳои амалии ҷорӣ намудани системаи EMIS дар мактабҳои худ тақвият доданд. Баъзе аз иштирокчиён изҳори назар карданд, ки омӯзиш на танҳо барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти маъмурӣ, балки барои ташаккули низоми таълимии муосир замина мегузорад.   Чорабинии мазкур дар фазои ҳамкории созанда ва бо рӯҳияи таҳкими маорифи миллӣ ба поён расид.   Маркази Ҷумҳуриявии Технологияи Информатсионӣ

    41

    03.12.2024