10.10.2024

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи забондонии омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён, назорати давомот ва иштироки донишҷӯён ба дарс, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим дар дарсҳо, назорати қайди журналҳо ва дафтарҳои куратории гурӯҳҳои академӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва муқовимат бо коррупсия гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Ҳикматулло Саидзода аз Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, филиали МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Суғд ва Донишгоҳи кӯҳию металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дидан намуданд.
Зимни боздид сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм қайд кард, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи забономӯзӣ хеле зиёд буда, махсусан, донистани на кам аз ду забони хориҷӣ ҳатмӣ дониста мешавад.
Гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, устодону омӯзгорон ва донишҷуён дар доираи истифодаи воситаҳои муосири техникӣ зимни машғулият, риояи ҳатмии интизом дар муассисаҳои таълимӣ, сарулибоси тавсиявӣ, қайди мавзуи дарс ва иштироки донишҷӯён дар журнал, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва пешгири шомилшавии онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои мамнӯъ ва дафтарҳои куратории гурӯҳҳои академӣ суҳбат ороста, фаъолияти муассисаҳои мазкурро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд .
Гуфта шуд, ки вазифаи асосии муассисаҳои таҳсилоти олӣ омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошад. Зеро дар замони пешрафтаи илму техника танҳо мутахассисони бодонишу маҳорат ва донандаи забонҳои хориҷиву техникаи ҳозиразамон дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоии муосир мавқеи худро хоҳад ёфт.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигар
-
53
08.05.2025 -
165
08.05.2025 -
66
08.05.2025